ХАБАРИ ДОҒ

Аз амалиёти "Ғозӣ Муҳаммад" то тасхири Ичкерия

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018


Аморати ваҳҳобӣ
Шаби 7.08.1999 дастаҳои "Бригадаи исломии посдорони сулҳ" таҳти роҳбарии Шомил Басаев ва Хаттоб ба ноҳияи Ботлихи Доғистон ворид шуданд. Амалиёти ҷангиён "Ғозӣ Муҳаммад" ном гирифт ва маҳз ин амалиёт заминасози шикасти Ичкерияи мустақил гардид. Қафқоз, хосса, навоҳии шимолии он барои Русия ҳамеша як нуқтаи доғ ба шумор мерафт. Русҳо барои ишғоли Қафқози Шимолӣ заҳмати зиёд кашиданд. Муқовимати мардуми бумии Доғистон ва Чеченистон бо сарварии Шомили доғистонӣ солҳои зиёд идома дошт ва русҳо дар ин ҷанг талафоти аз ҳама сангин доданд. Пошхӯрии СССР ва насими истиқлол шояд ба чеченҳо бештар аз дигарон таъсир расонида буд. Ҳаводиси сиёсӣ дар ин ҷумҳурии кӯчак бо суръат ба вуқуъ мепайвастанд.

Чеченҳо дар муддати кӯтоҳ дар Эстония генерали чечен Дудаевро пайдо карданд, ки чанде пас аввалин президенти Ичкерияи мустақил интихоб шуд. Истиқлоли Ичкерия ва баромадани он аз ҳайати Русия метавонист раванди манфиеро дар кулли манотиқи Қафқози Шимолӣ эҷод кунад. Борис Елтсин-президенти вақти Русия қарор дод, бо роҳи зӯрӣ Ичкерияро ба ҳайати Русия баргардонад. Аммо ҷанги аввали чечен барои русҳо ба нокомӣ анҷомид. Чеченҳо тавонистанд бо муқовимати шадид русҳоро водор ба сулҳ кунанд. Русҳо дар ҷанги аввал наздик ба 6000 сарбоз кушта доданд ва 1200 сарбози дигар бе ному нишон шуданд. Талафоти чеченҳо бошад 2-3 ҳазор куштаро ташкил медод. Аҳолии осоишта аз ҳама зарари бештар дид. Дар рафти ҷанг зиёда аз 80.000 аҳолии осоишта кушта ва 240.000 маҷруҳ шуданд. Билохира, ҷанг расман бо имзои созишномаи Хасавюрт ба поён расид ва чеченҳо ба орзӯи деринаашон-истиқлолият расиданд. Аммо ҳаводиси баъдӣ ба хубӣ собит кард, ки орзӯҳо на ҳамеша ба фоидаи коранд. Ислом дар муборизаи чеченҳо нақши калидӣ дошт ва баъди ғалаба боз ҳам ҷойгоҳашро мустаҳкамтар кард, лек мутаассифона исломе, ки ба Ичкерия омад, исломи ваҳҳобӣ буд. Ҳазорон Хаттобу Абу Муслим... ба ин кишвари кӯчак рехтанд ва с.1996 дар асл дар Ичкерия 1 навъ аморати ваҳҳобиҳо бунёнгузорӣ шуд, ки таърихаш имрӯз ба ҳама равшан аст. Ҷиноят ва беадолатӣ дар ин аморати ваҳҳобӣ чизи муқаррарӣ буданд. Баъзе аз муаррихин мегӯянд, ки чеченҳо бори аввал дар таърихи худ ба дуздидану баъдан ба пул фурӯхтани ҳаммиллатони худ маҳз дар ин давра оғоз карданд. Нақши асосиро дар барканории ин аморат ҳам боз ваҳҳобиҳо бозиданд. Ин бор ваҳҳобиҳои Доғистон.

Юриши дуввум
Дар аввали тобистони с.1999 ваҳҳобиҳои доғистонӣ дар н.Цумадии Доғистон ҳокимияти шариатиро эълон ва мардумро ба ҷиҳод алайҳи русҳо даъват карданд. Вақте русҳо зидди ваҳҳобиҳо нерӯи низомӣ фиристоданд, онҳо аз ҳаммаслакони чечении худ ёрӣ хостанд. Он шабу рӯз дахолат дар умури Доғистон 100% ба зарари Ичкерия буд ва дар Грозний инро ба хубӣ дарк мекарданд. Президенти Ичкерия Аслан Масхадов зидди фиристодани нерӯ ба Доғистон баромад. Ба андешаи ӯ, русҳо барои оғози ҷанги нав танҳо дар интизори 1 баҳонаанд ва рафтан ба Доғистон маънои оғози ҷангро дорад. Аммо ваҳҳобиҳо, ки Хаттоб ва яке аз машҳуртарин қумандонҳои чечен Шамил Басаев аз он намояндагӣ мекарданд, ба ҳарфи сарвари кишвар эътино накарданд. Ин амалкарди чеченҳо барои роҳбарияти нави русӣ бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи президент Владимир Путин, ки ташнаи интиқом буданд, баҳонаи хубе шуд. Русҳо дар ҳол қад-қади сарҳадоти Чеченистон зонаҳои бехатарӣ таъсис дода, теъдоди нерӯҳоро дар оғози моҳи октябр ба 100.000 сарбоз расониданд. Ҷанги аввал барои русҳо таҷрибаи хубе шуд. Русҳо ин бор барои ишғоли Ичкерия 3 гурӯҳи низомӣ таъсис доданд. Гурӯҳи “Ғарбӣ” бо сарварии генерал-майор В.Шаманов, гурӯҳи “Шимолӣ” бо сарварии генерал-лейтенант В.Булгаков ва гурӯҳи “Шарқӣ” бо сарварии генерал-лейтенант Г.Трошев. Ин 3 гурӯҳи ҳарбӣ дар оғози октябри с.1999 аз 3 самт ба Ичкерия ворид шуданд. Давраи аввали амалиёт барои русҳо бо муваффақият анҷомид. Навоҳии ҳамвори Чеченистон таҳти тасарруф дароварда шуда, дар нимаи аввали декабр пойтахти Ичкерия-шаҳри Грознийро ба иҳота гирифтанд. Дар баробари ин нерӯҳои рус роҳи мошингарди Итум Қалъа-Шатилӣ, ки Ичкерияро бо Гурҷистон мепайваст, таҳти контрол гирифтанд. Ҷангиён дигар наметавонистанд аз Гурҷистон ниёзҳои худро таъмин кунанд. Ҷангиёни чечен ба кӯҳҳо ақиб нишастанд, аммо якчанд қумандони саҳроӣ, ки Хаттобу Басаев низ дар миёни онҳо қарор доштанд, дар пойтахти Ичкерия мавқеъ гирифтанд ва қарор доданд то охир дар Грозний муқовимат кунанд.

Тасхири пойтахт
Грозний аз нигоҳи сиёсӣ низ барои тарафайн бениҳоят муҳим буд. Ҷангиёни чечен иддао мекарданд, ки пойтахти Ичкерияи мустақил ҳеҷ гоҳ аз ҷониби русҳо тасхир намегардад. Русҳо низ дар ҷанги аввал аз ҳама шикасти нангинро дар ин шаҳр хурда буданд ва барояшон тасхири дубораи он аҳамияти хос дошт. Инчунин қумандонҳои зиёди чечен мисли Басаев, Руслан Гелаев, Турпал-алӣ Атгиреев, Хункар Исрофилов, Аҳмад Загаев, Арби Бараев ва қисмати зиёди ваҳҳобиҳои Хаттоб дар Грозний қарор доштанд ва русҳо мехостанд ҳамаи онҳоро дар ин шаҳр нобуд кунанд. Аз нигоҳи тактикӣ низ гирифтани Грозний амри зарурӣ будӣ. Русҳо, ки ба қисмати кӯҳистонии Чеченистон баромада буданд, наметавонистанд дар ақибгоҳи худ 1 қалъаи мустаҳкамеро бо чандин ҳазор ҷангии сар то по мусаллаҳу пуртаҷриба дошта бошанд. Ҷангҳо барои Грозний 17.01.2000 оғоз шуданд. Аммо ин бор русҳо тактикаи қаблии худро дигар карданд ва нерӯҳои зиреҳпӯш вориди шаҳр нашуданд. Русҳо ин дафъа бештар аз тӯпхонаҳо ва нерӯи ҳавоӣ истифода мекарданд. Бо вуҷуди ин ҷангҳо дар шаҳр шиддати бештар мегирифтанд ва ҷангиён ҳар хонаро то вуҷуд доштани имконият дифоъ мекарданд. Аммо танқисӣ аз лиҳози лавозимоти ҷангӣ, хӯрока ва доруворӣ рӯз ба рӯз аз худ бештар дарак медод ва Басаеву Хаттоб ба хулосае омаданд, ки бояд ба ҳар васила шаҳрро тарк кунанд. Русҳо 23 январ нерӯҳои асосии полки таъиноти махсуси Гелаев “Борз”-ро торумор намуда, дигар дастаҳои ҷангиён низ талафоти сангин медоданд. Аввалин шуда Бараев даст ба иқдом зада, тавонист ҳалқаи муҳосираи русҳоро рахна кунад. Ин иқдоми ӯ дигар қумандонҳоро умедвор мекард, ки нақшаашон ҷомаи амал мепӯшад. Рӯзи амалиёт 30 январ таъйин карда шуд. Ҷангиён қарор доданд маҳз дар самти гузаштаи Бараев иқдом кунанд. Аммо фармондеҳи гурӯҳи “Ғарбӣ”-и нерӯҳои рус Шаманов бар ин ақида аст, ки роҳи баромади чеченҳо аз муҳосираи Грозний амалиёти пешакӣ тарроҳишудаи нерӯҳои федеролист. Ӯ мегӯяд, ки онҳо пешакӣ медонистанд чеченҳо кай ва дар кадом самт ҳаракат хоҳанд кард: “Яке аз афсарони рус муваззаф шуд бо чеченҳо ба алоқа баромада, ба онҳо дар ивази $100.000 роҳи баромади бехатарро таъмин кунад. Чеченҳо ба ин афсар бовар карданд ва дар натиҷа ба доми пешакӣ гузошта афтиданд. Амалиёт “Шикори гургон” ном гирифта, нақши асосиро дар рафти ҷанги 2-ум ифшо кард”. Дар натиҷа ҷангиёни чечен зиёда аз 300 нафар кушта доданд ва 130 ҷангии дигар асир гирифта шуд. Қумандонҳо Леча Дудаев ва Исрофилов кушта, Басаев бошад аз пояш захмӣ шуд. Басаеви маҷрӯҳро дар ҳаёти 1 боғ собиқ вазири тандурустии Ичкерия Ҳамбиев ҷарроҳӣ кард. Аммо чеченҳо мегӯянд, ҳангоми баромадан аз Грозний ҳамагӣ 30 нафар ҷангӣ ба ҳалокат расидаанд. Бо вуҷуди ин нерӯҳои рус натавонистанд ҷанбаи асосии амалиётро ба иҷро расонанд. Қисмати асосии нерӯҳои “хонигарии ваҳҳобӣ” тавонистанд аз Грозний берун оянд ва қумандонҳои асосӣ низ ҷон ба саломат бурданд. Ин қумандонҳо ва ҷангиён баъдан дарди сари зиёд барои русҳо дуруст карда, ҷангро ба дарозо кашиданд.

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter