Рейхстаг яке аз биноҳои бузурги пойтахти Олмон буд ва худи Сталин онро барои барафроштани парчами ғалаба интихоб намуд. Дар армияи 3-и зарбазан, ки Кантария ва Егоров ба он шомил буданд, 9 парчам омода шуда буд. Инчунин парчамҳо ва байрақчаҳои ишоратӣ дар тамоми гуруҳҳои ҳуҷумкунанда, ки вазифаи асосиашон рахна задан ба сӯи Рейхстаг буд, вуҷуд доштанд, ки теъдодашон аз 100-то ҳам убур мекард. Амалиёти Берлин 16 апрел сар шуда, 28 апрел 2 баталёни дивизияи 150-и тирандозӣ ва 1 баталёни дивизияи 171-и армияи 3-и зарбазан ба наздикии Рейхстаг баромаданд. Немисҳо бинои парлумони худро ба қалъаи устуворе табдил дода, ният доштанд то охир аз он дифоъ кунанд. Ҷанги шадид 2 рӯз идома дошт. 29 апрел аскарони шӯравӣ хонаи Гимлерро ишғол намуданд, ки аз ин ҷо то Рейхстаг 360 метр фосила монда буд. Пеш аз ҳуҷуми ҳалкунанда командири дивизияи 150 Василий Шатилов парчамро, ки баъдан Парчами Ғалаба унвон гирифт, ба Иля Сянов-командири ротаи зарбазани 1 тақдим кард ва аскарон аз хонаи Гимлер ҷониби Рейхстаг ба ҳуҷуми ҳалкунанда гузаштанд. Ин ҳуҷум то бегоҳ идома дошт ва "рақси марг" ном гирифт. Аскарони шӯравӣ дар ин муддат тавонистанд танҳо 150 метр пеш раванд. Бо вуҷуди ин бегоҳӣ Шатилов ба фармондеҳиаш хабар дод, ки болои Рейхстаг парчами шӯравӣ насб карда шуд. Фармондеҳии шӯравӣ дар навбати худ хабарро ба Маскав, шахсан ба Сталин расонд. Аммо баъди чанде аён шуд, ки ин хабар ҳаққоният надорад. Жуков, ки фармондеҳии кулли артиши Шӯравиро дар Берлин ба ӯҳда дошт, ҷуръат накард дурӯғ будани хабарро дубора ба Сталин бирасонад ва фармон дод, ба ҳар роҳ Парчамро болои Рейхстаг часпонанд. Аскарони шӯравӣ дубора ба ҳуҷум гузашта, ин бор лейтенант Раҳимҷон Қашқарбоеви қазоқ ва аскари қаторӣ Григорий Булатов ба даромадгоҳи асосии Рейхстаг наздик шуда, дар Рейхстаг парчами сурхро насб карданд. Дар ҷамъ он шаб тақрибан 40 парчам барафрошта шуда, парчами Кантария ва Егоров низ ба ин теъдод шомил мешуд.
Синамо ва акс
Инчунин майи с.1945 маҳз барои барафроштани Парчами Ғалаба рӯи Рейхстаг фармондеҳии Шӯравӣ 30 варақа барои пешниҳод ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро ба имзо расонид. Дар навори маъруфи синамоӣ ҳам, ки тамоми ТВҳо ҳар сол дар арафаи 9 май намоиш медиҳанд, аз Кантария ва Егоров хабаре нест. Дар он навор, ки 2 май аз ҷониби синамогари шӯравӣ Роман Кармен сабт шудааст, аскари қаторӣ Булатов бо парчам ва дар канораш лейтенант Семен Сорокин ҳузур доранд. Мегӯянд, Кармен 2 май ба Рейхстаг расида, аз ҷанговарон суол кард, ки аввалин кӣ буд? Ҳама ҷониби Булатов ишора карданд. Кармен ӯро барои наворбардорӣ даъват кард ва командири ӯ Сорокин низ дар ин наворбардорӣ ӯро ҳамроҳӣ кард. Дар акси маъруф ҳам, ки "Парчамбардорон дар назди Рейхстаг" унвон дорад ва 2 май аз ҷониби А.Капустин аксбардорӣ шудааст, Кантария ва Егоров ҳузур надоранд. Он ҷо ҳам Булатов ва Сорокин дар қатори аввал ба чашм мехӯранд. Соли 1969 аввалин нусхаи китоби ёддоштҳои маршал Жуков дар СССР ба нашр расид, ки болои ин китоб ҳамин акси таърихии Булатов ва ҳамроҳонаш гузошта шуда буд. Китоби ӯ солҳои баъдӣ низ чанд дафъа нашр шуд, аммо нашрияҳои баъдӣ аллакай ин аксро аз болои китоб бардошта буданд. Инчунин ёддоштҳои Сорокин ва Виктор Провоторов низ нашр шудаанд, ки онҳо ҳам тасреҳ мекунанд, Парчами Ғалабаро 30.04.1945 Булатов болои пештоқи Рейхстаг насб кард. Сорокин менависад: "Вақте гурӯҳи кашшофии онҳо парчамро болои Рейхстаг барафроштанд, ӯ дарҳол инро ба фармондеҳӣ хабар дода, журналистон онҷо ҳозир шуданд. Аввалин шуда аксбардор Рюмкин ва синамогар Кармен 2 май назди мо омаданд. Кармен пурсид: Кӣ парчамро барафрошт? Биёед барои филмбардорӣ. На Егоров ва на Кантария пеш набаромаданд. Онҳо ҳамон ҷо гуфтанд: Мо аввалин набудем!"
Қаҳрамонон
Баъди хомӯш шудани набардҳо дар Берлин ба Жуков аз ҷониби фармондеҳии армияи 3-и зарбазан 30 варақи мукофотӣ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, маҳз барои барафроштани Парчами Ғалаба ирсол карда шуд. Умуман, шаби 30 апрел ба 1.05.1945 дар рафти ҳамла ба Рейхстаг болои боми он 4 парчам барафрошта шуда, парчами охиринро гурӯҳе, ки Кантария ва Егоров ба он шомил буданд, насб намуд. Бо вуҷуди ин, на Булатов ва на Сорокин ба ин унвон қадр нашуданд. Жуковро теъдоди зиёди довталабон ба шубҳа андохта, варақаҳоро имзо накард. Билохира, расман 8.05.1946, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро барои барафроштани Парчами Ғалаба болои Рейхстаг 5 нафар: Неустроев, Самсонов, Давидов, Егоров ва Кантария соҳиб шуданд. Шавоҳиди дигаре низ ҳастанд, ки тибқи онҳо парчами аввалинро сержанти калон Ғозӣ Загитови тотор болои Рейхстаг насб кард. Ин қисса дар журнали амалиётҳои ҷангии бригадаи 136-и артиллерӣ қайд шудааст. Тибқи навиштаи он шаби 30 апрел гурӯҳи кашшофони бригадаи 136 бо сарварии Загитов аввалин шуда парчамро болои Рейхстаг часпонданд. Номи ӯ низ дар листи варақаҳои мукофотӣ сабт шуда буд. Бо ҳамин дар қатори насбкунандагони Парчами Ғалаба намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла, тоҷикон низ буданд. Умуман, тоҷикон дар ишғоли Олмон фаъолона ширкат варзида, ҳатто Саидмуҳаммад Каримови ховалингӣ роҳбари ояндаи Олмони демократӣ Эрих Хонеккерро аз конслагери немисҳо озод карда буд. Бо вуҷуди ин фармондеҳии шӯравӣ аз миёни довталабони зиёд Кантария ва Егоровро интихоб намуд. Ба андешаи бархе чун рафиқ Сталин гурҷӣ буд, насбкунандаи парчам ҳам мебоист гурҷӣ интихоб мегардид ва дар канори ӯ 1 рус низ ҳатман бояд ҳузур медошт.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР