ХАБАРИ ДОҒ


"Савганди ман"
Владимир Семёнович Висотский яке аз маъруфтарин чеҳраҳои собиқ СССР аст. Тибқи назарсанҷиҳои ахири Маркази умумируссиягии афкори умумӣ ӯ дар рӯихати "маъруфтарин чеҳраҳои қарни ХХ" баъди Ю.Гагарин дар зинаи 2-ум қарор гирифт.
Висотский с.1938 дар Маскав ба дунё омад. Падараш полковники Артиши Шӯравӣ ва модараш тарҷумони забони немисӣ буд. Ӯ дар оғози ҷанг ҳамроҳи модар Маскавро тарк карда, ба вил.Оренбург омад. Баъди чанде ба Маскав баргаштанд, лек с.1947 падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд ва ӯ ҳамроҳи падар монд. Падар дубора издивоҷ кард ва ӯро модарандараш Евгения Лихалатова, ки асолатан арманитабор буд, бузург кард. Владимир ба ин зани арманӣ меҳру муҳаббати зиёд дошт ва ӯро "мама Женя” мегуфт. Ӯ дар 9-солагӣ ҳамроҳи падар ба Олмон рафт ва 2 сол он ҷо зист. Зиндагӣ дар Олмон аз ҳаёти ҳамсолони ӯ дар Маскав куллан фарқ  дошт ва таъсири зиёде ба Владимири ҷавон гузошт.

Соли 1949 ҳамроҳи падару модарандараш ба Маскав боз гашт ва дар тангкӯчаи Болшой Каретний сокин шуд. Маҳз ин ҷо ӯ бо ҳамсолони москвагиаш ошно ва романи ӯ бо гитор оғоз шуд. Ибтидои солҳои 1950 гитор миёни ҷавонони пойтахти Шӯравӣ хеле маъруф буд ва дар ҳар кӯчаву пасткӯча бо гитор шеър мехонданд. Марти с.1953 ҳангоми таҳсил дар синфи 8 ӯ шеъри нахустини худро эҷод кард, ки "Савганди ман" ном дошту ба Иосиф Сталин бахшида шуда буд. Владимири ҷавон қатори ҳазорон шаҳрванди дигари Шӯравӣ аз марги доҳӣ андӯҳгин шуда буд ва ғамро бо шеър баён намуд.

Муҳандиси ноком
Ӯ с.1955 мактаби миёнаро хатм карда ба Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии ш.Маскав дохил шуд, лек баъди ним сол аз касби муҳандисӣ ноумед шуд ва таҳсилро раҳо кард. Мегӯянд, шаби соли нави 1956 бо яке аз дӯстони ҳамсабақаш нақшаҳои имтиҳониро омода мекарданд. 2 дӯст дар муддати 2 соат нақшаҳоро омода карданд, аммо баъди омодакунӣ ӯ бо сухани "муҳандисӣ касби ман нест" нақшаи худро пора-пора кард. Баъди ин ҳамроҳи дусти ҳамсабақаш ба Мактаб-студияи назди МХАТ (Театри академӣ-ҳунарии Маскав) шомил шуда, касби ҳунарманди театрро пешаи худ қарор дод. Соли 1959 аввалин нақши худро дар саҳнаи театр, дар спектакли "Ҷиноят ва муҷозот" бозид. Худи ҳамон сол ӯро дар ТВ низ намоиш доданд. Нақши хурдеро дар филми "Ҳамсолон" иҷро намуд. Баъди хатми МХАТ чанде дар театри ба номи Пушкини ш.Маскав кор кард, аммо боз аз он ҷо рафт. Ахир, с.1964 ҷои кори доимии худро дар Театри Таганка ёфт. Роҳбари театр Юрий Любимов нақл мекунад, ки Висотский наздаш омада пешниҳод кард, ки чанд шеърашро гӯш кунад. Юрий розӣ шуд, ки ҳамагӣ 5 дақиқа мешунавад, аммо ин гӯшкунӣ якуним соат тӯл кашид. Ӯ ба кор қабул карда шуд ва то охири умр дар Таганка кор кард.

Холкӯбӣ
Аввалин сурудҳояш дар аввали солҳои 1960 пайдо шуданд. Мегӯянд, якумин сурудаш "Холкӯбӣ" ном дошт ва шоири ҷавон онро с.1961 дар Ленинград эҷод кард. Аммо шуҳрати овозхонияш барои умум с.1965 бо суруди "Киштии зериобӣ" ҳувайдо шуд. Он ҳаводорони зиёде пайдо кард ва муаллифро маъруф гардонд. Тӯли фаъолияти эҷодӣ беш аз 22 шеър ва 600 суруд гуфта, ҳамчун овозхон дар СССР ва берун аз он тақрибан 1500 консерт доир намуд. Аммо солҳои тӯлонӣ ӯро ҳукумати расмии кишвар эътироф ва сурудҳояшро низ сабт намекард. Бо ин вуҷуд сурудҳояш ба сурати ғайрирасмӣ миёни мардум бо суръати кайҳонӣ паҳн шуда, хурду калон гӯш мекард. Соли 1967 ӯ бо шаҳрванди Фаронса Марина Владӣ (Марина Полякова) ошно шуд ва бо ҳам издивоҷ намуданд. То ин вақт ӯ 2 бор оиладор ва аз ҳар 2 занаш ҷудо шуда буд. Мария дар зиндагии ӯ таъсири вежа гузошт ва ба саҳнаи мусиқии Ғарб баровард. Висотский бо кӯмаки Мария чандин консерт дар Фаронса, Олмон ва ИМА доир намуда, он ҷо низ ҳаводорони зиёде ёфт. Дар ватан бошад истеъдоди сурудхонии ӯро танҳо с.1978 (2 сол пеш аз маргаш) эътироф намуданд. 13.02.1978 Вазорати фарҳанги СССР бо фармони №103 ба ӯ унвони хонандаи эстрадиро тақдим намуд. Бо вуҷуди ин ТВи марказии СССР замони зинда будан ягон консерту баромади ӯро нишон надод. Дар бораи Висотсикий танҳо ТВи маҳалии РСС Эстония июни с.1972 барномаи 56 дақиқаии "Ҷавон аз Таганка"-ро намоиш доду халос.

Жиглов
Театр ва кино ҳамеша дар зиндагии ӯ нақши калидӣ доштанд. Дар театр нақши маъруфтаринаш Гамлет аз рӯи асари Шекспири англисӣ буд. Бори охир 18.07.1980 (1 ҳафта пеш аз марг) дар Таганка ин нақшро иҷро кард. Қисмати дигари эҷодиёташро кино ташкил медод. Аввалин нақши маъруфаш дар кино с.1967 дар филми "Вертикал" офарида шуд. Ба тамомошобинон хосса сурудхонии ӯ дар филм писанд омада буд. Аммо аз ҳама нақши калидӣ, ки вайро миёни мардуми шӯравӣ чун ҳунарманди кино шиносонд, нақши капитан Жиглов дар филми "Ҷои вохӯриро намешавад тағйир дод" аст. Ин филм с.1979 ба навор гирифта шуд ва мегӯянд, ӯ дар оғоз аз офаридани нақши Жиглов даст кашида, мегуфт, ки маргаш наздик аст ва намехоҳад 1 соли дарозро ба Жиглов сарф кунад. Бо вуҷуди ин роли капитани милисаи шӯравӣ ба эътирофи худи Владимир аз дӯстдоштатарин нақшҳои офаридааш буд. Висотский 25.07.1980 дар синни 43 фавтид. Он шабу рӯз дар СССР бозиҳои тобистонаи олимпӣ мегузаштанд ва дар бораи марги шоир танҳо чанд хабари кӯтоҳ дар матбуоти шӯравӣ нашр шуду халос. Ӯро дар қабристони Ваганкови ш.Маскав дафн карданд. Бо вуҷуди ин мардуми зиёд барои видоъ бо ӯ ба қабристон омаданд. Баъди маргаш ҳукумати СССР низ расман истеъдоди ҳунармандии ӯро эътироф карда, с.1986 ба Висотский унвони Ҳунарманди шоистаи РСФСР дода шуд. Соли 1987 бошад барои офаридани нақши Жиглов бо Мукофоти давлатии СССР низ қадр карданд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter