Аз май то сентябри с.1942 сарбозони ҷангалӣ дар хатти роҳи оҳани Гомел-Брянск 15 қатораи пурбори немисҳоро тарконида, 9 км роҳи оҳанро хароб карданд. Дар роҳи оҳани Брянск-Орёл бошад дастаҳои партизанӣ 13 қатораро хароб, 285 вагонро бо аскарони немис ва техникаи ҳарбӣ нобуд карданд. Тибқи маълумотҳои ситоди фронти Брянск, сарбозони ҷангалӣ дар 1 моҳ ба ҳисоби миёна 8-10 қатораро бо 150-200 вагон аз кор мебароварданд. Ҳамин тариқ, сарбозони ҷангалӣ аз сентябр то декабри с.1942 226 қатораи душманро аз кор бароварданд.
Дастури №46
Муваффақияти партизанҳо аз назари Берлин ҳам пинҳон намонд. Августи с.1942 худи Фюрер ба партизанҳо таваҷҷӯҳи хосе зоҳир намуда, фаҳмид, ки он ба артиши ӯ хатари зиёд дорад, лиҳозо, 18.08.1942 фармони қатъӣ дод, бо партизанҳо муборизаи ҷиддӣ оғоз карда шавад. Ин фармон, ки бо Дастури №46 маъруф аст, аз роҳбарияти Артиш ва нерӯҳои пулис талаб мекард, то фарорасии зимистони с.1943 партизанҳоро торумор кунанд. Дар дастур аз ҷумла омада буд: "Бераҳмии яғмогарон дар Шарқ чунон ранге ба худ касб кард, ки мо наметавонем дар баробараш хомӯш бимонем. Фаъолияти ин роҳзанон барои таъмини ақибгоҳии артиши мо ва идораи манотиқи ишғолшуда хатари ҷиддӣ доранд". Гитлер роҳбарии амалиётро зидди партизанҳо ба зиммаи рейхсфюрери СС Генрих Гимлер вогузошт. Фюрер дарк мекард, ки барои пирӯзӣ бар партизанҳо фақат нерӯи ҳарбӣ кофӣ нест ва бори аввал эътироф кард, ки барои пирӯзӣ бар партизанҳо бояд муносибатро бо аҳолии маҳаллӣ хуб кард.
Ягдкоманда
Дар вил.Брянск партизанҳо дар ақибгоҳи армияи 2-и тонкии немисҳо амалиёт мегузаронданд. Роҳбарияти армияи 2 барои мубориза бо партизанҳо с.1941 78 баталёни махсус ҷудо карда буд. Соли 1942 теъдоди баталёнҳо ба 140 расонида шуд ва дар нимаи аввали с.1943 бошад ба 270 расид. Аммо немисҳо ба ин иктифо накарда, барои мубориза бо партизанҳо нерӯи хоси ҷангалӣ-"ягдкоманда"-ҳоро созмон доданд. Ягдкоманда 1 навъ дастаи қиркунанда маҳсуб ёфта, аз ҳисоби афсарон ва сарбозони ҷасуру омодашуда, ки таҷрибаи ҷангидан дар ҷангалро доштанд, созмон дода мешуд. Бештар ба ин дастаҳо шикорчиён ва ҷангалбонони собиқро ҷалб мекарданд. Ягдкоманда бо партизанҳо тибқи тактикаи худи онҳо мубориза мебурд. Немисҳо пинҳонӣ вориди ҷангал ва ба партизанҳо наздик шуда, ногаҳон зарба мезаданд. Ягдкомандаҳо танҳо шаб ҳаракат ва рӯзҳо дар махфигоҳ истироҳат мекарданд. Шикорчиёни немис ба фавҷҳои бузурги партизанҳо ҳам дармеафтоданд. Мақсади ҳамла ба ҳам задани нақшаи амалиёти партизанҳо буд. Немисҳо ногаҳон аз махфигоҳ ба фавҷи партизанҳо оташ кушода, қумандонҳо ва пулемётдоронро ҳадаф қарор медонанд. Ин оташкушоӣ сафи партизанҳоро ба ҳам мезад ва онҳо маҷбур буданд аз нақшаи амалиёт даст кашанд. Ягдкомандаҳо ҳамеша бо қисмҳои ҳарбӣ алоқа дошта, дар ҳолати зарурӣ қисмҳои низомии артишро ба ёрӣ мехонданд. Амалиёти аз ҳама бо муваффақияти шикорчиёни немис баҳору тобистони с.1944 дар Белоруссия сар зад. Дар натиҷаи амалиётҳо партизанҳо аз ҳама талафоти калон дар рафти ҷанг доданд. Инчунин барои тақвияти бештари мубориза бо партизанҳо, немисҳо дар навоҳии ишғолӣ марти с.1942 ниҳоди нав Зондерштаб "Р" (Ситоди махсуси Русия)-ро таъсис доданд. Дар ин ниҳод бештар афсарон ва сарбозони ба тарафи душман гузаштаи шӯравӣ хизмат мекарданд.
Zigeunerbaron
Вазъият дар ақибгоҳи армияи 2-и тонкии немисҳо баҳори с.1943 якбора тезутунд шуд. Артиши олмонӣ тобистони ҳамон сол ният дошт амалиёти "Цитадел"-ро дар наздикии Курск пиёда кунад ва партизанҳо метавонистанд нақшаҳои немисҳоро барбод диҳанд. Ба ин хотир фармондеҳии армияи 2-и тонкӣ нақшаи амалиёти навро зидди партизанҳо дар Брянск тартиб дод. Ин амалиёт "Барони лӯлиҳо" (Zigeunerbaron) ном гирифт. Немисҳо партизанҳоро дузду ғоратгар дониста, бо тамасхур онҳоро лӯлӣ меномиданд. Амалиёт ба ин хотир чунин унвон гирифт. Барои пиёда кардани амалиёт немисҳо нерӯҳои зиёдеро дар Брянск гирд оварда, дар қатори немисҳо, дастаҳои мусаллаҳи венгерӣ ва қисмҳои Артиши озодихоҳи Русия (РОА) низ ҷалб шуда буданд. Нерӯҳои немисӣ 50.000 сарбоз ва партизанҳо бошанд ҳамагӣ 10.000 аскар доштанд. Амалиёт 16 май оғоз шуд. Партизанҳо муқовимати сахт нишон доданд, лек бо вуҷуди ин шикаст хурданд. То 20 май нерӯҳои немисӣ тавонистанд бештари дастаҳои партизаниро ба муҳосира гиранд. Ҷангҳои шадид то 29 май идома доштанд. 31 май немисҳо майдони ҳавоии партизанҳоро дар наздикии деҳаи Смелиж ишғол ва партизанҳои боқимондаро дар назди рӯди Десна муҳосира карданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос ситоди ҳаракати партизанӣ дар фронти Брянск гурӯҳи афсарони ботаҷрибаро бо сарварии подполковник А.П.Горшков ба ҷангалҳои Брянск фиристод. Горшков роҳбарии дастаҳоро ба зимма гирифта, 2.06.1943 дар назди деҳаи Пионерский боқимондаҳои дастаҳои партизанӣ ба ҳуҷум гузашта, хатти муҳосираро рахна карданд. Дар натиҷаи "Барони лӯлиҳо" партизанҳо 1584 кушта доданд, 1558 партизан ба асорат гирифта шуд ва 869 нафари дигар гурехтанд. Немисҳо 207 қароргоҳ, 2930 хонаи зеризаминӣ ва нуқтаи оташфишониро нобуд карданд. Аз партизанҳо 21 тӯп, 3 тонк, 60.000 тир, 5000 норинҷак ва даҳҳо пулемёт ғанимат гирифта шуд. Сарбозони ҷангалӣ бошанд дар навбати худ 3852 аскари немисро кушта ва маҷрӯҳ карданд. 888 тани дигар ба сӯи партизанҳо гузаштанд. Бо вуҷуди ин "Барони лӯлиҳо" натавонист ба ҳадафи ниҳоӣ бирасад. Роҳбарияти партизанҳо тавонист аз муҳосира барояд ва муборизаро идома диҳад.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР