Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Хоразм қариб ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор дошта, мехостанд ба русҳо намоиш диҳанд, ки дар ОМ як миллати бузурги турк сукунат дорад ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештарашон аз ҳизби ҷавонбухориён ва бо кӯмаки сарбозони сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд аз вазъ истифода бурда, кишварҳои нерӯмандтаре барои худ бисозанд. Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён мисли Файзуллоҳ Хоҷа, Абдурауф Фитрат намояндаи миллати тоҷик буданд, аммо мавҷудияти тоҷикро дар ин сарзамин инкор карданд. Дар натиҷа тақсимоти милли-маҳаллӣ дар ОМ ба 1 табартақсим табдил ёфта, дар ОМ 3 ҷумҳурии шӯравӣ-Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба вуҷуд омаданд ва Тоҷикистон дар оғоз мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайъати Узбакистон ворид мешуд. Аммо баъди дахли инқилобиёни тоҷик, мисли Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов... Маскав ба тоҷикон иҷоза дод, дар қисмати шарқии Бухоро, Ҷумҳурии мухтори миллии худро таъсис диҳанд. Бо ҳамин, 14.10.1924 сессияи 2-уми КМИ СССР қарори пешинашро лағв карда, дар ОМ ҶШ Туркманистон, ҶШ Узбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Узбакистон таъсис дод. Аммо ин ҷо низ адолат риоят нашуда, ба мухторияти тоҷикон танҳо навоҳии дурдасти Бухорои Шарқӣ ва кӯҳистони Зарафшон шомил карда шуданд. Ба ҳайъати Тоҷикистони мухтор, вилоятҳои Душанбе, Ҳисор, Қаротегин, (Ғарм, Дарвоз, Ванҷ), Кӯлоб, Қурғонтеппа, Панҷакент, Уротеппа ва Сари-Осиё дохил шуданд. Январи с.1925 ВМК Бадахшон таъсис ёфта, он низ ба мухторияти тоҷик шомил шуд. Бо вуҷуди ин, қисмати азими тоҷикон берун аз марзҳои миллии худ боқӣ монданд. 26.11.1924 дар Тошканд Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон таъсис дода, Н.Махсум раиси Кумита интихоб шуд. Ба Кумита инчунин Буттабой Дадабоев, Раҳматулло Бобоҷонов, Ш.Шоҳтемур, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ч.Имомов, А.Ҳоҷибоев, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммади Афғон... шомил шуданд. Пойтахти кишвари навтаъсис деҳаи Душанбе интихоб шуда, инқилобиёни тоҷик баъди чанде дар ин деҳа ҷамъ гардиданд.
Ҷумҳурии ҳафтум
С.1926 дар мухторияти тоҷик аввалин интихоботи вакилони халқӣ доир шуд. Дар он ҳайъати КМИ нав интихоб гардида, ба КМИ супориш дода шуд, то анҷумани оянда дар асоси Сарқонуни СССР Сарқонуни Тоҷикистони Мухторро таҳия кунад. Декабри ҳамон сол ҳукумати нави Тоҷикистон рӯи кор омад. Н.Махсум раиси КМИ ва Абдуқодир Муҳиддинов раиси ШКХ интихоб шуданд. Муборизаҳо барои Хуҷанд с.1927 аз сари нав авҷ гирифта, ҷидду ҷаҳди роҳбарияти Тоҷикистон самара дод ва Хуҷанд расман округи тоҷикӣ дар ҳайъати Узбакистон шинохта шуд. Ин иқдом ҳамроҳшавии Хуҷандро ба Тоҷикистон ногузир кард, лек Сурхандарё расман ҳудуди тоҷикнишин шинохта нашуд. Бо вуҷуди ин ба Душанбе муяссар шуд Маскавро розӣ кунонад, то барои ҳалли ин масъала комиссияи вежаи сенафара таъсис диҳад. Ин комиссия мебоист баҳсро болои Сурхандарё ҳаллу фасл мекард. Раиси комиссия болшевик Макеев таъин карда шуд. Тоҷикистонро дар он А.Ҳоҷибоев намояндагӣ мекард ва аз ҷониби Узбакистон Исломов ҳузур дошт. Мутаассифона, комиссия низ ба натиҷае нарасид. Бо вуҷуди ин кӯшишҳо ҳамоно идома доштанд. Худи мардум низ дар округи Хуҷанд аз бедории миллӣ бархурдор буд ва ҳатто дар Конибодом қатораи Куйбишевро роҳбанд ва аз ин болшевики собиқадор дархост карданд, онҳоро ба Тоҷикистон шомил кунанд. Ахир, Сталин баҳори с.1929 қарор дод Хуҷандро ба Тоҷикистон баргардонад. 17.06.1929 ӯ ба Бюрои ҲК (б) Узбекистон мактубе ирсол ва дар он таъкид кард, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аз ҳайъати Узбекистон бароварда шуда, дар заминаи он Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар Тошканд чорае ҷуз итоат надоштанд ва Хуҷанд ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Акнун тоҷикон имкон пайдо карданд ҷумҳурии алоҳидаи худро созмон диҳанд. Бо ҳамин, 16.10.1929 Анҷумани III махсуси Шӯроҳои Тоҷикистон, Эъломияи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро қабул кард ва тоҷикон соҳиби ҷумҳурии алоҳида шуданд. Ҳудуди ҶШ Тоҷикисон 142,5 ҳазор км мураббаъ ва аҳолияш 1 млн 150 ҳазор нафарро ташкил дод. 72% аҳолии кишварро тоҷикон ташкил мекарданд. 5.12.1929 бошад КМИ СССР ин қарорро расман ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии ҳафтум ба СССР шомил шуд. Худи ҳамон рӯз дар Хонаи деҳқон (театри собиқи Маяковский) ҷамъомади ботантанаи мардумӣ доир ва дар он Эъломияи мазкур қироат ва якдилона қабул карда шуд. Феврали с.1931 бошад дар ҳамин бино Анҷумани 4-и Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон доир ва дар он аввалин Сарқонуни Тоҷикистони Шӯравӣ қабул карда шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР