ХАБАРИ ДОҒ

Фарозу нишебҳои Наврӯз

  • Панҷшанбе, Март 29 2018



Аз Ҷамшед то Сосониён
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хос доранд, лек ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст.

Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистонӣ бедор шуда, мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бо шукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне аз номаш аён аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт, бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-и ин сулолаи афсонави Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор-«Авасто» аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мегардад, Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид.

Гурдофариди тоҷик
Лек Наврӯз, хосса, миёни мо-тоҷикон фарозу нишебҳои сангинеро ҳам пушти сар кард. Бо омадани ҳукумати Шӯроҳо қисмати ин ҷашни қадимӣ комилан ранги дигар гирифт. Болшевикон Наврӯзро оини исломӣ муаррифӣ карда, ҷашни он барои солҳои зиёд манъ шуд. Албатта мардуми оддии мо ҳамеша онро ҷашн мегирифт, аммо дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ҳукумати коммунистии Маскав манъ намуда буд. Ҳукумати вақт ин ҷашни қадимии мардумиро «боқимондаи гузаштаи феодалӣ» қаламдод мекард. Он замон дар байни роҳбарияти коммунистӣ ақидае роиҷ буд, ки Наврӯз иди диниву мазҳабист ва онро мусалмонон ҷашн мегиранд, на коммунистон. Бо вуҷуди ин зиёиёни миллат, мисли Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Холмурод Шарифов... борҳо ин масъаларо назди роҳбарияти онрӯза бардошта буданд, лек дар Душанбе касе ҷуръат намекард бе ризоияти Маскав қароре қабул кунад. Ин вазъ то с.1965 идома ёфт. Соли 1965 ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба зиёиён тағйир дода, иди навро бо номи «Иди меҳнат» роҳандозӣ намуд. Иди нав мебоист оғози кишту кори баҳориро ифтитоҳ мебахшид ва ҷойгузини Наврӯз мешуд. Роҳбари вақти РСС Тоҷикистон, котиби аввали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо зиёиён мегуфт, «Иди меҳнат» танҳо чизест, ки Ӯ метавонад иҷозат диҳад. Аммо бо шарофати нотарсӣ ва ғурури миллии 1 зани тоҷик Наврӯз дар кишвари мо чун иди расми дубора эҳё гашт. 21.03.1966 нашри махсуси рӯзномаи «Маориф ва маданият» бо сармуҳарририи Бӯринисо Бердиева рӯи чоп баромад, ки пурра ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд. Ин зани далер барҳақ Гурдофариди замон буд. Шоҳидон мегӯяд, вақте шумораро барои нашр омода мекарданд аз Кумитаи Марказӣ дастур доданд, то макети онро, ки ба «Иди меҳнат» бахшида шуда буд, барои азназаргузаронӣ ба наздашон оранд. Сардабир макетро бурд ва дар Кумита низ онро тасдиқ карданд. Аммо вақте макетро дубора ба редаксия оварданд Бердиева «Иди меҳнатро» ба Наврӯз иваз карда, ин ҷашни қадимаи мардуми ориёӣ дубора эҳё шуд. Баъди баромадани шумора кормандони Кумита ба кофтукови Бӯринисо афтоданд, аммо аз ҳеҷ ҷо наёфтанд. Ӯ ба кормандони рӯзнома гуфта буд: "Агар маро суроғ кунанд, гӯед, ки ба Кумитаи Марказӣ рафт". Ин шумораи наврӯзӣ дар матбуоти тоҷик саҳифаи дурахшоне буд ва баъди нашри он сардабир ба яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар табдил ёфт. Шоир Бозори Собир, ки он солҳо ҳамроҳи хонум дар «Маориф ва маданият» кор мекард, боре гуфта буд: "Дар гирди Ӯ ҳамфикрони зиёде ҷамъ шуда буданд, аммо танҳо мардонагии Бӯринисо буд, ки матолиб дар бобати Наврӯз чоп шуд. Маҳз Ӯ Наврӯзро дубора ба ҷашни расмии кишвар табдил дод". Мутаассифона, мегуфт шоир, имрӯз ин миллат қаҳрамонҳои Наврӯзи худро аз ёд бурд.

Суннати ҳасана
Аммо бо ин пасту баландиҳо Наврӯз ба поён нарасид. Он бори дигар аз ҷашни динӣ ба ҷашни маҷусӣ табдил ёфт. Хосса, дар ин шабу рӯз иддае дигар аз муқаддасмаобон мекӯшанд, ин иди қадимиро чун ҷашни маҷусӣ қаламдод кунанд ва мардумро аз ҷашни он мунҳариф гардонанд. Надонистани дин бузургтарин бало ба сари пайравони ҷоҳилаш метавонад биёрад. Ҳол он, ки дини ислом чун дини раҳмат барои оламиён, дар қатори аҳкоми шаръии худ чизи дигареро низ бо номи урф қабул дорад. Ислом урфи пайравони худро, ки дар он созандагию рушд ҳаст, инкор намекунад, балки мардумро ба пайравӣ аз он тарғиб намуда, онро суннати ҳасана медонад. Бешак, Наврӯз аз ҳар анъанаи миллӣ бештар ба ин рушду созандагӣ ҷавобгӯст, чун рабти зич бо табиат-муъҷизаи Худованд дорад. Ба ин хотир буд, ки баъди зуҳури ислом ва пазируфтани он аз тарафи мардуми эронӣ, Наврӯз натанҳо аҳамияти худро гум накард, балки ақвоми ғайриэронитабор низ ин ҷашни қадимии ориёиёнро чун иди миллии худ пазируфта, ҳамасола ҷашн мегиранд. Хушбахтона ҳеҷ истилое, ҳеҷ ҷаҳонбинию фарҳанги наве натавонист Наврӯзро аз тафаккури мардуми эронитабор берун кунад. Наврӯз барҳақ имрӯз ҷойгоҳи волои худро ёфт ва аз тарафи ҷомеъаи башари чун дастоварди қавми ориёӣ эътироф шуд. 30.09.2009 созмони ЮНЕСКО қадимтарин ҷашни миллии моро ба феҳрасти мероси фарҳангии инсоният шомил намуда, зери ин санад 24 кишвари дунё имзо гузоштанд. 19.02.2010 бошад дар 64-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ дар банди 49 рӯзномаи рӯз дар бораи «Маданияти дунё» бо аксарияти овозҳо қарори «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул карда шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: “Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад. Кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва тарвиҷи фарҳанги Наврӯз истиқбол мекунад”. Акнун дар таърихи ин ҷашни қадим саҳифаи нав навишта шуд. Қавми ориёӣ ҷашнеро ба башарият ҳадя кард, ки солҳои тӯлонӣ дар 17 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз дар кишварҳои аврупоӣ низ, монанди Албанияву Македония чун иди миллӣ истиқбол мешавад. 21 мартро ҳатто дар ИМА чун Рӯзи хоҷагии қишлоқ ҷашн мегиранд. Ва эътирофи Наврӯз аз тарафи СММ 1 аҷргузорист ба ин ҷашни фархундаву қадимии табори ориёӣ.
Пас Наврӯзатон муборак ҳамватанони гиромӣ.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter