Барои ин кор фюрери олмонӣ тамоми қувваи ҳарбии Олмонро дар муқобили Артиши Сурх қарор дода буд ва фронти ғарбии немисҳо қариб ҳимоя намешуд. 2 гурӯҳи артиши немисӣ-«Висла» зери фармондеҳии генерал полковник Хейнриц ва «Марказ» таҳти фармондеҳии генерал-фелдмаршал Шернер мебоист аз ҳуҷуми Артиши Сурх ба пойтахти Олмон ҷулӯгирӣ мекарданд. Шиори асосии немисҳо дар Берлин "Пирӯзӣ ё Сибир" буд. Тарафи олмонӣ барои мудофиаи шаҳр қариб 1 млн сарбозро сафарбар кард, ки онҳо дар 63 дивизия гирд омада буданд. Немисҳо инчунин 1500 тонк, 10400 тӯп ва 3300 тайёраи ҷангиро барои мудофиаи пойтахт ҷамъ оварданд. Ғайр аз ин немисҳо 60.000 (92 баталён) ҷангиёни ихтиёрӣ доштанд, ки октябри с.1944 бо фармони Гитлер аз ҳисоби ноболиғон ва мӯсафедон таъсис ёфта буданд. Онҳо, ки бо "фаустпатрон" (гранатомёти имрӯза) мусаллаҳ буданд, дар ҷанг дар майдони кушод арзиши чандоне надоштанд, лек дар шароити шаҳр метавонистанд барои тонкҳо хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Немисҳо бо тамоми қувва аз пойтахт дифоъ карданд. Хусусан, эсесчиён ва ноболиғони ихтиёрӣ муқовимати сахт нишон доданд. Аз 3 ду қисми нерӯҳои эсесро дар Берлин хориҷиён-нозиёни ифротӣ ташкил медоданд. Ҳатто охирин нафаре, ки бо мукофоти олии Рейх (Салиби ритсарӣ) мукофотонида шуд, шаҳрванди фаронсавӣ Эжен Вало буд.
Таслим
Ба Артиши Сурх дар ин амалиёт маршал Жуков фармондеҳӣ мекард. Ӯ барои ин амалиёт нерӯҳои 3 фронтро (дар ҷамъ 19 армия) истифода кард: Нерӯҳои фронтҳои 1-2-и Белорус ва фронти 1-и Украина. Ин нерӯҳо 16 апрел ба амалиёти худ оғоз карда, баъди ҷангҳои шадид 21 апрел дастаҳои Артиши Сурх ба қисмати шарқӣ ва ҷанубу шарқии Берлин зада даромаданд. Ҷанг дар дохили шаҳр оғоз шуд. Немисҳо Берлинро ба як қалъаи мустаҳкам табдил дода буданд ва барои ҳар истеҳкоми пойтахт девонавор ҷангида, асокири сурх бо ҷангҳои шадид ва талафоти калон пеш мерафтанд. 22 апрел дар қароргоҳи Гитлер нишасти фармондеҳони олмонӣ баргузор ва дар он қарор дода шуд, армияи 12-и генерал Венкро аз фронти ғарбӣ гирифта зидди нерӯҳои Артиши Сурх равона кунанд. Ин охирин кӯшиши фармондеҳии олмонӣ барои таъсир расондан ба натиҷаи амалиёти Берлин буд. Аммо ин кӯшиш низ бе натиҷа анҷомид. 25 апрел Берлин пурра муҳосира шуд. Баъди ҷангҳои шадид 28 апрел нерӯҳои Артиши Сурх ба наздикии Рейхстаг-маркази рейхи 3 наздик шуданд ва 30 апрел бинои Вазорати корҳои дохилии Олмонро ишғол карданд. Роҳ ба сӯи рейхстаг боз шуд. Худи он рӯз-30 апрел, соати 21:30 қисмҳои Артиши сурх қисмати асосии бинои Рейхстагро ишғол намуданд. Немисҳо муқовимати сахт нишон медоданд ва танҳо шаби 1 май гарнизони Рейхстаг пурра таслим шуд. 1 Май дар дасти немисҳо танҳо маҳалли Тиргартен боқӣ монда буд. Ин ҷо канселярияи императорӣ қарор дошт, ки дар ҳавлии он бункери Гитлер ҷой гирифта буд. Шаби 1 май ба штаби армияи 8-и генерал Чуйков сардори генштаби артиши пиёданизоми олмонӣ генерал Кребс ҳозир шуд ва ба ӯ хабар дод, ки Гитлер худкушӣ кард. Кребс инчунин пешниҳоди бастани сулҳи муваққатиро ба фармондеҳии шӯравӣ расонид. Жуков хабари худкушии Гитлерро ба Сталин гуфт ва пешниҳоди немисҳоро низ ёдовар шуд. Сталин ба сулҳи муваққатӣ розӣ нашуда, талаби таслими бечунучарои немисҳоро намуд. Ҳукумати нави олмонӣ талаби фармондеҳии шӯравиро дар мавриди таслими бечунучаро рад кард ва ҷанг аз нав идома ёфт. Аммо немисҳо дигар қудрати муқовимат бо Артиши Сурхро надоштанд ва 2 май тариқи родию ба ҷониби шӯравӣ муроҷиат карданд ва ба таслим розӣ шуданд. Шаби 8 ба 9 май байни сарфармондеҳи олии Олмон фелдмаршал Кейтел ва маршали шӯравӣ Жуков созишнома дар бораи таслими бечунучарои Олмон ба имзо расид. Дар рафти амалиёти Берлин Артиши сурх 70 дивизияи пиёда ва 23 дивизияи тонкии душманро торумор карда, 480.000 сарбози олмониро асир гирифт. Талафоти Артиши сурх низ дар ин амалиёт зиёд буд. Дар рафти амалиёт 78.291 ҷанговари шӯравӣ ҳалок, 274.184 каси дигар маҷрӯҳ ва беш аз 600 тан бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр гардиданд.
Иди Ғалаба ва Тоҷикон
9.05.1945, соати 2:10 дақиқаи шаб тариқи радио, барандаи маъруфи шӯравӣ Юрий Левитан "Акт дар бораи таслими бечунучарои Олмон ва қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар мавриди эълони 9 май чун Рӯзи Ғалаба"-ро қироат кард. Рӯзи ғалаба яке аз ҷашнҳои асосӣ дар собиқ СССР ба шумор мерафт. 26.04.1965 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар қаламрави кишвар 9 май рӯзи истирҳатӣ эълон карда шуд. СССР дар ғалаба бар Олмони фашистӣ нақши калидӣ нишон дода, ғалаба бешак дастоварди умумии тамоми халқҳои собиқ Иттиҳод аст. Ҳамаи халқҳои ин абарқудрати собиқ, аз ҷумла, тоҷикон дар ғалаба бар Олмони фашистӣ нақш доштанд. Сокинони зиёди Тоҷикистон чун дигар шаҳрвандони собиқ Иттиҳод аллакй дар рӯзи аввали ҷанг дар назди кумитаҳои ҳарбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷамъ шуда, талаб мекарданд, то онҳоро ба фронт фиристанд. Тоҷикистон ба фронтҳои ҶБВ наздики 300.000 сарбоз фиристод, ки дар ҳарбҳои назди Маскав, Ленинград, Сталинград ва Курск ширкат варзида, ҷоннисории зиёде аз худ ба намоиш гузоштанд. Тамоми аҳолии Тоҷикистон дар с.1940 наздики 1,4 млн нафар буд ва аз ҷумҳурии кӯчаки мо 20% тамоми аҳолӣ ё тамоми мардони бузургсол равонаи фронт шуданд. Аз ин теъдод беш аз 60.000 сарбоз, яъне 5% тамоми аҳолӣ ё 20% мардони бузургсол ҷони худро аз даст доданд. Боқимондаҳо барои ба даст овардани ғалаба дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд. Осиёи Миёна дар солҳои ҷанг яке аз базаҳои муҳими Артиши Сурх буд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (аз ҷумла, Тоҷикистон) тӯп, тиру туфанг, сару либос, пойафзоли ҳарбӣ, абрешим барои парашют, хӯрока... истеҳсол мекарданд. Барои меҳнати зарбдор зиёда аз 100.000 тоҷикистонӣ бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шуданд. Барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ дар рафти ҷанг наздики 55.000 сарбози тоҷик бо ордену медалҳои ҷангӣ қадр гардиданд, ки миёни онҳо 15 Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар дорандаи ҳар 3 дараҷаи ордени Шараф буданд.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР