Маълумот дар бораи тайёраи сарҳадшикан соати 14:31 дақиқа, ба дидбонгоҳи фармондеҳии баталёни радиотехникии бригадаи 4-и радиотехникӣ дар шаҳраки Тапа (ҳудуди РСС Эстония) ирсол карда шуд. Аммо навбатдори дидбонгоҳ майёр Кринитский дар оғоз тайёраи Рустро вайронкунандаи марз эълон накард ва тавсифи объектро идома дод, то ин ки тайёра аз экрани радари баталёни ӯ берун шуд. Дар навбати худ ноиби навбатдор майёр Черних ва навбатдори бригадаи 4 подполковник Карпетс низ ба тайёраи сарҳадшикан аҳамияти ҷиддӣ надода, қарор доданд, то пурра аниқ кардани вазъ маълумотро ба боло надиҳанд. Дар ҳудуди фазои ҳавоии Эстония он ҳангом зиёда аз 10 тайёраи варзишӣ дар парвоз буданд ва ҳарбиён гумон карданд ў низ яке аз онҳост. Соати 14:28 дақиқа аён шуд, ки тайёраҳои авиатсияи мусофиркаш дар ноҳияи парвози Руст нестанд ва соати 14:29 навбатдори дивизияи 14-и зиддиҳавоӣ (ПВО) маълумотро дар бораи марзшикании ў ба боло фиристода, соати 14:45 дақиқа маълумот дар бораи парвози ў ба дидбонгоҳи фармондеҳии армияи ҷудогонаи 6-и зиддиҳавоӣ расонида шуд. Ҳамин тариқ бо айби навбатдорони дивизияи 14-и зиддиҳавоӣ ҳарбиёни шӯравӣ 16 дақиқа вақти пурқиматро аз даст доданд. Дар ин муддат тайёраи ў аллакай ба дохили ҳарими ҳавоии СССР ворид шуда буд.
Абр ва парранда
Навбатдори армияи 6-и зиддиҳавоӣ полковник Воронков баъди дарёфти маълумот нерӯҳои навбатдори корпуси 54-и зиддиҳавоиро ба ҳолати омодабош оварда, ахир ба парвози 2 қиркунандаи МиГ-23 иҷозат дод. Баъди 5 дақиқа ба дидбонгоҳ фармондеҳи армия 6 генерал Герман Кромин ҳозир шуда, роҳбарияти амалиётро ба зимаи худ гирифт. Бо дархости генерал қумандонҳои 3 дивизиони мушакии бригадаи 204-и зиддиҳавоӣ дар шаҳраки Керстово тайёраи Рустро муайян карда, ба генерал гуфтанд, ки тайёраро мушоҳида мекунанд ва барои партоби мушак омодаанд. Аммо генерал фармони оташкушоиро надод. Дар ин ҳангом яке аз қиркунандаҳо таҳти идораи лейтенанти калон Пучинин тайёраи ўро дар осмон ҷустуҷӯ дошт. Соати 15:23 дақиқа МиГ-и Пучинин ба тайёра наздик шуда, Рустро дар баландии 600 метр ёфт ва ба дидбонгоҳ хабар дод, ки "тайёраи хурди рангаш сафеди навъи Як-12"-ро мушоҳида мекунад. Аммо дар дидбонгоҳи армияи 6 ба хабари лейтенант таваҷљӯҳи ҷиддӣ зоҳир накарда, пиндоштанд тайёраи мазкур, ба кадом клуби ҳавоии маҳаллӣ тааллуқ дорад. Руст бошад бо истифода аз хунукназарии ҳарбиёни шӯравї аз назари радарҳои армияи 6 ҳам ғоиб шуд. Ахир, соати 16:30 дақиқа фармондеҳи армияи 6 аз вазъияти ба амал омада, навбатдори дидбонгоҳи фармондеҳии зиддиҳавоии округи ҳарбии Маскавро огоҳ карда, гуфт, ки марзшикани ҳавоӣ шояд селаи анбӯҳи паррандаҳо ё абр бошад.
Дар болои Маскав
Округи зиддиҳавоии Маскав баъди дарёфти маълумоти армия 6 радарҳои баталёни 2266-и радиотехникиро дар шаҳри Старая Руссаи вил.Новгород ба ҳолати омодабош оварда, чанд қиркунандаи МиГ-ро аз вил.Твер ба ҳаво хезонд. Аммо на радару на қиркунандаҳо тайёраи ўро наёфтанд. Соати 17:36 дақиқа дар дидбонгоҳи зиддиҳавоии округи Маскав ноиби фармондеҳи нерӯҳои зиддиҳавоии СССР генерал-лейтенант Бражников ҳозир шуда, баъди дарёфти маълумот дастур дод, дар кӯтоҳтарин муддат марзшиканро ёбанд, аммо ин натиҷа надод, чун тайёраи Руст аллакай аз ноҳияи дидбонии қисми низомии мазкур берун шуда буд. Соати 17:40 дақиқа тайёра ба минтақаи фаъолияти радарҳои фурудгоҳи Шереметевои Маскав ворид шуд. Парвози тайёраи ў дар ҳеҷ нақшае дарҷ нашуда буд ва бо қоидавайронкунӣ амалӣ мешуд. Бо сарнишини тайёра низ ҳеҷ алоқае набуд. То мушаххас кардани вазъ навбатдорони фурудгоҳ қабул ва гусели тайёраҳои мусофирбарро қатъ карда, авзоъро ба ҳарбиён расониданд. Аммо ҳарбиёни округи зиддиҳавоии Маскав ба ин хабар низ бовар накарда, ҳалли масъаларо ба дӯши кормандони фурудгоҳ гузоштанд. Баъди чанде тайёраи ў аллакай болои биноҳои шаҳрии Маскав қарор дошт ва кор аз кор гузашта буд. Соати 18:30 дақиқа тайёра дар болои майдони Хадин пайдо шуда, ҷониби маркази Маскав ҳаракат мекард. Ў дар ибтидо ният дошт тайёраашро дар дохили Кремл ба замин фурорад, аммо ин кор барояш муяссар нашуд. Баъди ин 3 бор кӯшид дар Майдони Сурх нишинад, лек он љо одамони зиёде сайру гашт доштанд ва Руст аз нияташ ҳам даст кашид. Билохира, баъди чанд навбат соати 18:55 дақиқа тайёраашро дар кӯчаи Болшая Ординка нишонд.
Чақ-чақ бо Горбачев
Баъди нишаст ўро кормандони ҳифзи ҳуқуқи шӯравӣ ба ҳабс гирифта, сентябри с.1987 мурофиаи судиаш барпо шуд. Дар мурофиа немиси ҷавон гуфт, ки мехост дар масоили сулҳи ҷаҳонӣ бо Горбачев чақ-чақ кунад ва барои ҳамин ба Маскав парвоз кард. Бо вуҷуди ин суди шӯравӣ ин кабўтари сулҳро ба муҳлати 4 сол ҳабс кард. Ва чақ-чақи ў бо ГенСек барои артиши Шӯравӣ бисёр гарон тамом шуд. Дарҳол баъд аз фуруд омадани тайёраи Руст ГенСек иддаи зиёде аз афсарони олирутбаи артишро ба истеъфо гусел кард. Аз ҳама афсари олирутбаи ба истеъфо фиристодашуда Вазири мудофиаи СССР маршал Сергей Соколов шуд. Соколов яке аз ҳарбиёни ботаҷрибаи Артиши шӯравӣ ба шумор мерафт ва зидди сиёсати Горбачев ҳам буд. Дар қатори вазир, маршали нерӯҳои ҳавоӣ Александр Колдунов ҳам ба истеъфо рафт. Ў 2 карат қаҳрамони СССР ва иштирокчии ҶБВ буда, таҷрибаи ғании ҳарбӣ дошт. Умуман, баъди парвози Руст 3 маршал ва зиёда аз 300 афсарони олирутбаи Артиши шӯравӣ аз сафҳои артиш ронда шуданд. Полковник Иван Копетс ва майор В.Черних, ки парвози ўро дар лаҳзаҳои аввал пешгирӣ накарданд, зиндонӣ шуданд. Ба андешаи бархе, парвози Руст маҳз ба хотири зарба задан ба роҳбарияти Артиши шӯравӣ роҳандозӣ шуда буд. Ба андешаи муҳаққиқи амрикоӣ-Вилям Одом, тозакунии Артиши шӯравиро баъди парвози ў, ҷазодиҳии ҳарбиён дар солҳои 1937-38-ро мемонд. Дар натиҷа ба роҳбарияти Артиши Шӯравӣ одамони тасодуфии бо кори ҳарбӣ нобалад роҳ ёфтанд.
Меҳрубон Салимшоев, Муаррихи СССР