Ин писарбачаҳо вазифаи ҷосусӣ ва расонидани мукотибаро ба ҷаҳони беруна ба ӯҳда гирифтанд. Баъди чанде Баден мутаваҷҷеҳ шуд, ки ин писарбачаҳо дар далерию кордонӣ аз бузургсолон ҳеҷ фарқе надоранд ва хеле хуб вазифаро иҷро мекунанд. Маҳз далерии ин даста ба ӯ имконият дод, бо гарнизони кӯчакаш 207 рӯз, то расидани нерӯҳои кӯмакӣ алайҳи бӯрҳо истодагарӣ кунад. Ин таҷриба полковникро муътақид кард, ки кашшофонро бояд аз хурдӣ тарбият намуд. Баъди бозгашт ба Англия Баден, ки акнун рутбаи генералӣ дошт, дар с.1907 ҳаракати скаутиро дар ин кишвар созмон дод. Скаут дар забони англисӣ маънои кашшофро дошт ва аввалин лагери "кашшофони ҷавон" худи ҳамон сол дар ҷазираи Браунси Англия барпо шуд. Дар ташкилоти Баден муносибат миёни бузургсолон ва кӯдакон дар асоси баробарҳуқуқӣ поярезӣ мешуд ва ҳар кадом нақши худро ифо мекард. Ӯ ташкилоти комилан нави ҷамъиятии ҷавононро созмон дода, барои ин кораш аз ҷониби подшоҳи Англия Георги V бо унвони баронӣ қадр ва лақаби "Лорд Баден-Пауэлл офф Гилвелл"-ро соҳиб шуд. Ташкилоти скаутӣ мебоист писарбаччаҳоро барои хизмати оянда дар артиши англисӣ омода мекард ва ҳарбиёни кишварҳои гуногун ин таҷрибаи англисҳоро хуш қабул карданд. Соли 1909 ҳаракати скаутӣ дар Русия ҳам роҳандозӣ шуд. Поярези скаутизм дар Русия полковник Олег Иванович Пантюхин аст. Соли 1910 китоби машҳури Баден "Скутинг барои писарбачаҳо" ба дасти подшоҳи рус Николаи 2 расид. Ин китоб ба шоҳ сахт писанд омад ва дастур дод, китобро ба забони русӣ тарҷума карда, ҳаракати скаутиро дар кишвар ривоҷ диҳанд. Шоҳ яке аз афсарони худ, штаб-ротмистр А.Г.Захарченкоро барои омӯзиши таҷрибаи скаутизм ба Англия фиристод ва дар Маскав аввалин дастаи скаутӣ созмон дода шуд. Аммо баъди пирӯзии инқилоби Октябрӣ ва ба сари қудрат омадани болшевикон ҳаракати скаутӣ дар Русия пароканда шуд. Болшевикон дар оғоз ҳаракатро буржуазӣ муаррифӣ карда, ҳатто чанд роҳбарони онро дар Қрим ва Украина ба қатл расониданд. Аммо баъди чанде мутаваҷҷеҳ шуданд, ки насли ҷавонро бояд тарбия кунанд ва скаутизм метавонад дар ин самт муфид қарор гирад. Болшевикон кӯшиданд ташкилоти скаутиро бо ақидаи инқилобӣ пайванд диҳанд. Яке аз чунин ашхос, скаути собиқадор Иннокентий Жуков буд. Маҳз ӯ ҳаракати пионериро дар аввалин кишвари Шӯроҳо роҳандозӣ намуд ва пионеризм мебоист скаутизмро ҷойгузин мекард.
Комиссиюни Крупская
Дар авохири с.1921 КМ Иттиҳоди Коммунистии Ҷавонон (Комсомол) комиссиюни хосеро барои коркарди нақша ва усулҳои бунёдии ташкилоти нави кӯдакон таъсис дод. Ба кори ин комиссиюн Надежда Крупская назорат мекард ва Жуков низ ба кори он сафарбар карда шуд. Ҳукумати Шӯроҳо ба кӯдакон чун ба масолеҳи сохтмонӣ дар сохтани муборизони оянда барои ормонҳои ҳизби коммунист рафтор мекард. Пешвои болшевикон Владимир Ленин ҳанӯз с.1918 дар рафти Анҷумани I-и Комсомол бо мактубе ба ин ташкилот муроҷиат карда, гуфта буд: "Мо набояд рафиқони хурдсоли худро фаромӯш кунем. Берун аз иттиҳод онҳо метавонанд зери нуфузи душманони пролетариат қарор гиранд ва айби ин кор ба дӯши мо хоҳад буд". Билохира, комсомолони шӯравӣ ба гуфтаи доҳиашон гӯш доданд ва кор дар ин самт оғоз шуд. Вазифаи асосӣ тарбияи одами нав, ки аз ахлоқу одоби гузаштаи "буржуазӣ" озод бошад. Крупская дар бобати таъсиси ҳаракати пионерӣ навишта буд: "Ба одами бузургсол, ки дар сохти пешинаи капиталистӣ калон шудааст, даст кашидан аз расму одот ва аз муносиботи кӯҳна бисёр душвор аст. Лек пионерони мо бачаҳоеанд, ки муносиботи навашон нисбат ба падидаҳои ҷамъиятӣ акнун шакл мегиранд. Маҳз ба ин хотир, ҳаракати пионерӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад". Комиссиюни Крупская кори худро то баҳори с.1922 идома дод ва 19 майи ҳамон сол дар Конфронси 2-и умумируссиягии ВЛКСМ ташкилоти пионерии Русияи шӯравӣ таъсис дода шуд. Моҳи октябри ҳамон сол Анҷумани 5-и ВЛКСМ доир ва дар он қарор дода шуд, тамоми ташкилотҳои пионерии Русияи шӯравӣ дар як ташкилот-"Пионерҳои ҷавони ба номи Спартак" муттаҳид гарданд. Аввалин дастаҳои пионерӣ дар муҳити пролетарӣ-дар назди заводу фабрикаҳо, шӯроҳои деҳотӣ, хонаҳои кӯдакон созмон дода мешуданд. Аввалин дастаи пионерӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дастаи назди мактаби полиграфистони Маскав аст. Ин даста феврали с.1922 таъсис ёфта буд. Пас аз таъсиси СССР ташкилотҳои пионерӣ дар ҳама ҷамоҳири собиқ Иттиҳод қомат афрохтанд. Соли 1924 баъди марги Ленин бошад ташкилоти пионерии СССР тағйири ном карда, Ташкилоти пионерии ба номи Владимир Ленин унвон гирифт.
Галстук, нишон ва салют
Ташкилоти пионерии СССР 3 рамзи асосӣ дошт, ки бо он ҳар шаҳрванди аввалин кишвари Шӯроҳо пионерро ташхис медод. Аввалин рамз галстуки пионерӣ буд ва он қисмате аз парчами пионерӣ маҳсуб меёфт. 3 нӯги галстук нишонгари робитаи ногусастании 3 насл-коммунистон, комсомолон ва пионерон будӣ. Галстук бо гиреҳи махсус баста мешуд. Рамзи дигари пионерон нишони ташкилот ба шумор мерафт. Нишони пионерӣ бори аввал с.1923 роҳандозӣ шуд. Ин нишон дар шакли досу болға, гулхани фурӯзон ва шиори "Омода бош!" сохта шуда буд. Декабри с.1925 варианти 2-уми нишон рӯи кор омада, дар он акси Мавзолей ва дар с.1927 дар болои нишон акси Ленин пайдо шуд. Соли 1934 нишон боз тағйир дода шуда, акнун шиор дигар карда шуд. Ба ҷои "Омода бош!", акнун "Ҳамеша омода!" омада буд. Сентябри с.1942 нишон шакли ситорачаи 5-гӯшаро гирифт, ки дар байнаш гулхан ва шиори "Ҳамеша омода!" насб шуда буд. Соли 1944 ҷои гулханро боз досу болға гирифтанд ва болои ситорачаро забонаи гулхан оро дод. Ахир, с.1962 намунаи охири нишони пионерӣ ҷорӣ карда шуд. Акнун миёни ситорачаро акси доҳӣ оро медод ва зери он шиори "Ҳамеша омода" (Всегда готов) насб шуд. Салют бошад саломи пионерон буд. Ҳангоми салом пионерон дасти худро каме болотар аз сар мебардоштаннд ва ин маънои онро дошт, ки пионер манофеи иҷтимоиро аз манофеи шахсӣ боло медонад. Соли 1970 дар ташкилоти пионерии СССР 118.000 даста мавҷуд буд, ки 23 млн пионерро дар худ муттаҳид мекард. Дар тамоми давраи фаъолияти ташкилоти пионерии СССР бошад, дар сафҳои он зиёда аз 210 млн одам ширкат варзид.
Меҳрубон
Салимшоев,
Муаррихи СССР