Президенти ИМА, ин бор низ тамоми гуноҳро ба гардани СССР бор карда, ҳодиса ба таъбире, дасти Амрикоро боз намуд. Маҳз баъди ин ҳодиса, ИМА мушакҳои дуриашон миёнаи худро дар Аврупо ҷойгир кард. Ин вазъиятро боз ба нафъи ИМА тағйир дод. СССР низ мушакҳои худро дар Олмони Шарқӣ ва Чехословакия мустақар кард, аммо мушакҳои шӯравӣ боз ҳам ба ҳудуди Амрико намерасиданд. Вале ИМА метавонист тамоми қисмати аврупоии СССРро мушакборон кунад. Бо вуҷуди ин Андропов, котиби генералии вақти шӯравӣ ваъда дод, СССР дар кӯтоҳтарин вақт ба Амрико посухи муносиб хоҳад дод.
Чанд дақиқа то қиёмат
Юрий Андропов роҳбари Шӯравӣ он шабу рӯз аллакай сахт бемор буд ва дар маҷмӯъ бештари аъзои Бюрои сиёсии КМ ҲК ИҶШС низ пир ва фартут шуда буданд. Аммо ин мӯсафедон ба ҳеҷ ваҷҳ дар баробари ИМА сар фароварданӣ набуданд. Он шабу рӯз ҳама чиз мисле ки болои 1 мӯи борике қарор дошт. Баъд аз ҳодисаи “Боинг” дар ИМА ва кишварҳои дигари ғарбӣ, даъват мекарданд, ки аз СССР интиқом гиранд. Петров дар маркази фармондеҳии Серпухово ба ҳайси аналитики асосӣ кор мекард. Таҳлилгарон танҳо 2 бор дар моҳ навбатдорӣ мекарданд ва хушбахтона шаби 26 октябр маҳз рӯзи навбатдории Петров буд. Ин шаб системаи огоҳкунии ҳамлаи мушакӣ партоби мушаки ҷангиро аз яке аз базаҳои амрикоӣ ба қайд гирифт. Вақте асбобҳо парвози мушакро ба қайд гирифтанд, кулли назарҳо дар марказ ҷониби Петров равона шуданд. Ӯ мӯ ба мӯ тибқи дастурамал амал намуд. Аввал коршоямии тамоми асбобҳоро санҷиданд. Ҳама системаҳо кор мекарданд ва компютер хабар медод, ки мушак ҷониби СССР дар парвоз аст. Бадбахтона баъди чанд лаҳза системаҳо боз партоби чанд мушакро аз ҳамон база ба қайд гирифтанд. Дар ҷамъ, компютер парвози 5 мушакро нишон медод. Пас аз ин, тибқи дастурамал, Петров мебоист аз ҳуҷуми ИМА Андроповро огоҳ мекард. Андропов бошад баъди огоҳ шудан 10-12 дақиқа вақт дошт, то ба хулосае ояду фармони зарбаи ҷавобиро содир кунад. Идомааш аз касе пӯшида набуд. Ҳар 2 кишвар ба ҷанги атомӣ фурӯ мерафтанд. Ба андешаи бисёриҳо Андропов дар баровардани ҳукм пеш аз ҳама ба маълумоти ҳарбиён такя мекард ва эҳтимоли зарба ба ИМА хело зиёд буд.
Компютери “беақл”
Шояд навбатдори маъмулӣ дигар хел рафтор мекард, лек Петров, ки солҳои тӯлонӣ бо ин система сару кор дошт, ба компютер бовар накард. Баъд аз солҳо ӯ мегуфт, ба ин фикр, ки компютер беақл аст, такя карда, ба система бовар накард. Эҳтимоли хато кардани системаро 1 амри дигар тақвият мебахшид. ИМА ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуҷумро зидди СССР бо партоби мушак танҳо аз 1 база оғоз намекард. Аммо системаи огоҳкунӣ партоби мушакҳоро аз базаҳои дигар намедид. 1 қиссаи дигаре низ буд, ки Петров ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар ёд дошт. Октябри с.1962, ҳангоми бӯҳрони Кариб киштии зериобии шӯравӣ дар соҳилҳои Куба зери бомбаборони амрикоиҳо қарор гирифт ва маҷбур шуд ба чуқурии зиёд фарояд ва алоқааш бо соҳил канда шуд. Ин киштии зериобӣ 2 ҳафта аз Маскав хабаре дарёфт намекунад. Фармондеҳи киштӣ ба хулосае меояд, ки ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ оғоз шудааст ва қарор медиҳад тамоми захоири мушакии худро ҷониби Амрико партоб кунад. Хушбахтона фармондеҳро ёвараш аз раъяш гардонда, пешниҳод мекунад, аввал болои об баромада, сипас мушакҳоро партояд. Вақти баромадан баҳрнавардони шӯравӣ фаҳмиданд, ки қариб буд ҷанги атомиро оғоз мекарданд. Дар натиҷа Петров қарор дод, огоҳии ҳуҷум хатои компютерӣ ҳисобида шавад ва ҳамаи хадамотҳоро аз ин қарори худ тариқи телефон огоҳ кард.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР