Табиист, ки коммунистони хориҷӣ пеш аз ҳама зери назари хадамоти ҷосусӣ ё кашфи берунии шӯравӣ қарор мегирифтанд. Он вақт асоси хадамотро тирандозони собиқи латиш ташкил медоданд. Яке аз онҳо Константин Басов буд, ки маҳз истеъдодҳои нуҳуфтаи Зоргеро кашф ва ӯро ба кори ҷосусӣ пешбарӣ кард. Номи пурраи ин шахс Аболтин Ян Янович буд ва аз с.1918 дар сафи Артиши Сурх хизмат мекард. Қисми ҳарбии Басов аз с.1918 то с.1919 дар Арзамаси Мардова мустақар шуда буд ва ӯ дар Арзамас барои хидмати оянда ба хадамоти ҷосусӣ гузашт. Маҳз ӯ барои Зорге тахаллуси Рамзайро интихоб кард. Рамзай яке аз мавзеъҳои зебоманзари Арзамас буда, аз мордовӣ ба русӣ чун “оби тоза” тарҷума мешуд. Аввалин сафари хидматии Рамзай с.1929 ба Англия ва Ирландия иттифоқ уфтод. Зоргеро дар Англия қапиданд, лек ҳеҷ далоиле алайҳаш наёфтанд. Баъди 1 сол ГРУ Рамзайро ба ш.Шанхайи Чин мефиристад. Ӯ дар Шанхай бо журналист ва ҷосуси амрикоӣ Агнес Смедлӣ ва мухбири коммунисти ҷопонӣ Хотсуми Одзакӣ ошно мешавад. Мегӯянд, ӯ ҳини фаъолияташ дар Чин ба хулосае омад, ки дар оянда ИМА дар минтақаи Осиёи Дур нақши асосиро ифшо хоҳад кард. Ӯ навишта буд: “Ба ман аён шуд, ки дар оянда ИМА ҷои Англияро дар Уқёнуси Ором ишғол мекунад”. Роҳбарияти ГРУ с.1932 қарор дод Зоргеро ба Япония равона кунад. Зорге 6.09.1932 ба ҳайси мухбири нашрияҳои маъруфи олмонӣ “Бёрзен курер” ва “Франкфуртер цайтунг” вориди Токио шуд. Пеш аз омадан ба Япония ӯ аз Фаронса дидан карда, бо намояндаи хадамоти ҷосусии шӯравӣ вохӯрд. Сипас, равонаи ИМА шуд ва ин ҷо дар асоси тавсияномаи профессори Мюнхенӣ Клаус Хаусхофер ба сафири Япония дар ИМА Кацио Дибусӣ, тавонист аз сафорати ҷопонӣ тавсиянома ба вазорати корҳои хориҷии Япония дарёфт кунад.
Фармон ба шоҳзодаи японӣ
Асоситарин хизмати Зорге ба СССР ин буд, ки маҳз ба хотири хабари фиристодааш Сталин нерӯҳои Артиши Сурхро аз Шарқи Дур ба назди Маскав овард ва немисҳо натавонистанд Маскавро тасхир кунанд. Дар охирин радиограммаи ӯ пеш аз ҳабсшавиаш чунин омада буд: "Баъди 15.09.1941 Шарқи Дури СССР аз хатари ҳуҷуми японҳо дар амон аст. Рамзай." Маҳз ин хабар дар амалкарди ниҳоии Сталин нақши ҳалкунанда дошт. Тирамоҳи с.1941 немисҳо ҳамвора аз ҳукумати Япония талаб мекарданд, ки ба СССР аз Шарқ ҳамла кунад. Аммо дар Токио назарҳо мутафовит буданд. Японҳо ба Гитлер чандон бовар надоштанд. Сабаби беътимодӣ ҳам шахсияти Гитлер буд. Фюрери олмонӣ августи с.1941, вақте СССР бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт, созишномаи сулҳро ба имзо расонд. Японҳо инро ба истилоҳе "фурӯ" бурда, худ низ апрели с.1939 бо СССР созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расониданд, лек Гитлер баъди 2 моҳ ба СССР дарафтод ва Токиоро аз тасмими худ огоҳ накард. Японҳо боз дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд. Аммо дар тасмими ниҳоии ҳукумати Япония боз Зорге нақши вежа гузошт. Ӯ ҳамроҳи Одзаки назарияеро ба японҳо таҳвил дод ва ин назария кори худро кард: “Агар Гитлер Маскавро гирад, дар ояндаи наздик Сибир ва Шарқ хоҳ-нохоҳ насиби Япония мегардад ва бе ҳеҷ хунрезӣ. Аммо вуруди Япония ба ҷанг бо СССР ба нафъи амрикоиҳо хоҳад буд. Амрикоиҳо интизор мешаванд, ки захоири 6-моҳаи нафтии японҳо ба охир расад ва ба кишвари самурайҳо зарба мезананд". Зорге тавонист дақиқ захоири нафтии японҳоро шумарад. Назария тавассути Одзакӣ ба самъи сарвазири Ҷопон расонида шуд ва ба ӯ хуш омад. Баъди чанде луқмапартоии Зорге ба гӯши шоҳзодаи японӣ Коноэ ҳам расонида шуд. Ӯ аллакай дар зиндон қарор дошт, аммо назарияаш дар майдони сиёсат амалӣ мешуд. 7.12.1941 японҳо ба Пёрл Харбор ҳамла карданд ва СССР дигар аз ҳуҷум ба манотиқи шарқии худ дар амон буд.
Зорге ва 2 адмирал
Баррасии кори ҷиноии Зорге 2 сол идома ёфт. Сафорати олмонӣ дар оғоз ба ҳабс шудани Зорге эътироз кард. Ӯ шаҳрвандии Рейхи 3-умро дошт ва дар сафорат ҳатто намеандешиданд, ки ин немиси ватандӯст ҷосуси шӯравист. Лиҳозо, аз японҳо қотеъона талаб карданд, ӯро фавран озод кунанд. Аммо японҳо талаби олмониҳоро рад карданд. Баъд аз ошкор шудани ҷузъиёти кори Зорге, Гитлер аз японҳо дархост кард, Рамзай ва радист Клаузенро ба Олмон фиристанд, аммо ин дархости фюрер низ ба инобат гирифта нашуд. Сафири олмонӣ дар Токио Отт бошад фавран ба Берлин бозхонд шуд. Сафир Отт то Пекин омад, аммо дар ин ҷо ҳуҷҷатҳояшро иваз карда, нопадид шуд. Хуб медонист, ки барои ҷосусии Зорге ӯро ҷавобгар мекунанд. Отт танҳо баъди шикасти Олмон ба ватан баргашт. Ба фикри бисёриҳо японҳо ният доштанд Зоргеро бо 2 адмирали худ, ки дар асорати СССР қарор доштанд, иваз кунанд, лек Сталин ба ин кор розӣ нашуд. Мегӯянд, японҳо ҳатто пешниҳод доданд Рамзайро бо чанд афсари асири худ, ки амрикоиҳо онҳоро асир гирифта буданд, иваз кунанд. Аммо ин иқдом низ амалӣ нашуд ва Зорге ахир 7.11.1944 ба қатл расонида шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР