ХАБАРИ ДОҒ


Кишвари сунъӣ
Шаби 29.09.1938 дар ш.Мюнхен-қароргоҳи Фюрербау миёни Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса созишномае ба имзо расид, ки дар таърих бо "созишномаи Мюнхен" маъруф аст. Созишнома, ки дар натиҷаи он Фюрери олмонӣ Чехословакияро ба Олмон ҳамроҳ кард, дар таърихнигории муосир бисёриҳо заминасози аслии ҷанги ҷаҳонии 2 медонанд. Чехословакия дар харитаи сиёсии ҷаҳон баъди ҷанги ҷаҳонии 1, дар натиҷаи созишномаи Версал арзи вуҷуд пайдо кард. Ин кишвари нав аз қисматҳои императории собиқи Австро-Венгрия таъсис дода шуд ва муассисони маънавии он 2 сиёсатмадори чех-Масарик ва Бенеш буданд. Дар ин кишвари навтаъсис чехҳо 46%, словакҳо 13%, немисҳо 28% ва венгерҳо 8%-и аҳолиро ташкил медоданд. 5% боқимонда бошад аз украинҳо, полякҳо ва яҳудиён иборат ёфта буд. Ҷудошавӣ аз Австрия Чехословакияро аз пардохти ҷубронпулии баъдиҷангӣ муоф кард ва ин ба кишвари тозатаъсиси чехҳо имкон дод, дар рушди иқтисодӣ ҳатто аз Олмон ҳам пеш равад. Дар оғоз кишвари чехҳоро танҳо ҳаракати сепаратистии словакҳо азият медод, лек аз с.1933 немисҳо низ таҳти таъсири таблиғоти Олмони ҳамсоя қарор гирифта, ҳаракати ҷудоихоҳиро роҳандозӣ карданд.

Дар оғози с.1938 дар Чехословакия 14 млн аҳолӣ зиндагӣ мекард, ки аз онҳо 3,5 млн немисҳо буданд. Дар авохири солҳои 1930 иқтисоди кишвари чехҳо яке аз пешрафтатарин дар Аврупо буд. Ин кишвар, яке аз асоситарин содиркунандагони силоҳ дар дунё ва артишаш низ бо силоҳи замонавӣ сар то по мусаллаҳ буд.

 Буҳрони Судет
Немисҳо дар Чехословакия асосан дар вил.Судет сукунат доштанд. Немисҳои Судет дар императории собиқи Австро-Венгерӣ аз мавқеи имтиёзӣ бархурдор буда, дар кишвари чехҳо ин имтиёзотро аз даст доданд. Дар натиҷа худро истисморшудаи славянҳо пиндошта, талаб мекарданд, онҳоро ба Олмон ҳамроҳ кунанд. Ба ҳаракати сепаратистии немисҳо, роҳбари Ҳизби сепаратистӣ-миллии немисҳои Судет Карл Генлейн сарварӣ мекард. Дар Олмон низ аз норозигии немисҳои Судет огоҳ буданд ва феврали с.1938 Фюрери олмонӣ ба Рейхстаг муроҷиат карда аз аъзои он хост "ба шароити сангини зиндагии немисҳо дар Чехословакия эътибор диҳанд". Баъди ҳамроҳшавии Австрия ба Олмон марти с.1938, Генлейн ба Берлин ташриф оварда, ӯро худи Гитлер ба ҳузур пазируфт. Баъди бозгашт аз Олмон Генлейн ва ҳаммаслаконаш таблиғоти зиддичехиро фаъол ва аз Прага талаб карданд, мухторияти Судетро эътироф кунад. Дар ҷавоб ҳукумати Чехословакия нерӯҳои низомиро ба Судет ворид кард. Ахир, сентябри с.1938 немисҳо дар Судет шӯриш бардоштанд ва ҳукумати Прага дар ин вилоят вазъияти ҳарбӣ эълон кард. Ташаннуҷи авзоъ кишварҳои абарқудрати ғарбӣ Англия ва Фаронсаро маҷбур кард ба қазия ҳамроҳ шаванд. Фаронса бо Чехословакия созишномаи дӯстӣ дошт ва тибқи он, аз ин кишвар бояд ҳимоят мекард. Генлейн бошад аз ҳукумати чех талаб кард вазъияти ҳарбиро бекор кунад ва нерӯҳояшро аз Судет берун барад. Гитлер низ аз талабҳои Генлейн ҷонибдорӣ кард ва ба ҳукумати Фаронса ва Англия иттилоъ дод, ки агар талабҳои Генлейн иҷро нашаванд ҷанг оғоз мешавад. Бо вуҷуди ин, нерӯҳои низомии чех шӯриши немисҳоро пахш карданд ва Генлейн ба Олмон гурехт. Баъди шикасти шӯриши немисҳо Гитлер ба Чехословакия таҳдид кард ва 26 сентябр гуфт, ки агар талабҳои немисҳои Судет иҷро нагарданд, ин кишварро ба хок яксон мекунад.

Юриши салибӣ алайҳи болшевизм
Он шабу рӯз артиши олмонӣ ҳанӯз қудрати чандоне надошт. Немисҳо дар сарҳади Чехословакия 37 дивизия ҷамъ оварданд ва дар муқобил чехҳо 36 дивизияи яккачин доштанд. Нерӯҳои чех бо силоҳҳои замонавӣ мусаллаҳ шуда буданд ва метавонистанд зидди немисҳо муқовимат кунанд. Инчунин СССР низ кумаки худро ба ин кишвар эълон намуда, бо Чехословакия созишномаи дӯстӣ баста, иттифоқчии ин кишвар буд. Сентябри с.1938 Сталин тавассути роҳбари коммунистони чех Клемент Готвалд ба президенти Чехословакия Эдвард Бенеш пайғоме фиристода дар он гуфт, ки СССР омода аст ба Чехословакия бо 2 шарт кӯмаки ҳарбӣ расонад: 1.Агар Чехословакия расман аз Маскав дархости ёрӣ кунад. 2.Худаш низ алайҳи немисҳо муқовимат кунад. Дар баробари ин нерӯҳои Артиши Сурх низ дар сарҳадоти ҷанубу ғарбии кишвар ба ҳолати омода бош дароварда шуданд. Аммо намояндагони Англия ва Фаронса ба ҳар роҳ мекӯшиданд чехҳоро аз пазируфтани ёрии СССР мунсариф кунанд. Сентябри с.1938 сарвазири Англия Чемберлен ва сарвазири Фаронса Далде бо Гитлер вохӯрда, талаботашро пазируфтанд. Чемберлен ва Далде баъдан бо Бенеш ҳам мулоқот карда, аз ӯ хостанд талабҳои Гитлерро қонеъ кунад ва Судетро ба Олмон бидиҳад. Дар авохири моҳи сентябр намояндаи фаронсавӣ дар Прага ба ҳукумати чех гуфт, ки агар Чехословакия пешниҳоди англо-фаронсавиро напазирад Фаронса аз ҳимояти ин кишвар даст мекашад. Инчунин, ин намоянда ба Бенеш гӯшзад кард, ки "агар чехҳо пешниҳоди русҳоро бипазиранд ва бо СССР муттаҳид шаванд, ҷанги нав ба юриши салибӣ алайҳи болшевизм табдил меёбад. Ва он гоҳ ҳукумати Фаронса ва Англия бетараф намемонанд ва ба Олмон ҳамроҳ мегарданд". Баъди ин изҳорот Бенеш маҷбур шуд талаби Фаронса ва Англияро пазирад. Ахир 29 сентябр бо ташаббуси Итолиё Гитлер, Чемберлен, Далде ва Муссолини дар Мюнхен ҷамъ омада, созишномаи тақсими Чехословакияро ба имзо расониданд. Ҷолиб ин ҷост, ки худи намояндагони Чехословакия танҳо баъди имзои созишнома ба ин нишаст даъват шуданд. Бо дидани натиҷаи ниҳоии созишнома, намояндагони ҳукумати чех Войтсех Мастни ва Хуберт Масарик эътироз карданд, лек дигар кор аз кор гузашта буд. Бо ҳамин, барои пиёда кардани аҳдофи геополитикии худ ва равона кардани мошини ҳарбии Гитлер ба самти шарқ, кишварҳои абарқудрати ғарбӣ Чехословакияро қурбонӣ карданд. Бонки Англия ҳатто тамоми захираи тиллои ин кишварро ба Олмон баргардонд. Дар натиҷа Фюрери олмонӣ соҳиби яроқу аслиҳаи зиёд шуда, аз ин ҳисоб 9 дивизияи пиёдагардро мусаллаҳ кард. Аз 21 дивизияи тонкии немисҳо бошад 5 дивизияаш бо тонкҳои истеҳсоли чехословакӣ муҷаҳҳаз шуданд. Ҳамаи ин нерӯ баъди чанде алайҳи худи Англия ва Фаронса ва баъдан зидди СССР истифода карда шуд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter