ХАБАРИ ДОҒ


Фарзанди 13-ум
Хиёнати генерал-лейтенант Андрей Власов ва ба хизмати немисҳо гузаштани ӯ барои таърихнигории шӯравӣ яке аз ногувортарин ҳаводиси ҷанг ба шумор меравад. Албатта афсарони дигари Артиши Сурх (АС) ҳам буданд, ки ба тарафи немисҳо гузашта буданд, аммо ӯ миёни онҳо аз ҳама олирутба ва маъруф буд.
Андрей Власов с.1901 дар деҳаи Ломакинои вил.Нижегородск, дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Ӯ фарзанди 13-уми хонадон буд ва оилаи онҳо дар камбағалӣ мезист. Бо вуҷуди ин, ба семинарияи динии Нижний Новгород дохил шуд, лек инқилоби болшевикӣ ба таҳсили динии генерали оянда хотима бахшид. Соли 1919 ба АС даъват шуда, дар ҷанги шаҳрвандии Русия фаъолона ширкат варзид. Баъди хатми ҷанг дар АС боқӣ монда, с.1929 курсҳои олии фармондеҳии "Выстрел"-ро хатм кард. Соли 1930 ӯро ба сафи Ҳизби коммунист пазируфтанд. Соли 1935 ба Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе шомил шуд. Августи с.1937 командири полки 133-и тирандозӣ таъйин шуда, тирамоҳи с.1938 ӯро ба ҳайси машваратчии ҳарбӣ ба Чин фиристоданд.

Аз майи с.1939 мушовири асосии шӯравӣ дар ҳукумати Чан Кайши ва барои хизматҳои шоёнаш аз сӯи генералиссимуси чинӣ бо ордени Аждаҳои тиллоӣ қадр шуд. Зани Кайши бошад ба ӯ соати тиллоӣ тӯҳфа кард.

Қумандони беҳтарин
Январи с.1940 генерал-майор Власов фармондеҳи дивизияи 99-и тирандозӣ таъйин ва ба округи ҳарбии Киев равона карда шуд. Октябри ҳамон сол дивизияи ӯ бо Байрақи Сурхи сайёр қадр ва беҳтарин дивизияи округи ҳарбии Киев эътироф карда шуд. Маршал Тимошенко бошад дивизияи ӯро аз беҳтаринҳо дар АС номид. Фармондеҳии АС дар навбати худ ӯро бо соати тиллоӣ ва ордени Байрақи Сурх қадрдонӣ намуд. Дар рӯзномаи "Красная Звезда" низ мақолаи бузурге дар боби ӯ ва истеъдодҳои ҳарбияш ба нашр расида, чун қумандони беҳтарини АС муаррифӣ мекард. Январи с.1941 ӯ фармондеҳи корпуси 4-и мехониконидашудаи округи ҳарбии вежаи Киев таъйин ва баъди 1 моҳ бо ордени Ленин қадр шуд. Дар оғози ҷанг дивизияи ӯ ба немисҳо муқовимати сахт карда, барои ин амалаш генерал сипоснома гирифта, бо тавсияи Никита Хрушев фармондеҳи армияи 37 таъйин шуд. Ин армия мебоист Киевро муҳофизат мекард. Армияи Власов дар қатори нерӯҳои дигари АС дар назди Киев ба муҳосира афтод, аммо тавонист муҳосираро рахна кунад. Худи ӯ дар ин задухӯрдҳо маҷрӯҳ шуд. Ноябри с.1941 Сталин ӯро ба Москва хонда, ба генерал дастур дод армияи 20-ро таъсис диҳад. Ин армияи нав ба ҳайати фронти Ғарбӣ шомил шуда, мебоист Маскавро ҳифз мекард. Декабри с.1941 дар наздикиҳои деҳаи Красная Поляна (ҳамагӣ 32 км дуртар аз маркази пойтахт) армияи 20-и ӯ тавонист нерӯҳои артиши 4-и тонкии немисҳоро боз дорад. Дар натиҷаи ҳуҷуми ҷавобӣ, армияи 20 немисҳоро аз Солнечногорск ва Волоколамск зада берун кард ва ин 2 шаҳрро ба тасарруф даровард. Барои ин қаҳрамонӣ январи с.1942 Власовро бо ордени Байрақи Сурх қадр карда, ба ӯ рутбаи генерал-лейтенант доданд. Баъди муваффақият дар назди Маскав сарбозони шӯравӣ ӯро баъди Сталин "наҷотбахши Маскав" номида, ҳатто дар борааш китобе ҳам бо номи "Сарлашкари Сталин" чоп карданд. Муаррихи амрикоӣ Ҷон Эриксон бошад ӯро яке аз маҳбубтарин фармондеҳони Сталин номид.

Асорат
Зимистони с.1942 фармондеҳии АС қарор дод, муҳосираи Ленинградро рахна кунанд. Барои ин кор дар фронти Волхов армияи 2-и зарбазан таъсис дода шуд. 7.01.1942 ин армия фронти немисҳоро рахна карда, ба самти Любан ҳуҷумашро идома дод. Аммо нерӯҳои армияи 2 баъди чанде дар вазъияти бисёр бад қарор гирифтанд. Немисҳо тавонистанд бо ҳуҷуми ҷавобии худ армияи 2-ро ба муҳосира гиранд. Власов дар оғоз ба армияи 2 иртибот надошт, аммо 8.03.1942 ӯро муовини фармонеҳи фронти Волхов таъйин карданд. 20 март фармондеҳи ин фронт генерал К.Мерецков муовини худро бо комиссияи хос ба армияи 2 роҳӣ кард. Комиссия 8 апрел армияи 2-ро тарк кард, лек Власов дар армияи 2 боқӣ монд. 20 апрел ӯро фармондеҳи армияи 2 таъйин карданд, лек артише, ки ӯ фармондеҳаш шуд, қобилияти ҷангии худро комилан аз даст дода буд ва мебоист онро наҷот медод. Армияи 2 моҳҳои май-июни с.1942 чанд бор кӯшид хатти муҳосираро рахна кунад, лек кӯшишҳо бенатиҷа анҷомиданд. Охирҳои июнмоҳ немисҳо армияи 2-ро комилан торумор карда, 11.07.1942 Власов дар деҳаи Туховежи худро ба немисҳо таслим кард. Дар асорат ба ҳамкорӣ бо немисҳо ризоият дод ва декабри с.1942 ба фармондеҳии вермахт пешниҳод кард, ки "Артиши озодибахши Рус"-ро таъсис диҳанд. Ин артиш мебоист аз ҳайати асирони собиқи АС, ки ба тарафи немисҳо гузашта буданд ва дигар афроди бо ҳукумати шӯроҳо норозӣ, таъсис дода мешуд. Муовин ва сардори штаби артиши нави Власов, собиқ генерал-майори АС Федор Трухин шуд. Ӯ низ яке аз хоинони олирутбаи шӯравӣ буд ва то асорат дар вазифаи ноиби фронти Шимолу Ғарбии АСро ба ӯҳда дошт. Артиши Власов то с.1945 аз ҷузъу томҳои гуногуне иборат меёфт, ки миёнашон нерӯҳои пиёдагард, корпуси казакӣ, ҳатто нерӯҳои ҳавоӣ ҳам мавҷуд буданд. Шикасти Олмон Власовро дар вазъи душворе қарор дод. Ӯ ба хубӣ мефаҳмид, ки ҳамчун хоин наметавонад умед ба бахшиш дошта бошад. Бо вуҷуди ин, пешниҳоди роҳбари Испания-генерал Франкоро барои ба ӯ додани паноҳандагӣ рад кард. Франко апрели с.1945 мехост барои наҷоти ӯ тайёраи махсусе фиристад, аммо генерали хоин ин пешниҳодро напазируфт. Амрикоиҳо низ ба ӯ пешниҳод карданд пинҳонӣ ба манотиқи таҳти тасарруфи онҳо гузарад, лек ин таклиф низ пазируфта нашуд. Ахир, 12.05.1945 ӯро тонкчиёни корпуси 25-и армияи маршал Конев дар наздикиҳои шаҳри Плезени Чехословакия асир гирифтанд.

Қатли хоин
Баъди боздошт ӯро бо тайёраи махсус ба Маскав оварданд. Аввалин шуда хоини №1-ро шахсан сардори Раёсати асосии зиддиҷосусии "СМЕРШ" генерал-полковник Виктор Абакумов пурсуҷӯ кард. Баъди бозҷӯӣ Власов ҳамчун маҳбуси махфӣ таҳти №31 ба зиндони Любанка интиқол ёфт. Бозҷӯии ӯ ва ҳамдастонаш 8 моҳ идома ёфт. Ахир, 4.01.1946 Абакумов ба Сталин хабар дод, ки дар зиндони Раёсати асосии "СМЕРШ" хоини №1-и шӯравӣ генерал-лейтенант Власов ва шариконаш нигаҳдорӣ мешаванд. Ӯ пешниҳод кард, ки ҳамаи зиндониёнро барои хиёнат ба қатл маҳкум кунанд. Аммо Сталин дар баровардани ҳукми Власов шитоб намекард. Ин масъала бори дигар 23.06.1946 дар Бюрои сиёсии ҲК мавриди муҳокима қарор гирифта, билохира 1.08.1946 Власов ва ҳаммаслаконаш ба дор кашида шуданд. Ҷасади ӯ ва ҳаммаслаконашро баъди ин сӯзонда, хокистарашро дар наздикиҳои калисои Донскойи Маскав зери хок карданд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter