Ҷанги ҷаҳонии қарибувуқуъ низ дар ин самт нақш дошт. Тарафдорони назарияи аввал мегӯянд, миёни СССР ва кишварҳои соҳили Балтик даргирии мусаллаҳонае сурат нагирифт, пас ҳамроҳшавӣ ихтиёрӣ буд, аммо мухолифони онҳо бар ин назаранд, ки ишғолгарӣ на ҳама вақт бо ҷанг сурат мегирад. Барои мисол Олмон Чехословакияро дар с.1939 ва Данияро дар с.1940 бе ҳеҷ даргирии мусаллаҳона ғасб кард. Дар мавриди интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ бошад, ки тобистони с.1940 якбора дар 3 ҷумҳурӣ сар заданд, таърихнигорони ғарбӣ мегӯянд, онҳо бо вайрон кардани меъёрҳои демократӣ ва ҳузури ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи СССР сурат гирифтанд, лиҳозо, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз сӯи дигар дар ин интихобот танҳо вакилон аз "Блоки халқи меҳнаткаш" пешбарӣ шуда буданд ва вакилони дигар аз иштирок дар интихобот маҳрум шуданд. Барои мисол муаррихи латвиягӣ И.Фелдманис менависад: "Агентии хабарии шӯравӣ ТАСС дар Маскав натоиҷи ниҳоии ин интихоботро дар Латвия 12 соат қабл аз оғози ҳисоб кардани овозҳо хабар дод".
Миёни путк ва сандон
Сталин дар оғоз барои ҳамроҳкунии ҷамоҳири назди Балтик чандон майл ва шитоб надошт. Дар Маскав ин масъаларо дар муҳтавои ҷанги ояндаи Шӯравӣ бо Олмон баррасӣ мекарданд. Гитлер пеш аз ҳуҷум ба Полша ба Сталин пешниҳоди бастани созишномаи сулҳро дод ва августи с.1939 вазири корҳои хориҷии Рейхи саввум Иохим Рибентроп ва комиссари халқии корҳои хориҷии СССР Вячеслав Молотов созишномаи сулҳро дар Маскав ба имзо расониданд. Тибқи созишнома Украинаи Ғарбӣ, Беларуссияи ғарбӣ ва Бесарабия (Молдавия) баъди торумори Полша мебоист ба ҳайъати СССР шомил мешуданд. Қисмати ҷамоҳири назди Балтик ҳам дар рафти имзои ин созишнома ҳаллу фасл шуд. Ин кишварҳо низ ба "доираи нуфузи" СССР шомил шуданд. Октябри с.1939 Маскав бо ин 3 ҷумҳурӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, тибқи он СССР ҳуқуқ пайдо кард дар ин кишварҳо базаҳои ҳарбии худро созмон диҳад. Ба ҳар 1 ҷумҳурӣ нерӯҳои мусаллаҳи шӯравӣ ворид шуданд. Албатта теъдодашон дар оғоз чандон зиёд набуд ва 1 дивизияи тирандозӣ ва бригадаи тонкиро ташкил медод. Бо вуҷуди имзои созишномаи сулҳ ҳукумати СССР дар авохири феврали с.1940 Олмон ва иттифоқчиёнашро рақиби асосӣ дар ҷанги оянда муаррифӣ кард. Вақте Олмон ба Фаронса дарафтод, Маскав бо Финляндия созишномаи сулҳ баста, нерӯҳои озодшудаашро ба марзи ғарбии худ интиқол дод. Он шабу рӯз немисҳо дар сарҳадоти ғарбии худ танҳо 12 дивизияи ҷангӣ доштанд ва Артиши Сурх бартарии 10-карата нисбат ба нерӯҳои олмониро соҳиб шуда буд. Дар Маскав гумон мекарданд, немисҳо дар Фаронса ба ҷанги тӯлонӣ мубтало мегарданд. Аз ин рӯ, барои ишғоли кишварҳои назди Балтика шитоб намекарданд. Аммо пирӯзии барқосои немисҳо дар Фаронса назари Сталинро тағйир дод. Маскав 14 июн аз Литва ва 16 июн аз Латвия ва Эстония талаб кард ҳукумати шӯравӣ таъсис диҳанд ва нерӯҳои иловагӣ ба ин кишварҳо ворид кард. Дар Вилнюс, Рига ва Таллин муқовиматро бефоида хонда, талабҳои Маскавро пазируфтанд. Албатта дар Литва президенти ин кишвар Антанас Сметона аз ҳукумат хост ба муқовимати низомӣ розигӣ диҳанд, аммо кобинаи ҳукуматӣ инро напазируфт ва Сметона ба Олмон гурехт. Ба диди Молотов: "Кишварҳои назди Балтик чораи дигар надоштанд. Онҳо миёни 2 абарқудрати вақт Олмон ва СССР, мисли миёни путк ва сандон қарор доштанд ва бояд интихоб мекарданд. Ахир, ҳамроҳшавӣ ба СССРро интихоб карданд". Ишғоли кишварҳои назди Балтик ҳатто норозигии Гитлерро ҳам ба миён овард. Молотов нақл мекунад, ҳангоми сафари кориаш ба Берлин моҳи ноябри с.1940 “фюрери олмонӣ аз ман суол кард: "Хуб, ҳоло украинҳо ва белорусҳоро бо баҳонаи муттаҳидии славянҳо ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ мефаҳмонед, ҳатто ҳамроҳ кардани молдаванҳоро ҳам мешавад тавзеҳ дод, аммо мардуми назди Балтикаро ба ҷаҳониён чӣ гуна мефаҳмонед?" Молотов дар ҷавоб мегӯяд, ки "як кор мекунем, Шумо хавотир нашавед". Ба равандҳои ҳамроҳшавии ин 3 ҷумҳурӣ намояндагони Маскав-Владимир Деканозов дар Литва, Андрей Вишинский дар Латвия ва Андрей Жданов дар Эстония назорат мекарданд.
Остланд
Худи муаррихони кишварҳои назди Балтик бар ин ақидаанд, ки агар СССР дар с.1940 онҳоро ғасб намекард ин кишварҳо мустақил боқӣ монда, дар ҷанги қабибулвуқӯъ, мисли Шветсария мавқеи бетарафиро ишғол мекарданд. Аммо ин андеша бо воқеъияти он рӯз созгорӣ надорад. Барои мисол, 16.07.1941 фюрери олмонӣ дар бобати қисмати ояндаи 3 кишвари назди Балтик машварати хос доир намуд. Дар рафти он фюрер дастур дод: ба ҷои 3 кишвари мустақил, вилояти махсусеро дар ҳайъати Рейхи саввум, ба номи Остланд таъсис диҳанд. Маркази маъмурии вилояти нав ш.Рига интихоб ва забони расмии вилояти нав немисӣ эълон карда шуд. Инчунин тибқи дастури фюрер тамоми макотиби олӣ дар ҳудуди 3 кишвари собиқ мебоист баста ва танҳо ба фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ иҷозат дода мешуданд. Инчунин пеш аз оғози ҳуҷум ба СССР ва таъсиси Остланд, апрели с.1941 ёддошти вазири ҳудудҳои шарқии Рейхи саввум ба тасвиб расид. Дар ёддошт аз ҷумла омада буд, ки аксарияти аҳолии Литва, Латвия ва Эстония барои немискунӣ нокораанд ва бояд ба Сибири Шарқӣ бадарға шаванд. Заминҳои Остланд бошанд бо қарори фюрер баъди ҷанг ба сарбозони дар фронти Шарқӣ ҷангида тақдим мешуданд. Соҳибони қаблии ин заминҳо бошанд ё ба Сибир мерафтанд ё ба ҳайси қувваи корӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ҳамон принсипи асримиёнагии ритсарҳои немис, ки заминҳои ишғолиашонро бо соҳибони собиқашон ба ирс мебурданд.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР