Соли 1893 ба Санкт-Петербург омад ва ба ҳайси ёрдамчии ҳуқуқшинос ба фаъолияти меҳнатиаш оғоз намуд. Аммо масоили ҳуқуқӣ диққати ӯро чандон ҷалб намекард ва ба масъалаи тағйири асли давлатдории Руссия пардохт. Аллакай с.1894 ӯ ақидаи сиёсии худро ба тасвиб расонида, тибқи он пролетариати рус бояд кулли нерӯҳои демократиро сарварӣ карда, бо роҳи муборизаи ошкори сиёсӣ ҷомеаро ба инқилоби коммунистӣ бирасонад. Соли 1895 бо иштироки бевоситаи Ленин дар Петербург "Иттиҳоди мубориза барои озодии синфи коргар" созмон дода шуд, ки аввалин ташкилоти марксистӣ дар Руссия ба шумор мерафт. Барои ин кораш ӯро ба ҳабс гирифта, ба муҳлати 3 сол ба деҳаи Шушинскоеи Сибир бадарға карданд. Ӯ ин ҷо бо Надежда Крупская издивоҷ кард. Ахирӣ то охир ёвар ва ҳаммаслакаш буд.
Муҳоҷират
Соли 1900 Ленин Руссияро тарк карда, Аврупо рафт. Дар Олмон, Англия ва Шветсария зиндагӣ кард ва он ҷо бо Г.В.Плеханов ошно шуд. Плеханов ҳам яке аз шахсиятҳои инқилобии рус ба шумор рафта, нақши зиёде дар ҳаёти Ленин бозид. Маҳз бо кӯмаки Плеханов аввалин нашрияи умумируссиягии марксистӣ "Искра"-ро чоп кард. Соли 1903 дар Анҷумани II сотсиал-демократони рус Ҳизби сотсиалистон ба 2 шоха-меншевикон ва болшевикон тақсимбандӣ шуд ва Ленин роҳбарии болшевиконро ба ӯҳда гирифт. Ҳангоми инқилоби аввали рус дар с.1905 дар Шветсария қарор дошт ва ноябри ҳамон сол роҳбари болшевикон пинҳонӣ ба Руссия омада, то декабри с.1907 Кумитаи марказии болшевиконро дар Петербург роҳбарӣ кард. Соли 1907 ӯ дубора ба Аврупо рафт ва дар солҳои ҷанги ҷаҳонии 1 шиори шикасти ҳукумати Руссияро матраҳ кард. Тибқи шиор ҷанги империалистӣ бояд ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил дода, ба инқилоби ҷаҳонӣ мунҷар мешуд. Ҳини инқилоби февралӣ низ Ленин дар хориҷа қарор дошт. Баъди оғози инқилоб дубора азм кард, то ба Руссия боз гардад. Ахир, апрели с.1917 ин кор ба ӯ муяссар шуд. Баъди 1 рӯзи бозгашт ба инқилобиён лоиҳаи табдил додани инқилоби буржуазӣ-демократиро ба инқилоби сотсиалистӣ пешниҳод ва шиори "Ҳамаи ҳокимият ба Шӯроҳо"-ро эълон кард. Октябри с.1917 ба ӯ ва ёронаш муяссар шуд ҳокимиятро дар Петроград ба даст гиранд. Дастаҳои горди Сурхро ба Маскав интиқол дода, он ҷо ҳам ҳокимияти Шӯроҳоро барқарор кард. Инқилоби октябрии болшевикон ба ҷанги шаҳрвандӣ мунҷар шуд, ки бадбахтии зиёд ба мардуми Руссия овард. 30.08.1918 мухолифони сиёсии болшевикон ба ҷони Ленин суиқасд карда, сахт захмӣ шуд. Ӯ сиёсати коммунизми ҳарбӣ, баъдтар сиёсати нави иқтисоди (НЭП)-ро дар Руссия роҳандозӣ кард ва бо роҳбарияш болшевикон дар ҷанги шаҳрвандӣ пирӯз шуданд. Декабри с.1922 таҳти раёсати ӯ кишвари нав-Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) арзи вуҷуд кард, ки баъдан ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳон табдил ёфт. Лек худи доҳӣ аз захми бардоштааш январи с.1924 дар бустонсарои Горки фавтид. Бадани ӯ бошад ба хок супорида нашуд ва то ба имрӯз дар Мавзолеи Маскав қарор дорад.