ХАБАРИ ДОҒ

Шӯриш дар ӯрдугоҳи марг

  • Панҷшанбе, Нояб 01 2018


Фабрикаи мармелад
Октябри с.1943 дар лагери консентратсионии Собибор шӯриши маҳбусон сар зад, ки афсари шӯравии яҳудитабор Александр Печерский сарварӣ мекард. Лагер дар ҷанубу шарқи Полша (назди деҳаи Собибор) воқеъ буда, дар чаҳорчуби амалиёти "Рейнхард" таъсис дода шуд. Баъди тасхири Полша немисҳо онро ба "генерал-губернаторӣ" табдил дода, пеш аз ҳама қарор карданд, ҳудуди "генерал-губернаториро" аз аҳолии яҳудитабор пок кунанд. Амалиёти поксозии оммавии яҳудиён "Рейхнау" ном гирифт. Аслан маҳбусони лагерҳои консентратсионӣ мебоист асоси рушд ва гулгуншукуфии Рейхи 3-ум мегаштанд. Тамоми назария, идеоложӣ ва иқтидори иқтисодии Рейхи 3 дар истифодаи нерӯи кории бепул ба нафъи немисҳо бунёнгузорӣ шуда буд, лек яҳудиён, лӯлиҳо ва як қатор нажодҳои дигар дар ин амр низ истисно буданд ва мебоист пурра нест карда мешуданд. Теъдоди маҳбусони лагерҳо бошад то ҳол дақиқ муайян нашудаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, теъдоди маҳбусони тамоми лагерҳои консентратсионии дар Олмон ва Аврупои Шарқӣ бунёд шуда, 16 млн нафарро ташкил медод.

Умуман, дар чаҳорчуби амалиёти Рейхнау дар ҳудуди Полша 3 лагери консентратсионӣ-Собибор, Белжетс ва Треблинка бунёд карда шуданд. Барои рӯпӯш кардани ҷиноёти худ немисҳо дар оғоз эълон карданд, ки мехоҳанд дар Собибор фабрикаи истеҳсоли мармелад бисозанд. Маҳбусоне, ки дар оғоз ворид мешуданд, гумон доштанд, мармелад истеҳсол мекунанд ва ҳатто аз шодӣ мерақсиданд, лек баъди чанде ҳақиқат барояшон равшан мешуд, ки аз мармелад дараке набуд. Ин лагер 15.05.1942 таъсис дода шуда, то 15.10.1943 фаъол буд. Дар ин муддат ин ҷо беш аз 250.000 яҳудӣ ба қатл расонида шуд. Яҳудиёнро ба Собибор на фақат аз Полша, балки аз Ҳолланд, Фаронса, Чехословакия ва СССР низ меоварданд.

Геббелс ва камераҳои газӣ
Собибор дар канори ҷангал, наздики 1 роҳи оҳани бунбастӣ қарор дошт ва барои нигаҳдории сирри ҷинояти немисҳо ҷои мусоид буд. Онро 4 қатор симхори 3-метра иҳота мекард. Фосилаи миёни қатори 3 ва 4 минакорӣ шуда, дар миёни қатори 2 ва 3 посбонон ҳаракат мекарданд. Лагер ба 3 қисмат-"зерӯрдугоҳҳо" тақсимбандӣ шуда, ҳар қисмат таъиноти хоси худро дошт. Дар қисмати аввал коргоҳҳои маҳбусон ва биноҳои истиқоматиашон қарор доштанд. Дар қисмати 2 анборҳо ва сартарошхона ҷой гирифта буданд. Дар анборҳо либосҳои одамони ба қатл расидаро ҷамъ мекарданд. Дар қисмати 3 бошад камераҳои газӣ ҷой гирифта буданд. Маҳз дар ин камераҳо одамонро ба ҳалокат мерасониданд. Бо ин мақсад назди бинои камераҳо чанд мотори токӣ насб карда буданд. Ин моторҳо ҳангоми ба кор даромадан гази карбон ҳосил мекарданд ва ин газ тавассути қубурҳои махсус ба камераи газӣ интиқол меёфт. Лагер аз ҷониби афсарони нерӯҳои вежаи СС ва миллигароёни украинӣ ҳифз мешуд, ки ба онҳо оберштурмфюрер Франс Штангл сарварӣ мекард. Дар ихтиёри ӯ 30 афсари СС ва 120 миллигарои украинӣ қарор доштанд. Дар оғоз Собибор ба ҳайси лагери консентратсионӣ фаъол буд ва касеро зинда нигаҳ намедоштанд. Ҳамаи яҳудиёни овардашуда худи ҳамон рӯз ба қатл мерасиданд. Лек феврали с.1943 сарвари СС Генрих Гиммлер аз лагер дидан карда, баъди ошноӣ ва мушоҳидаи камераҳои гозӣ дар амал, дастур дод ин ҷоро ба лагери консентратсионӣ табдил диҳанд. Камераи газии Собибор дар бинои хиштӣ, таҳти унвони "ҳаммом" ҷойгир шуда, наздики 800 касро ҷой медод. Баъди ворид шудани маҳбусон ба камера дар маҳкам пӯшида мешуд ва газро сар медоданд. Одатан баъди 15 дақиқа ҳамаи 800 нафар ба ҳалокат мерасиданд. Болои бино тирезаи хосе сохта шуда буд ва яке аз немисҳо назди он ҷой мегирифт ва раванди қатлро мушоҳида мекард. Чун кор тамом мешуд, немис ба поин хабар медод, ки газро қатъ кунанд. Зери "ҳаммом" таҳхонаи махсусе кофта буданд ва сақфи он автоматӣ кушода шуда, ҷасадҳо ба таҳхона меафтиданд. Аз таҳхона бошад ҷасадҳо бо қаторачаҳои хурд (вагонеткаҳо) ба ҷангал интиқол меёфтанд.

Шӯриш
Яҳудиҳои Собибор аз оғози фаъолияти лагер дар ҷустуҷӯи роҳҳои фирор ё шӯриш буданд. Июли с.1943 дар он гурӯҳи пинҳонӣ бо сарварии Леон Фалдхендлер таъсис ёфт. Ӯ фарзанди раввини поляк буд ва мехост бо ёрии маҳбусони дигар шӯрида, аз Собибор гурезад. Бо вуҷуди ин, корҳои ин гурӯҳ дар оғоз чандон муваффақ набуд, аммо дар авохири сентябри с.1943 ба лагер гурӯҳи навбатии маҳбусон аз ӯрдугоҳи меҳнатии Минск оварда шуданд. Маҳбусон аз ҷанговарони яҳудитабори Артиши Сурх иборат буда, миёнашон лейтенант Печерский қарор дошт. Омадани ӯ ба Собибор вазъро ба куллӣ тағйир дод. Немисҳо мебоист асирони навбатиро дарҳол ба камераи газӣ меандохтанд. Чунин ҳам карданд, лек Печерский ва чанд тани дигар ба ҳайси тасодуф зинда монданд. Онҳоро немисҳо барои корҳои ободонии дохили лагер нигаҳ дошанд. Ӯ дарҳол вориди ташкилоти махфии Леон шуд ва баъди чанде сарварии онро ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар ҳамдастӣ бо Леон ва ҳамроҳонаш тавонист дар муддати 3 ҳафта нақшаи шӯришро кашад. Тибқи он маҳбусон мебоист посбононро ба қатл расонида, ба анбори аслиҳа соҳиб мешуданд, аммо нақшаи ӯ пурра ҷомаи амал напӯшид. Шӯришгарон тавонистанд 11-12 эссесовчиро куштанд, аммо анбори силоҳро тасхир накарданд. Ва маҷбур шуданд бо ҳамон чанд адад силоҳе, ки доштанд берун ҳаракат кунанд. Аз 550 маҳбуси Собибор 130 нафар умуман дар шӯриш ширкат накарданд. Онҳоро немисҳо баъдан қатл намуданд. Ҳудуди 80 каси дигар, дар вақти рахна кардани хатти муҳофизатии ӯрдугоҳ ба ҳалокат расиданд. Боқимондаҳо ба ҷангал паноҳ бурданд. Баъди фирори бобарор миёни шӯришгарон ихтилофи назар ба вуҷуд омад. Гурӯҳи Печерский, ки аксар аз асирони собиқи Артиши Сурх иборат ёфта буд, қарор доданд, сӯи фронт ҳаракат карда, ба нерӯҳои Артиши Сурх пайванданд. Боқӣ, қарор доданд дар ҳудуди Полша бимонанд ва бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуда, ҷонашонро наҷот диҳанд. Маҳз қарори ҳаракат ҷониби шарқ, сӯи хатти фронт ҷони ӯ ва ҳамроҳонашро наҷот дод. Немисҳо сипас қариб кулли фирориёни Собиборро дар ҷангалҳои Полша қапиданд. Ӯ бошад, ахир дар Белорусия ба дастаи партизании ба номи Шорс пайваста, муборизаро бо немисҳо идома дод.


Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter