ХАБАРИ ДОҒ


Александри "Озодибахш"
15.03.1881 инқилобиёни террористи ташкилоти "Иродаи халқ" императори рус Александри II-ро ба қатл расониданд. Шикори тӯлонии ӯ аз ҷониби инқилобиёни рус ахир бобарор анҷомид. Ӯ дар силсилаи императорони руси хонадони Романовӣ нақши вежа дорад. Александрро "озодибахш" меноманд.Маҳз ӯ аввалин донаҳои озодихоҳӣ ва демократиро дар ҷомеаи русӣ кошт ва с.1861 ҳуқуқи крепостноиро дар Русия барҳам дод. Дар Русия асрҳои тӯлонӣ 1 иддаи ками ашрофзодагон авомро истисмор мекарданд ва деҳқонони рус дар ҳолати ғуломӣ қарор доштанд.

Лек бо дамидани боди озодихоҳӣ ва демократӣ тафаккури инқилобӣ низ вориди ҷомеаи русӣ шуда, аввалин ташкилоти инқилобии чапгаро дар Русия арзи вуҷуд карданд. Яке аз нахустин ташкилот "Замин ва озодӣ" (Земля и воля) буд. Аммо баъди барҳамхӯрии ҳуқуқи крепостноӣ деҳқонон соҳиби замин шуда, ҳеҷ намехостанд зидди ҳукумати Романовӣ бишӯранд. Он гоҳ инқилобиёни рус қарор доданд, подшоҳро кушта, дар кишвар табаддулоти давлатӣ барпо кунанд, лек баъди чанде ин ташкилот дар бӯҳрон афтида, ахир, с.1879 қисмате аз аъзо аз ташкилот берун омада, созмони нави худ-"Иродаи халқ" (Народная воля)-ро таъсис доданд. Инқилобиён ният доштанд ҳукуматро барои гузаронидани ислоҳоти демократӣ маҷбур кунанд ва роҳи асосии расидан ба ҳадафро мавриди террор қарор доданд.

Аз кулоҳдӯзи наҷотбахш то муаллим
Инқилобиёни рус дар маҷмӯъ 10 суиқасд ба ҷони Александри II карданд. Аввалин иқдом 4.04.1866 сар зад. Амалиётро инқилобии террорист Дмитрий Карзаков амалӣ кард. Ӯ чанде қабл ба пойтахт омада, дар яке аз меҳмонхонаҳо сокин шуд. 4 март Александр баъди гаштугузор бо ҷиянаш герцоги Лейхтенбергӣ мехост ба фойтунаш савор шавад. Дима аз масофаи кӯтоҳ ба император тир кушод. Ҷони ӯро кулоҳдӯз Осип Комиссаров наҷот дод. Осип ноогоҳона ба дасти Карзаков зарба зада тири инқилобӣ хато рафт. Димаро мардуми авом мехост тикка-тикка кунад, аммо пулис монеъ шуд. Аз ҳама аҷиб вақте мезаданд ӯ дод мегуфт: "Беақлҳо! Охир ман ин корро барои шумо мекунам". Баъди дастгирӣ Александр назди Дима омада сабаби амалро пурсид. Инқилобӣ ҷавоб дод: "Аълоҳазрат, шумо деҳқононро хафа кардед". Баъди ин, Димаро дар қалъаи Петропавловск зиндонӣ карда, 3.09.1866 ба дор кашиданд. 1 сол баъд, майи с.1867 Александр бо сафари расмӣ ба Фаронса омад. 6.06.1867 вақте император бо ҳамтои фаронсавиаш Наполеони III дар фойтуни кушода, ба қароргоҳаш бармегашт суиқасди 2-ум ба вуқуъ пайваст. Ин бор миллигарои поляк Антон Березовский шоҳро мавриди ҳамла қарор дод. Антон ба император аз таппонча 2 тир холӣ кард, лек яке аз афсарони муҳофизи Наполеон пешдастӣ карда, тирҳо ба аспҳо расиданд. Апрели с.1879 ба ҷони Александр суиқасди 3-ум роҳандозӣ шуд. Ин бор шоҳро муаллими одӣ ва аъзои ташкилоти "Замин ва озодӣ" Александр Соловёв мавриди ҳамла қарор дод. 2 апрел Александр дар наздикиҳои қаср қадам мезад, мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҷавоне бо суръат ҷонибаш меояд. Ҷавон наздик шуда, салом дод. Александр дар дасти ӯ таппончаро дид. Император бо суръат гурехт. Муаллим аз қафои ӯ 5 тир кушод. Хушбахтона ҳеҷ тир ба ҳадаф нарасид. Соловёвро қапида, баъди чанде ба қатл ҳукм карданд.

Ҷанги "Иродаи халқ" бо император
Баъди таъсиси "Иродаи халқ" аъзои он Андрей Желябов ва Софя Перовская ба роҳандозии амалиёти нав сар карданд. Инқилобиён барои такрор накардани хатоиҳои собиқ қарор доданд шоҳро бо усули нав террор кунанд. Ин бор мебоист қатораи шоҳро, ки ҳамроҳи аҳли оилааш аз Қрим бармегашт, метарконданд. Барои амалисозии нақша инқилобиён ба 3 гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи 1 бо сарварии Михаил Флоренко дар наздикиҳои Одесса амал мекард. Ӯ ба ҳайси посбони роҳи оҳан, дар 14-километрии шаҳр фаъолият дошт. Ба ӯ муяссар шуд бе мамониат маводи таркандаро дар роҳи оҳан гузорад, лек қатораи шоҳ якбора самти ҳаракаташро тағйир дода аз ш.Александровск гузашт. Инқилобиён ин гуна ранг гирифтани корро интизор набуданд ва гурӯҳи 2 бо сарварии Желябов дар Александровск мустақар шуда буд. Желябов ин ҷо худро соҳибкор Черемисов муаррифӣ карда, қитъаи заминро бо баҳони сохтмони корхонаи истеҳсоли пӯст, дар наздикии роҳи оҳан харид. Инқилобиён тавонистанд роҳи оҳанро дар ин самт низ минагузорӣ кунанд, лек вақти гузаштани қатора минаи гузоштаашон натаркид. Симҳои васлшуда аз кор баромада буданд. Акнун умеди инқилобиён ба гурӯҳи 3 буд, ки бо сарварии Софя Первоская мебоист дар наздикиҳои Маскав, дар дидбонгоҳи Рогожск-Симонов роҳи оҳанро минакорӣ мекард. Гузоштани мина ин ҷо бо сабаби наздикии дидбонгоҳ аз ҳама душвор буд, лек инқилобиён тавассути роҳи зеризаминӣ тавонистанд роҳи оҳанро минакорӣ кунанд. Инқилобиён медонистанд, ки қатораи шоҳ аз 2 қисмат иборат аст. Дар яке аз қисматҳо худи шоҳ бо ҳамроҳонаш ва дар қисмати 2 лавозимоту боғоҷи шоҳ ҳаракат мекарданд. Тибқи қоида қисмати боғоҷбар ҳамеша ним соат пештар аз қатораи шоҳ ҳаракат мекард. Лек дар ш.Харков яке аз локомотивҳои қатораи боғоҷбар аз кор баромада қатораи шоҳро аввалин шуда сар доданд. Инқилобиён инро намедонистанд ва қатораи аввалро натарконданд. Мина вақти гузаштани қатораи 2 ба кор даромада, онро пора-пора кард. Чун хабари суиқасдро ба император расонданд, ӯ хитоб кард: "Ин бадбахтон чӣ хусумате бо ман доранд? Чаро онҳо маро чун ҳайвони ваҳшӣ таъқиб мекунанд? Охир ҳамеша мекӯшидам ҳама кори аз дастам меомадаро ба нафъи халқ анҷом диҳам!” Суиқасди навбатӣ феврали с.1880 иттифоқ уфтод. Ин бор инқилобиён Қасри зимистонаро таркониданд. Софя хабар ёфт, ки дар таҳхонаи Қаср корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд, яке аз аъзои ташкилот, деҳқонбачча Степан Халтуринро ба ҳайси устои дуредгар он ҷо ба кор гузоштанд. Ӯ шабона маводи таркандаро ба таҳхонаи Қаср интиқол медод ва миёни масолеҳи сохтмони махфӣ мекард. Феврали с.1880 Софя дарак ёфт, ки 5 феврал дар Қаср нишасти ботантанае ба нақша гирифта шуда, шоҳ бо атрофиёнаш он ҷо ҳузур хоҳанд дошт. Нишаст мебоист соати 6 доир мешуд ва таркиш, расо соати 6:20 рух медод, лек ин бор шоҳро таъхири шоҳзода Гессен наҷот дод. Шоҳзода ним соат дер кард ва ҳини таркиш имератор дар беруни ҷои нишаст қарор дошт. Александр ва ҳамроҳонаш осеб надиданд, аммо дар натиҷаи таркиш 10 сарбози полки Финляндӣ маҷрӯҳ шуда, 80 каси дигар кушта шуданд.

Қатли Александр
Нобарории навбатӣ инқилобиёнро дилсард накард. Баъди чанде нақшаи амалиёти навро кашиданд. Он 15.03.1881 (1 март бо солшумории юлианӣ) ба вуқӯъ пайваст. Ба амалиёт боз ҳам Софя сарварӣ мекард. Инқилобиён дар оғоз мехостанд масири ҳаракати императорро минакорӣ кунанд, лек ба пулис муяссар шуд қароргоҳи онҳоро кашф карда, моҳи феврал яке аз роҳбарони асосиашон-Желябовро биқапанд. Ба даст афтодани ӯ нақшаҳои инқилобиёнро тағйир дод. Софя нақшаи навро тартиб дода, тибқи он 4 узви ташкилоти "Иродаи халқ", Гриневецкий, Рысаков, Емелянов ва Михайлов қад-қади канали Екатерини пойтахт мавқеъ гирифта, баъди ишораи Софя мебоист ба фойтуни шоҳ бомба мегузоштанд. Вақте фойтун ба кӯчаи Екатеринӣ баромад, Софя инқилобиёнро огоҳ кард ва аввалин шуда, Рысаков бомбаи худро ҷониби фойтун партофт. Таркиши сахт атрофро такон дод, аммо шоҳ боз ҳам осебе надид. Дар ҷои ҳодиса Александр пеши Рысакови дастгиршуда омад, то бо ӯ сӯҳбат кунад. Ин вақт инқилобии 2-ум Гриневецкий, ки аз зери назари муҳофизон канор монда буд, бомбаи худро таги пои Александр партофт. Императори маҷрӯҳро ба Қасри зимистона интиқол доданд ва баъди чанде он ҷо ҷон дод. Баъди қатли ӯ ба пулиси рус билохира муяссар шуд Софя ва ҳаммаслаконашонро биқапад ва 3.04.1881 инқилобиёни террористи "Иродаи халқ" дар пойтахт ба дор кашида шуданд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter