ХАБАРИ ДОҒ


Афсари артиш
Аслан Алиевич Масхадов 26.01.1997 дуввумин президенти ҷумҳурии ҷудоиталаби Чечен интихоб шуд. Ӯ шояд яке аз нокомтарин президентҳои пасошӯравӣ буд ва бештари давраи президентиашро дар ҷанг гузаронд. Русҳо ҳеҷ гоҳ раҳбарии ӯро ба расмият нашинохтанд. Лек дар Чеченистон миёни дӯсту душман аз маҳбубияти хос бархурдор аст.

Масхадов 21.09.1951 дар вилояти Қароғандаи Қазоқистон, дар оилаи чеченҳои бадарғашуда ба дунё омад. Оилаи онҳо с.1957 ба Чеченистон бозгашта, дар деҳи Зебир-Юрт сокин шуд. Аслан с.1969 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи олии артилеристии ш.Тбилиси дохил шуда, с.1972 таҳсилро дар Омӯзишгоҳи олии артилеристии ба номи Калинини ш.Ленинград идома дод. Баъди хатм ӯро ба гурӯҳи Фанубии Артиши Шӯравӣ, ки дар Венгрия мустақар буд, фиристоданд.

То с.1986 дар Венгрия адои хизмат карда, сипас ӯро ба округи ҳарбии Наздибалтик ба ш.Вилнюс роҳӣ карданд. Ин ҷо Масхадов то рутбаи полковникӣ расид ва с.1990 сардори ситоди нерӯҳои мушакии гарнизони Вилнюс ва ноиби дивизияи 7 буд. Ӯ дар ҳаводиси январии с.1991 дар Вилнюс фаъолона ширкат варзид ва мегӯянд, дар тасарруфи ТВи Вилнюс ҳам ширкат дошт. Аммо баъди чанде миёни Масхадов ва Фролов-фармондеҳи нави дивизияи 7 муноқиша сар зад ва ӯ тирамоҳи с.1992 аз хизмати оянда дар Артиши Русия истеъфо дод. Ноябри с.1992 ба Чеченистон бозгашт ва ӯро дарҳол сардори мудофиаи граждании Ичкерия таъин карданд. Ӯ яке аз наздиктарин ҳаммаслакони Дудаев буд ва маҳз нерӯҳои таҳти фармони ӯ мухолифини Дудаевро тобистони с.1993 дар Урус-Мартан ва Гудермес шикаст доданд. Баъди шикасти мухолифин Дудаев ӯро сардори ситоди асосии нерӯҳои мусаллаҳи Ичкерия таъин кард. Аслан дар ҷанги аввали чечен бо русҳо фаъолона ширкат варзида аз худ истеъдоди баланди фармондеҳӣ нишон дод. Декабри с.1993 ӯ шахсан ба мудофиаи Қасри президентии Дудаев сарварӣ мекард ва русҳо танҳо баъди қариб 1 моҳи ҷанги шадид ва талафоти ҳангуфт тавонистанд Қасри Дудаевро бигиранд. Ин ҳангом ӯ аллакай ноиби аввали раиси Шӯрои давлатии мудофиаи Ичкерия ва шахси дуввум дар ҳукумати Чечен будӣ. Феврали с.1995 Дудаев ба Масхадов рутбаи генерали дивизионӣ дода, ӯ аввалин генерали Ичкерияи соҳибистиқлол шуд. Тобистони с.1995 ба ҳайси намояндаи Дудаев дар музокирот бо русҳо ширкат мекард ва с.1996 дар Назран маҳз ӯ ба Протоколи оташбас миёни ҷангиёни чечен ва нерӯҳои федеролии Русия имзо гузошт. Августи с.1996 ӯ нақшаи ишғоли Грознийро кашид ва ҷангиён дубора пойтахти Ичкерияро ба тасарруф дароварданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ бо русҳо октябри с.1996 сарвазири Ичкерия таъин шуд ва дар баробари ин вазифаҳои вазири мудофиа ва сардори ситоди асосии нерӯҳои мусаллаҳро низ ба дӯш дошт.

Пезидент
Масхадов 3.12.1996 номзадиашро барои президентшавӣ гузошт ва 26.01.1997 дар интихобот бо 59,1% овоз пирӯз шуд. Баъди президентӣ ӯ ба мушкилоти зиёде дар Чеченистон дучор шуд. Барои ҳалли мушкилот октябри с.1997 ба парлумони Ичкерия муроҷиат ва хоҳиш кард, барояш ба муддати 2 сол ваколатҳои махсус диҳанд, лек парлумон аз иқдоми ӯ ҷонибдорӣ накард ва дархосташро напазируфт. Дар ҷавоб ӯ феврали с.1999 парлумони Ичкерияро пароканда ва дар кишвар ҳукмронии шариатиро ҷорӣ кард. Ба ҷои парлумон Шӯрои давлатии Ичкерия таъсис дода шуд. Ӯ мухолифини асосии худ-Шомил Басаев, Руслан Гилаев, Хункарпошо Исрофилов ба Шӯро шомил кард, аммо онҳо аз ҳамкорӣ бо ӯ даст кашиданд. Тобистони с.1999 дастаҳои Басаеву Хаттаб ба Доғистон дарафтоданд. Аслан ин иқдоми онҳоро маҳкум кард, аммо ин кор натавонист пеши роҳи ҷанги навро гирад. Баъди оғози ҷанги 2-уми чечену рус ӯ боз ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии мудофиаи Ичкерия ба ҷанг сарварӣ карда, баъди ишғоли Грозний аз тарафи русҳо ба пинҳонкорӣ гузашт. Барои сари ӯ роҳбарияти Русия $10 млн. ҷоиза таъин кард ва билохира президенти 2-уми Ичкерия 8.03.2005 дар деҳаи Толстой-Юрт аз ҷониби нерӯҳои вежаи рус ба ҳалокат расид.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter