СССР 3 сол боз бори асосии ҷангро ба дӯш дошт ва ба танҳоӣ зидди Олмон меҷангид. Дар Теҳрон тарафи Шӯравӣ ба ин масъала таъкид кард ва аз иттифоқчиён хост ба ҷанг ҳамроҳ шаванд. Сталин 7 бор ин масъаларо ба баррасӣ гузошт. Черчил дар оғоз пофишорӣ карда намехост ваъдаи қатъии ифтитоҳи фронти 2-умро ба Сталин диҳад. Зеро ба ҳар роҳ мехост аз вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Аврупои Ҷанубу-Шарқӣ ҷилав гирад, лиҳозо исрор меварзид, ки фронти 2-ум дар нимҷазираи Балкан поярезӣ шавад, аммо Сталин талаб мекард англисҳо ва амрикоиҳо дар шимоли Фаронса амалиёти ҷангиро алайҳи немисҳо оғоз кунанд. Сталин ва Рузвелт ин иқдоми ӯро ба хубӣ дарк карданд ва гуфтушунид қариб ба нокомӣ анҷомид. Тибқи ёддоштҳои яке аз намояндагони шӯравӣ О.Б.Рахманин, дар яке аз лаҳзаҳо Сталин ба ғазаб омада аз ҷояш баланд шуда ба Молотов хитоб кард: "Бархез, меравем, мо дар хона корӣ зиёд дорем". Аммо Черчилл, ки нақша надошт нишасти Теҳронро ба ҳам занад, ӯро боз дошта, пешниҳодашро пазируфт.
Дар конфронс ба масоили баъдиҷангӣ низ диққати зиёд дода шуд. Рузвелт пешниҳод дод, барои пешгирии ҷанг дар оянда созмони бонуфузи умумиҷаҳоние назири Лигаи Миллатҳо ташкил диҳанд. Сталин пешниҳодро пазируфта, таъсиси СММ маҳз дар Теҳрон поярезӣ шуд. Дар бобати ояндаи Олмон низ тарафҳо диди гуногун доштанд. Рузвелт пешниҳод намуд Олмонро ба 5 кишвари мустақил тақсим кунанд. Черчилл низ дар ин амр ӯро дастгирӣ намуд, аммо Сталин зидди пешниҳод баромад. Маҳз ба хотири пофишории Сталин немисҳо баъди ҷанг дорои кишвари соҳибистиқлол шуданд. Инчунин дар нишасти Теҳрон СССР ӯҳдадор шуд баъди шикасти Олмон ба ҷанг бо Япония ҳамроҳ гардад ва ба ин ваъдаи худаш вафо кард.
"Ҷаҳиши дароз"
Лек дидори 3 роҳбари кишварҳои иттифоқчӣ аз назари хадамоти ҷосусии олмонӣ пинҳон намонд. Маълумотро оид ба дидори роҳбарияти "Сегонаи калон" ҷосуси ботаҷрибаи олмонии миллаташ албан Эдиас Безна дарёфт намуд. Ӯ, ки бо лақаби Цицерон маъруф буд, ба ҳайси ёвари сафири Бритониё дар Туркия кор мекард. Ӯ Берлинро аз ин дидори таърихӣ огоҳ кард ва сардори Раёсати амнияти Рейхи 3-ум Эрнст Калтербрунер таъҷилан ба Фюрер нақшаи амалиёти ояндаро пешниҳод кард. Амалиёт "Ҷаҳиши дароз" ном гирифта, пиёда кардани он ба зиммаи тахрибкори маъруфи олмонӣ, сардори гурӯҳи махсуси СС Отто Скорсеннӣ вогузор шуд. Отто яке аз беҳтарин тахрибкорони Олмон буд ва чанде пеш роҳбари Итолиё Беннито Мусолиниро аз асорат наҷот дода буд, ки дар қалъаи дастнорасе нигаҳдорӣ мешуд, аммо ҷанговарони Отто тавонистанд бо муваффақият ӯро дуздида ба Олмон биёранд. Нақшаи аввалини немисҳо дар Эрон низ аз дуздии роҳбарияти "Сегонаи калон" иборат ёфта буд. Ба фикри Эрнст қатли роҳбарони сегона ҷангро мутаваққиф намекард, лек асорати онҳо метавонист мардуми ин кишварҳоро ваҳшатзада ва ноумед гардонад. Немисҳо нақша доштанд Сталинро тавассути Туркия ба Берлин интиқол диҳанд ва он ҷо дар дохили қафас нигаҳ доранд. Дар бобати Рузвелт назарҳо дар Берлин гуногун буда, баъзе пешниҳод мекарданд ӯро маҷбур кунанд, то кишварашро ба таслимшавӣ водорад ва бархеи дигар хостори қатли ӯ буданд. Аз ҷумла, Эрнст пешниҳод кард Рузвелтро ба наҳангон бихӯронанд ва ин корро ба навор гиранд. Дар мавриди Черчилл бошад немисҳо ҳама 1 ақида доштанд. Ӯ мебоист дар ҷои ҳодиса кушта мешуд. Аммо худи Отто зидди рабудани ин сегона буд ва таклиф кард, ин серо дар сафорати СССР дар Теҳрон бо тайёраи пур аз бомб, ки онро летчики фидоӣ идора мекард, бикушанд. Аммо Фюрер ва Эрнст фикри ӯро рад карданд.
Хабар аз ҷангали Волин
Аммо тарафи шӯравӣ низ бекор наменишаст ва амалиёти немисҳо баъди чанде дастраси ҷосусони шӯравӣ шуд. Якумин шуда хабари амалиёти ояндаи немисҳоро дар Эрон, ҷосуси шӯравӣ Николай Кузнецов аз ҷангалзори Волин ба Маскав расонд. Тибқи нақшаи немисҳо, дастаи Отто мебоист тавассути гӯристони арманиҳо ба сафорати СССР дар Теҳрон дароянд. Нақшаро худи ҷосусони олмонии дар Эрон фаъол ба Берлин доданд. Немисҳо дар Эрон шабакаи калони ҷосусӣ доштанд. Он шабу рӯз дар ҳудуди ин кишвар тақрибан 6500 ҷосуси олмонӣ фаъол буду бо ҳукумати шоҳи собиқ Ризохон робитаи зич дошта, ҷосусҳояшон ҳатто дар болотарин зинаҳои ҳукуматии Эрон низ мавҷуд буданд. Нақшаи аввал мебоист тавассути штурбанфюрер Франс Майер амалӣ мешуд. Ӯ ҳамчун армании пир дар қабристони арманиҳо ба ҳайси қабркан кор мекард ва мебоист аз дохили қабре ҷониби сафорат роҳи зеризаминӣ канда, дастаи тахрибкоронро тавассути он вориди сафорати СССР мекард. Лек ин нақша ҷомаи амал напӯшид. Садди роҳи армании немис, армании дигар, ҷосуси шӯравӣ Геворк Вартанян шуд. СССР низ дар Эрон шабакаи ҷосусии калоне барпо карда буд ва асоси онро мардуми арманитабори ин кишвар ташкил медоданд. Ба яке аз гурӯҳҳои ҷосусии шӯравӣ дар Эрон ҷавони 19-солаи арманӣ-Вартанян сарварӣ мекард. Маҳз гурӯҳи ӯ дар хунсо кардани амалиёти "Ҷаҳиши дароз" нақши калидӣ бозид. Ӯ ва ҳамгурӯҳонаш тавонистанд макони Майер ва радистони немисро фош кунанд. Аз Маскав барои пешгирии амалиёти немисҳо беш аз 3000 корманди НКВД ба Теҳрон роҳӣ ва баъди чанде Майер ва шариконаш дастгир шуданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР