Ин ривоят ҳатто дар яке аз шабакаҳои русӣ низ тавассути шахси номаълуме, ки худро "Луна" муаррифӣ кард, матраҳ гардида буд. Гӯё ӯ назди Заводи пахтатозакунии совхози ба номи Куйбишев (ҳоло ба номи Ф.Саидов)-и н.Кӯшониён (собиқ Бохтар) омада, ҳама тарафро аз назар гузаронда, болои дарахте назди ҳавлии Файзалӣ камин гирифт. Шабона вақте Сангак аз дарвозаи ҳавлии «писархондаш" ҳамроҳи Файзалӣ берун мебарояд, ӯро парронда бошад. Аз рӯи иқрори Лунев ин кушторро нируҳои вежаи Русия ташкил кардаанд, чунки ин ҳар 2 қумондон дигар рисолати худро иҷро карда буданд ва бояд аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ мешуданд. Аммо бархе ин назарияро аз беху бун беасос медонанд. Ба андешаи онҳо ӯ ин корро накардааст ва карда ҳам наметавонист. Мунаққидони назария чанд далелро бар ботил будани он матраҳ мекунанд. Аввал ин ки аз назди завод манзараи омаду рафт, лаҳзаи ҳаракат ба ҳавлии Файзалиро дидан имкон надошт. Дуввум, аз ҳар 2 тарафи роҳи автомобилгард сӯи маҳаллаи Файзалӣ постҳо гузошта шуда, дар дохили маҳалла ҳам ҷангиёнаш ҳамвора дар ҳаракат буданд ва каси бегонаю ношинос ҳаргиз наметавонист пинҳонӣ вориди мавзеъ гардад ва ба хонаи ӯ омадани Сангакро ҳам касе пешакӣ намедонист. Дигар ин, ки дар атрофи ҳавлии Файзалӣ аз тарафи кӯча, ҷӯйбор буд ва муҳофизон болои дарахтони беду тут, бому чердаки хонаҳо камин гирифта буданд ва омадану болои дарахте шинак гирифтани Луневро, ҳатто шабона ҳам мутаваҷҷеҳ мешуданд.
2.Дасти Ӯзбекистон
Ба андешаи бархеи дигар, созмондиҳандагони аслии қатли 2 қумандонро бояд дар Тошканд ҷуст. Инҳо бар ин назаранд, ки президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов мехост Шаҳритусу Турсунзодаро ба Ӯзбекистон ҳамроҳ кунад ва Сангак зидди ин амалкарди Каримов баромад. Бо куштани Сангак масъулини ҷанги доманадор садди чиниро аз сари роҳи ҳадафҳои пурғарази худ дур карданд. Тарафдорони ин назария чанд далелро барои ҳаққонияти худ матраҳ мекунанд. Мегӯянд, шаби ин ҳодиса ронандаи аслии Сангак бо исми Мурод бо ӯ набуд ва ӯро Саймуъмини ӯзбек ҷойгузин карда буд. Баъд аз вуқӯи ҳодиса бошад, ҷангиёни Файзалӣ ба шаҳр омада, Муродро аз хонааш гирифта мебаранд ва дар паҳлӯи Сангак мепарронанд, гӯё Мурод низ дар ин ҳодиса шарик буд, лек Саймуъмин, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт, соқу саломат ва дар «асорат»-и бачаҳои турктабори Файзалӣ боқӣ монд ва баъдтар ӯро озод карданд. Ба андешаи тарафдорони ин назария, агар дасти Ӯзбекистон дар ин кор дахил набуд, чаро ҷангиёни Файзалӣ, ки барои қумондони худ Сангакро куштанд ва Муродро аз хонааш гирифта бурда, куштанд, бо Саймуъмин коре накарданд? Ба гуфтаи онҳо тири нахустинро низ ба Сангак ҷангии ӯзбектабори дигар бо исми Азим-саруқ мезанад. Ба гуфтаи онҳо Азими ӯзбак он шабу рӯз аллакай, нақшаи фирор аз Тоҷикистонро кашида буд: Сароғоз зану кӯдакони худро гирифта, ба Ленинобод бурда, сипас онҳоро ба Ӯзбекистон гурезонида буд ва баъд аз қатли Сангак худ низ ба Ӯзбекистон гурехт. Лозим ба ёдоварист, ки дар оғози даргириҳо зану фарзандони Азим аз Қӯрғонтеппа фирор карда, дар Кӯлоб, дар ҳавлии Сангак пинҳон буданд. Азим бо Сангак аз наздик ошно буд ва ҳама асрорашро медонист. Азим дар гуфтугузорҳои Сангак бо ҷониби Ӯзбекистон низ бевосита саҳм дошт. Маҳз ӯ ба Сангак имкони сухангӯӣ надодаву тири аввалро мекушояд ва сипас чанд тири дигар ба бадани Сангак мезанад. Ба андешаи тарафдорони ин ривоят қатли Сангак нақшаи ниҳонӣ ҳам дошт: қотилони зархариди Тошканд мехостанд, мардуми Кӯлоб шӯридатар гарданд ва ҷанги навро дар Қӯрғонтеппа роҳандозӣ кунанд. Он гоҳ Қӯрғонтеппа моли ҳалоли Ӯзбекистон мешуд.
3.Гурезаҳо
Тибқи ин назария сабаби аслии қатли Сангаку Файзалӣ гурезаҳои мухолифин буданд. Ба андешаи тарафдорони ин назария, рӯзи маргаш Сангак дар Панҷи Поён ҳамроҳи Абдулмаҷид Достиев бо гурезаҳо мулоқот дошт. Онҳоро даъват кард, ки ба Ватан баргарданд. Шоҳидон қисса мекунанд, ки он рӯз Сангак аҳволи муҳоҷиринро дида мегирист; сари кӯдаконро сила ва хоҳиш мекард, ки баргарданд ва Ватанро обод кунанд, нагузоранд, ки дигар миллатҳо ба ҷоҳу макони онҳо соҳиб шаванд. Ахиран мардум ба ӯ бовар карда, ваъда доданд, ки бармегарданд. Тибқи ваъда баъди 3 рӯз дар он тарафи дарё мебоист ягон гуреза намемонд. Бо ҳамин, баҳманмоҳи с.1993 нахустин гурезаҳо-сокинони н.Панҷро Сангак ба Қӯрғонтеппа овард. Лек пас аз рафтани ӯ Файзалӣ назди гурезаҳо омада, ҳамаро қатор карда, 70 мардро аз саф бароварда, сари зону шинонда, бо дасти худ мепаронад ва аз ҷои ҳодиса меравад. Пас аз рафтани Файзалӣ Сангак бо ҷангиёнаш дубора пеши гурезаҳо баргашта, манзараи хунинро бо чашми сар мебинад. Сангак гурезаҳоро дилбардорӣ карда мегӯяд, ки “ман ин ҷиноятро бе ҷазо намемонам ва аз ин соат ба баъд касе ба шумо ситам нахоҳад кард” ва савори мошин шуда, ба ҷустуҷӯи Файзалӣ меравад. Мегӯянд, корвони мошинҳои ҷангиёни ӯ аз паси Файзалӣ расида, онҳоро манъ мекунанд. Файзалӣ ба ғазаби Сангак бо табассум мегӯяд: "Падарҷон (онҳо дасти падару писарӣ дода буданд!), инҳо ҳама вовчиканд. Бовар кун, ки то 1 вовчик зинда аст, Тоҷикистон тинҷ намешавад. Наход барои ҳамин 70 вовчик ману ту ҷангӣ шавем?". Сангак бо қаҳр гиребони Файзалиро гирифта, мегӯяд: "Ту, шакал! Медонӣ, ки ман кафили онҳо будам? Ба онҳо ваъда додам, ки касе кордорашон намешавад, вале ту онҳоро куштӣ! Ту обрӯи сухани ҷавонмардии Сангакро резондӣ”. Он ҷо силоҳбадастони 2 ҷониб ба миён даромада, ҳар 2-ро ором мекунанд. Шоҳидон мегӯянд, он ҷо Сангак Файзалиро мепарронд, вале муҳофизон аз ҳам ҷудояш карданд. Вале соатҳои тахминан 1-и шаб Сангак дубора ба хонаи Файзалӣ меояд ва ин бор мепаронад. Албатта ин назария ҳам мунаққидони худро дорад ва онҳо бар инанд, ки Файзалиро на Сангак, балки каси дигар паррондааст. Ҳамин тариқ, омилони аслии ин қатл то ҳол муайян нашудаанд ва шояд дар оянда боз авомили дигаре ошкор шаванд ва ба ин қатли пурсарусадо хотима гузоранд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР