ХАБАРИ ДОҒ

Вопасин васиятномаи Фадеев

  • Чоршанбе, Янв 08 2020

Ин матлаб посух ба суоли муаллими собиқадор Амирулло Ҳасанов аз н.Ғончӣ аст, ки дар шумораи гузаштаи СССР мепурсид: “Иллати худкушии Фадеев дар чӣ буд?”

Александр Фадеев яке чеҳраҳои намоёни адабиёти Шӯравӣ ва "Гвардияи ҷавон"-аш солҳои тӯлонӣ китоби рӯимизии пионерони СССР буд.

Ӯ солҳо роҳбарии ИНТи СССРро ба ӯҳда дошт. Фадеев дар деҳаи Кимрии вил.Твер ба дунё омад. Падару модараш кормандони тиб буданд. Дар кӯдакӣ истеъдоди фавқулоддае дошта, дар 4-солагӣ аллакай грамматикаро аз худ карда, ба эҷоди қиссаҳои аҷибу афсонавӣ маҳорат дошт. Соли 1908 оилаи онҳо ба Южно-Уссурийск кӯчид. Наврасию ҷавонияш дар Шарқи Дур гузашт. Баъди хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи тиҷоратии Владивосток мехонд, аммо ин ҳангом ба ҳаракати инқилобӣ шомил шуд ва хонданро тарк кард. Чанде пас ба РКП(б) пайваста, яке аз фаъолони ҳизбӣ шуд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар дастаи хоси коммунистии партизанҳои сурхи Шарқи Дур ҷангида захмӣ ҳам шуд. Соли 1921 ба ҳайси вакили Съезди Х-и РКП(б) дар пахши шӯриши баҳрнавардони Кронштадт ширкат варзида, бори 2-ум захмӣ шуд. Баъди табобат аз артиш истеъфо дода, дар Маскав монд ва ба навиштан сар кард. Пас аз чопи босамари романи "Торумор" қарор дод, нависандаи касбӣ шавад. Баъди нашри романи "Охирин аз Удэге" адиби боистеъдодро Сталин писандида, раиси ИНТ СССР таъйин ва ба КМ ҳизби болшевикӣ аъзо карданд. Ӯ тӯли 2 даҳсола ба адабиёти шӯравӣ сарварӣ карда, "вазири нависандаҳо" лақаб дода буданд.

"Гвардияи ҷавон"
Феврали с.1943 дар ш.Краснодони вил.Донецк аскарони шӯравӣ аз дохили шахтаи ангиштбарории №5 чанд ҷасади ҷавонро берун оварданд. Онҳо ба гуфти шоҳидон аъзои ташкилоти пинҳонии "Гвардияи ҷавон" буда, аз дасти фашистон ба қатл расидаанд.

Баъди чанд моҳ аз вуқуи ин ҳодиса дар газетаи "Правда" мақолаи ӯ бо номи "Ҷовидонагӣ" нашр шуд, ки аз қаҳрамонии онҳо қисса мекард. Сталин баъди хондани мақола гуфт, ки дар бораи ин қаҳрамонӣ бояд китоб навишт. Фадеев ба кор сар кард. Шахсан ба Краснодон рафта бо шоҳидони воқеа суҳбат кард. Баъди чанде романи "Гвардияи ҷавон" чоп шуд, ки миёни хонандагон маҳбубияти хос дошт. Аммо зуд баъди нашри роман сардори МГБ В.Абакумов ба Сталин хабар дод, ки роман 1 сохтакорист ва воқеият надорад. Лек Сталин асари ӯро пазируфта танҳо гуфт, муаллиф нақши ҳизбро камранг нишон додааст ва супориш дод, ин камбудро бартараф кунад. Адиб ҳам нақши ҳизбро барҷаста карда, баъди чанде асари маъруфаш соҳиби ҷоизаи сталинӣ ва намунаи ватандӯстӣ дар СССР унвон шуд. Ҳатто дар хориҷа аҳамияти асари ӯ дар адабиёти шӯравӣ баҳои баланд гирифт. "Летр франсэз"-нашрияи фаронсавӣ навишта буд: "Агар бишавад таърихи 1 тамаддун ё бузургтарин лаҳзаҳои онро бо 1 асари адабӣ муаррифӣ кард, бешак, дар СССР ин асари адабии "Гвардияи ҷавон"-и Фадеев хоҳад буд...”.


Фадеев ва Хрушев
Лек баъди сари қудрат омадани Хрушев вазъи адиб тағйир кард. Хрушев медонист, ки Сталин бо ӯ муносибати хуб дошт ва дар Съезди таърихии ХХ фаъолияти "вазири нависандаҳо" зери танқиди сахт қарор гирифт. ГенСек ва ҳамфикронаш Фадеевро дар саркӯб ва зиндоникунии адибони шӯравӣ айбдор карданд. Дар Съезди ХХ ӯро аз вазифаи раиси ИНТ СССР гирифта, аз аъзогии КМ ҲКИШ хориҷ карданд. Дар баробари ин ӯ аз ҷониби ҳамкорон низ мавриди таҳқир қарор гирифт. Яке аз ҳамкоронаш дар бораи ӯ ба Комиссияи марказии ревизионии ҲКИШ номаи шикоятии бе имзо фиристод, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Кумитаи Марказӣ хирад ва покии ҳизби моро таҷассум мекунад. Халқ дар симои КМ доҳии дӯстдоштаи коллективиро мебинад ва омодааст аз қафои ин доҳӣ ба ҳар набарде ворид шавад. Ҳар аъзои КМ бояд ин боварӣ ва эҳтироми мардумро сазовор бошад, лек узви КМ Фадеев ин бовариро сазовор нест. Бадмастии ӯ ҳатто ба зарбулмасал табдил ёфтааст". Фадеевро муттаҳам мекарданд, ки гӯё шахсан адибонро ба НКВД мефурӯхт. Лек маълумоти бойгонии шӯравӣ ин иддаоро рад карда, номаву дархости зиёди ӯ ба Молотов, Ворошилов, Берия ва Генпрокуратураи СССР-Вышинский низ маҳфузанд. Дар онҳо Фадеев аз роҳбарияти Шӯравӣ тақозо мекард, ки ин ё он адибро авф кунанд, ё делои ӯро аз нав мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Барои мисол, вақте Зощенко аз ИНТ ихроҷ ва вазъи молияш бисёр бад шуд, Фадеев кӯшид маблағи калонеро аз захираҳои фонди ИНТ ба ӯ ҷудо кунад. Нақши ӯ дар қисмати нависандагони дигари шӯравӣ, мисли Пастернак, Забалотский, Лев Гумилев низ баръало дида мешавад. Онҳоро низ борҳо ҳифз карда буд. Бо ин ҳама, ба ҳайси раиси ИНТ маҷбур буд ба амри ҳизбӣ итоат кунад ва аз хати кашидаи Сталин берун наравад. Аз ин дугонагӣ руҳан азият мекашид. Ба нақли шоҳидон, ӯ гирифтор ба бехобӣ шуда, гоҳе ба рӯҳафтодагии сахт меафтид. Аз ин тӯҳматҳо хаста шуда, борҳо исрор мекард, ки Хрушев ба ҳузураш пазирад. Ахир, 11.05.1956, ҳамагӣ 3 рӯз пеш аз худкушӣ Фадеевро назди ГенСек даъват карданд. Хрушев инчунин чанд аъзои зиндамондаи ташкилоти "Гвардияи ҷавон"-ро низ даъват кард. Мегӯянд, Хрушев мехост нақши яке аз қаҳрамонони роман-Третякевичро мушаххас кунад. Адиб ин қаҳрамонро дар асар зери тахаллуси дигар ва ҳамчун хоин муаррифӣ кардааст. Третякевич бошад, пеш аз ҷанг бо писари Хрушев робитаи дӯстӣ дошт. Аммо ба шаҳодати яке аз иштирокчиёни ин дидор Валерия Борц, сӯҳбати ӯ бо Хрушев бе натиҷа анҷомид. Ҳини сӯҳбат адиб ба ғазаб омада, Хрушевро “тротскичии собиқ” номид. Аз сӯи дигар ӯ он шабу рӯз буҳрони сахти эҷодиро аз сар мегузаронд ва ҳеҷ наметавонист романи наваш "Металлургияи сиёҳ"-ро ба охир расонад. Газетаи "Правда" сабаби худкушии Фадеевро ҳолати мастӣ муаррифӣ намуд, лек ба шаҳодати таърихӣ, чанд моҳ пеш аз худкушӣ нӯшиданро комилан тарк карда, замони худкушӣ ҳушёр буд. Шоҳидони дигар мегӯянд, ӯ аз қабл тасмими худкушӣ дошта, тамоми ҷойҳои хотирмон ва дӯстони қадимиашро зиёрат ва бо онҳо видоъ намуд. Пеш аз худкушӣ васиятномае ба КМ ҲКИШ навишта, сабаби ин амалро шарҳ дод. Васиятномаи ӯро КГБ мусодира карда, танҳо с.1990 нусхаи он дар яке аз маҷаллаҳои шӯравӣ чоп шуд. Дар он аз ҷумла омада буд: "Адабиёт, ки самараи олии сохти нав аст, ҳоло аз ҷониби иддае навкиса дар таълимоти ленинӣ ҳақиру хору залил шудааст. Инҳо ҳатто аз Сталин ҳам бадтаранд. Ӯ лоақал дониш дошт, лек инҳо комилан ҷоҳиланд. Зиндагии ман ҳамчун нависанда комилан моҳияташро гум кард ва бо хурсандии том, баҳри раҳоӣ аз ин мавҷудияти манҳусона, ки болои ту разолат, дурӯғ ва туҳмат мисли об мерезад, ин дунёро падруд мегӯям. Охирин умедам ин буд, ки шояд тавонам инро ба одамоне, ки давлатро идора мекунанд, расонам, аммо тӯли 3 соли охир бо вуҷуди исрори ҳамешагиам маро ҳатто ба наздашон қабул намекунанд. Хоҳиш дорам маро назди модарам дафн кунед".

Зокирҷон Бобоев,
н.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter