ХАБАРИ ДОҒ

Инқилоб ба мо бисёр чӣ дод

  • Панҷшанбе, Май 03 2018

Посух ба Мирзоамин Аминов аз деҳаи Искандаркӯли н.Айнӣ, ки дар шумораи гузаштаи СССР мепурсид, “бурду бохти инқилоби Октябрии с.1917 ва ин, ки Инқилоб ба мо чӣ дод?” бинависем.

Ҳар инқилоб ҷанбаи манфиву мусбати худро дорад ва дар ин раванд инқилоби Октябрии с.1917 ҳам истисно нест. Аз сӯе ҳар инқилоб албатта сабабҳои воқеии худро дорад ва агар ин иллатҳо мавҷуд набошанд, инқилобе ҳам ба вуҷуд нахоҳад омад. Инқилоби Октябрии Руссия ҳам сабабҳои воқеии худро дошт, ки феврали с.1917 оғоз гардид ва Октябр идомаи инқилоби февралӣ буд. Болшевикон аз ҳама беҳтар тавонистанд шароити сиёсии онрӯзаро дарк кунанд ва билохира мардум аз онҳо ҷонибдорӣ кард.

Дар асли худ инқилоби Октябрӣ таҳаввулоти зиёде на фақат дар Руссия, балки дар кулли ҷаҳон эҷод кард. Инқилоб тарзи зиндагии мардумро ба куллӣ тағйир дод. Шиорҳои болшевикон низ, монанди Озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ он шабу рӯз дар дунё назир надоштанд. Маҳз бо ин шиорҳо ин ҳизби кӯчак қудратро дар бузургтарин кишвари дунё ба даст овард. Албатта шиорҳо на ҳама вақт дар амал татбиқ мешуданд. Барои мисол, “ҳамаи ҳокимият ба Шӯроҳо!” воқеан демократитарин шиор буд, аммо дар амал аллакай ноябри с.1917 Ленин қарореро қабул кард, ки тибқи он Шӯрои Комиссарони Халқӣ метавонистанд ҳар қонунро бе мувофиқа бо Шӯроҳо ба тасвиб расонанд. Аз ин даста мисолҳо зиёданд. Барои мо низ инқилоб ҷиҳати мусбӣ ва шояд ҷое ҷиҳати манфӣ ҳам дошт. Инқилоби Октябрӣ воқеан моро соҳиби кишвари ҷудогона ва муносибатҳои комилан навро дар ҷомеаи мо роҳандозӣ намуд. Илму маориф ва дастрасии бе пул ва ҳамагонӣ ба он, тиббу манзили бе пул, милликунонии замин ва дигар боигариҳои табиӣ, қавоъиди одилонаи иҷтимоӣ ва бисёр ҷанбаҳои дигар, воқеъан аз дастоварҳоеанд, ки бо сабаби ҳамин инқилоб мардуми мо ба онҳо даст ёфтанд. Ҷанбаи манфии ин инқилоб ҳам душмании бошевикон бо дину оини мардум буд. Натиҷаи ниҳоии инқилоби Октябр таъсиси кишвари наве ба номи СССР шуд, ки тӯли 70 сол яке аз абарқудратҳои дунё будӣ. Албатта ҷавоби ин савол таҳлили муфассале мехоҳад ва мо албатта сари фурсат ба ин мавзӯъ бармегардем.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter