Эътирози 2 генерал
Барои дар амал татбиқ кардани ин нақша Гитлер ба нерӯҳои тонкии гурӯҳи армияҳои "Марказ" дастур дод, ҳаракатро ба самти Маскав қатъ ва ба ҷануб, ҷониби Киев ҳаракат кунанд.
Ба нерӯҳои тонкии немисҳо генералҳо Гудериан ва Гот фармондеҳӣ мекарданд. Дастури нави фюрер ба генералҳои немис хуш наомад, чун ҳаракат ба самти Маскавро боз медошт. Гот розӣ нашуд, лек тонкҳояшро ба ҷануб баргардонд. Гудериан бошад ба Берлин парвоз карда, аз Фюрер мулоқоти таъҷилӣ хост. Дар рафти мулоқот генерал ба Гитлер изҳор намуд, ки таваққуфи ҳаракат ба Маскав метавонад барои немисҳо мушкилот эҷод кунад ва онҳо то зимистон пойтахти Шӯравиро наметавонанд бигиранд. Аммо Фюрер, ки одат надошт қарорҳои худро дигар кунад, ба ҳарфи Гудериан эътиное накард. Тонкҳои немис ба ҷануб баргашта, гардиши онҳо ба ҷануб Фронти ҷанубу-ғарбии Артиши Сурхро дар ҳолати ногувор қарор дод. Албатта дар Маскав ҳам хавфро интизор буданд. Жуков аз Сталин хост, нерӯҳои Фронтро ба соҳили рости Днепр гузаронад. Аммо дар сурати ин амалкард пойтахти Украина ба тасарруфи немисҳо медаромад ва Сталин ин пешниҳодро қотеъона рад кард. Жуков баъди ин пешниҳод аз роҳбарии ситоди генералӣ сабукдӯш ва ба Елна фиристода шуд, то қобилиятҳои ҳарбии худро дар майдони ҷанг собит кунад. Амалиёти Киев барои нерӯҳои Шӯравӣ фоҷиабор тамом шуд. СССР аз 4 армия маҳрум шуда, навоҳии муҳофизатии муҳимро якҷо бо пойтахти Украина аз даст дод. Барои немисҳо роҳ ба самти Харков, Донбасс ва Қрим боз шуд. Қисмҳои зиёди Артиши Сурх, аз ҷумла, 452 700 сарбоз, зиёда аз 2600 тӯп, 1225 миномёт ва 64 тонк ба муҳосираи тамом афтоданд. Дар маҷмӯи талафоти Артиши Сурх дар ҷанги Киев 627 800 нафарро ташкил дод.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР