Тирборон дар аввал танҳо аз силоҳҳои дастӣ бе истифода аз тӯпҳо бурда мешуд. Соати 21:40 дақиқа киштии ҷангии «Аврора» тиркушоии таърихии худро ба амал овард. «Аврора» танҳо 1 бор сӯи Қаср оташ кушод (он ҳам бо тири озмоишӣ «холостой»), аммо он рӯҳияи муҳофизони қасри ҳукуматиро дарҳам шикаст. Соати 1-и шаби 8 ноябр аввалин дастаҳои инқилобӣ вориди Қасри зимистона шуда, соати 2:10 дақиқаи шаб Қаср пурра ба тасарруфи шӯришгарон даромад. Вазирони ҳукуматӣ дар яке аз ҳуҷраҳои Қаср ҷамъ карда шуданд ва дере нагузашта намояндаи болшевикон Антонов-Овсиенко бо дастаи гвардиячиёни сурх назди онҳо ташриф оварда, эълон кард, ки вазирон ба ҳабс гирифта шудаанд. Вазирони ба ҳабс гирифташударо болшевикон дар қасри Петропавловск зиндонӣ карданд. Шӯриши болшевикӣ дар Петроград, ҳамагӣ 6 кушта ва 50 маҷрӯҳ боқӣ гузошт ва шояд яке аз камталафоттарин инқилобҳо маҳсуб меёфт. Рӯзи дигар ҳамаи ҳукумат ба дасти Шӯрои ҳарбӣ-инқилобии Петроград гузашт ва дар Анҷумани 2-и Шӯроҳои коргарон, деҳқонон ва сарбозон, Шӯрои инқилобӣ ин ҳукуматро ба Шӯроҳои коргарон, деҳқонон ва сарбозон вогузошт. 9 ноябр болшевикон ҳукумати нави Русияро таҳти унвони Шӯрои Комиссарони Халқӣ созмон дода, Ленин сарварии ҳукумати навро ба ӯҳда гирифт.
Коммунизм ва бадтарин кишвар
Инқилоби октябрии болшевикон барои 70 сол сохти коммунистиро дар собиқ императории Русия мустақар кард. Русия дар зарфи муддати кӯтоҳ (1905-1917) 3 инқилобро пушти сар намуд. Бори аввал, с.1905 ба ҳукумати подшоҳӣ муяссар шуд бо мардуми худ канор биояд ва инқилоби аввали рус бо як навъ созиш миёни Николаи 2 ва ҷомеа ба поён расид, лек дар ин кишвари асрҳо дар сохти крепостноӣ ба сар бурда (танҳо дар авохири қарни 19 ин сохти мушобеҳ ба ғуломдорӣ дар Русия расман бекор шуд) шоҳ ва дарбориёни асилзодааш ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд аз манофеи худ даст кашанд. Якравии ҳокимон пеш аз ҳама бар зиёни соҳибони сармоя буд, ки акнун дар Русия қад алам мекард. Ин синфи нав низ дар пайи касби манофеи худ буд ва ногузир муқобили ҳукумати шоҳӣ қарор гирифт. Дар натиҷа инқилоби 2-и рус сар зад, ки бо инқилоби буржуазӣ маъруф аст. Русия баъди ин инқилоб, ба андешаи бархе аз муаррихин, демократитарин ҳукуматро дар таърихи хеш соҳиб шуд. Шароите, ки дар натиҷаи инқилоби февралӣ дар Русия ба амал омад, заминаи басо мусоидро барои инқилоби 3-ум фароҳам кард ва болшевикон-инқилоиёни тундгаро тавонистанд аз ин шароит ба хубӣ кор гиранд. Ақидаи коммунистӣ дар кишваре рӯи кор омад, ки асосгузорони маънавияш (Марксу Энгелс) ҳатто дар хоби шабашон намедиданд. Ин 2 яҳудӣ Русияро бадтарини кишварҳо медонистанд ва муътақид буданд, ки инқилоби коммунистӣ ҳеҷ гоҳ дар ин кишвар рух нахоҳад дод, лек пайравони болшевикашон хатоии доҳиёни худро ноябри с.1917 ислоҳ карданд. Ин ҳизби кӯчак корхонаҳоро ба коргарон, заминро ба деҳқонон ва сулҳро ба сарбозон ваъда доду ҷамъияти азимро тарафдори худ кард. Бо ҷонибдории ин нерӯ шикастани Ҳукумати муваққат душворе набуд. Ин, ки болшевикон баъди ба қудрат расидан ба ваъдаҳояшон вафо карданд, ё на, баҳси дигарест. Чизе, ки мусаллам аст, ҳизби болшевик тавонист дар кишвари азиме чун Русия, дар муддати кӯтоҳ қудрати сиёсиро ба даст гирад ва 70 соли дароз собиқ импературии бузург аламбардори коммунизм дар ҷаҳон шуд. Инқилоби октябрии болшевикон дар сарнавишти мардумони зиёд, аз ҷумла, мо-тоҷикон таъсири азиме дошт.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР