Дар замони роҳбарияти Расулов дар ҷомеаи тоҷик равандҳои номатлуби зиёд сурат гирифтанд ва яке аз ин равандҳо танг кардани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногун буд. Корхонаҳои саноатии кишвар низ ба ҷои тайёр кардани нерӯи кории худӣ мутахассисони аз Русия омадаро ба кор мегирифтанд ва мардуми маҳаллӣ дар канор боқӣ мемонд. Албатта зиёиёни кишвар бедор буданд ва дар толорҳои театрии он шабу рӯз моноспектакли Маҳмудҷони Воҳид, "Гуфтугӯ дар танҳоӣ" шуҳрати зиёде касб карда буд ва мардум ин намоишномаро як навъ бозгашт ба асли худ қабул мекарданд ва рушди забон яке аз асоситарин вежагиҳои ин асл будӣ. Таркиши дигари фарҳангӣ чопи китоби академик Бобоҷон Ғафуров бо номи "Тоҷикон" шуд, ки ба хотири номаш дар ҷумҳурӣ бисёр гарм истиқбол гардида, ба ҳама собит кард, ки таърихи Осиёи Миёна бо таърихи тоҷикон сахт гиреҳхурда аст ва бе ин қавм ин сарзамин таърихе надорад.
Сарқонуни номушаххас
Сарқонуни СССР, ки с.1977 қабул шуда буд, мақоми ҳеҷ забонеро дақиқан мушаххас накарда буд. Дар асл забони расмӣ ё ба таъбири дигар забони байналмилалӣ, ки миллатҳои ин Иттиҳод мебоист бо он миёни ҳам такаллум мекарданд, забони русӣ буд, аммо расман дар ҳеҷ санаде ин асл зикр нашуда буд. Дар Сарқонуни с.1977 танҳо дар боби ХХ "Суд ва арбитраж", дар моддаи 150 он 1 навъ силсиламаротиби забониро илқо мекард ва дар он гуфта мешуд: "Фаъолияти судӣ (мурофиаҳои судӣ) бо забони маҳаллии ҷумҳурии шӯравӣ ё автономӣ, вилоят ё бо забони миллати аксарияте, ки дар он ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бурда мешавад. Ба таъбири дигар, дар ҳар ҷамоҳири собиқ СССР танҳо фаъолияти судӣ, он ҳам дар ҳадди баргузории мурофиаҳо бо забони маҳаллии он ҷумҳурӣ бурда мешуд. Аммо новобаста ба ин, дар ҳудуди собиқ Иттиҳод, аз ҷумла, Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ бо сабаби суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ қариб ҳеҷ мушкиле дар муносибати миёни миллатҳо эҳсос намешуд. Вазъият замони омадани Горбачев, хосса, миёнаҳои солҳои 1980 ба куллӣ тағйир ёфт. Ҷомеъаи шӯравӣ дар оғоз демократикунонӣ ва ошкорбаёниро фоли нек дониста, қариб дар саросари СССР миллатҳо яке пас аз дигаре бедор шудан гирифтанд. Миллати тоҷик низ дар ин раванд истисно набуд. Ҷолиб ин ҷост, ки қабули қонуни забон шояд аз камтарин мавориде бошад, ки ҳукумату мухолифинаш дар якҷоягӣ пиёда карданд. Тоҷикистони с.1989 кишваре буд, ки забони тоҷикӣ қариб комилан аз саҳнаи сиёсии кишвар берун шуда, иддаи зиёде аз намояндагони ин миллат аз таъриху фарҳанги худ бехабар монда, фарҳанги русиро ба ҳайси улгу ихтиёр намуда буданд. Хушбахтона зиёиёни кишвар бонги хатар заданд ва миллат тавонист ин мушкилро бе ҳеҷ бесуботие пушти сар кунад.
Ҳадяи Маскав
Дар Осиёи Миёна аввалин бонги изтироб руйдодҳои Алма Ато шуданд, ки декабри с.1986 дар пойтахти Қазоқистон сар заданд. Яке аз норозигии эътирозгарон дар Қазоқистон масоили забонӣ буд ва як қатор ҷумҳуриҳо қарор доданд ҳар чи зудтар худро аз ин хатар эмин гардонанд ва қонуни забонро қабул кунанд. Ба амри тақдир тоҷикон дар ин марҳила пешсафи майдон буданд. Дар оғози с.1989 гурӯҳи анбӯҳи ҷавонон назди бинои Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ҷамъ шуда, аз ҳукуматдорон талаб карданд, "фарҳанги куҳани Тоҷикистонро эҳё кунанд". Ин кор дар шароити онрӯза ғайри мумкин менамуд ва роҳбарияти кишвар ҳатто тасаввурот надошт ба ин навъ эътирозҳо чи гуна бояд посух диҳад. Ахир, масъулин ҷавононро ором карданд. Гирдиҳамоӣ пароканда шуд. Шояд ба шарофатии ҳамон ҷавонон РСС Тоҷикистон имрӯз ифтихори инро дорад, ки аввалин шуда қонуни забонро дар қаламраваш қабул кард ва забони миллӣ забони расмии кишвар эълон шуд. Роҳбари он шабу рӯзи кишвар Қаҳҳор Маҳкамов қабули қонуни забонро "қадами нахустин барои эҳёи фарҳанги миллӣ дар сатҳи давлатӣ" номида, яке аз дастовардҳои муҳими ҳукумати худаш медонист. Ҳатто дар ҷое зид будани худро барои қабули он баён мекунад, лек бо вуҷуди ин мегӯяд, фаъолони ҷомеа тавонистанд ӯро қонеъ кунанд: "Гарчи худи ман қабули қонуни мазкурро ҳоло бармаҳал мешуморидам, аммо ба ҳарфи фаъолони мӯътабари ҷомеа-М.Осимӣ, М.Қаноат, А.Турсунов, М.Шакурӣ ва Л.Шералӣ гӯш додам ва мо яке аз аввалинҳо шуда, дар собиқ Иттиҳод ин қонунро қабул кардем”. Аммо бархе мунаққидони ҳукумати Маҳкамов, мисли А.Соҳибназар қабули ин қонунро аз ҷониби ҳукумати вақти Душанбе ҳадяи Маскав ба коммунистони тоҷик муаррифӣ мекунад. Соҳибназаров мегӯяд: "Пеш аз ирсоли қонун барои муҳокима ба Шӯрои Олӣ Маҳкамов ризояти Маскавро ба даст оварда буд ва ин қонун як навъ муоҳидаи сиёсӣ миёни Маскаву Душанбе ба шумор мерафт”.
Қонуни №150
Баъди ин ирсоли Қонун ба Шӯрои Олӣ дар назди ин ниҳод комиссияи махсуси забон таъсис дода шуд. Комиссия мебоист қонуни забонро кор карда мебаровард. Сабаби таъсиси комиссияро ҳукумат "муроҷиат аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимон, шоирон, инчунин шаҳрвандони алоҳида, дар хусуси ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ" медонист. Комиссия аз 42 нафар иборат ёфта буд, ки миёни аъзои он ғайритоҷикҳо низ шомил буданд. Бештари аъзои комиссияро роҳбарони донишгоҳҳои олии кишвар, деканҳои факултаҳо, роҳбарони кафедраҳо, шоирон ва нависандагон ташкил медоданд. Таҳиякунандаи аслии қонуни забон аз ҷониби комиссия академик Муҳаммадҷон Шакурӣ буд. Худи Шакурӣ гуфта буд: “Таҳияи қонун ба зиммаи ман вогузор шуд. Онро омода кардам, аммо нусхаи мо танҳо баъди баррасии тӯлонӣ ва ворид кардани тасреҳу иловаҳои зиёд пазируфта шуд ва дар натиҷа забони тоҷикӣ дар РСС Тоҷикистон мақоми забони давлатиро соҳиб шуд”. Яке аз тарафҳои ҷолиби дигари ин қонун ҳазфи калимаи РСС дар санади ниҳоӣ шуд ва аз Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешуд. Инчунин бори аввал дар ин қонун аз "ҳуруфи арабӣ" ёдоварӣ ва омӯзиши он дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар ҳатмӣ шуд. Умуман, қонуни забони с.1989 як кӯшиши ёфтани ҳадди миёна буд. Душанбеи расмӣ мехост дар қатори тақвияти ҷойгоҳи забони "миллати таҳҷоӣ" мавқеи забони русиро низ коста насозад. Барои мисол Қонун кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, маданӣ, муссисаҳои савдо ва соҳаи хизматрасониро муваззаф мекард, дар қатори забони давлатӣ забони русиро ҳам дар ҳаҷме, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбиашон зарурист, бидонанд. Инчунин Қонуни забон дар Анҷуманҳо ва конфронсҳо ба иштирокчиёне, ки забони давлатиро намедонистанд, кафолати тарҷума медод. Мутахассисони хориҷӣ, ки ба кишвар меомаданд, тибқи ин Қонун 4 сол вақт доштанд, то забони давлатиро ёд гиранд. Дар матбуоти кишвар низ Қонун муҳокимаи зиёд шуд. Яке аз рӯзномаҳо, ки ин қазияро пайгири мекард "Вечерний Душанбе" буд. Дар саҳифаҳои ин рӯзнома баҳси доғе миёни тарафдорон ва муътаризони Қонун сар зад. Танҳо дар 2 моҳ-май ва июни с.1989 идораи ин рӯзнома 673 нома аз шаҳрвандони гуногун гирифт ва муаллифони мақолаҳои мазкур дастмуздашонро ба “Фонди рушди забони тоҷикӣ", ки он шабу рӯз таъсис ёфта буд, мегузоштанд. Ахир, Қонуни забон таҳти №150, 22.07.1989 аз ҷониби Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул ва забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд. Дар он шароит барои Тоҷикистон ин рӯйдод пирӯзие буд, агарчи ҳаводиси баъдӣ дар кишвари мо шаҳди онро талх карданд.
Меҳрубон
Салимшоев