ХАБАРИ ДОҒ


Ҷанги саввум
Ҷанги шӯравию финн 30.11.1939 оғоз шуд ва дар таърихнигорӣ бо "ҷанги зимистона" маъруф асту даргирии 3-ум миёни ин 2 кишвар будӣ. Сабаби асосии ҷанги нав миёни 2 кишвар масоили марзӣ шуд. Роҳбарияти шӯравӣ мекӯшид дар арафаи ҷанги ҷаҳонии нав дар Аврупо марзи давлатиро аз Ленинград дуртар барад. Он шабу рӯз марзи давлатии СССР бо Финляндия ҳамагӣ дар 18-километрии Ленинград мегузашт ва дар сурати сар задани ҷанги нав Ленинградро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Маскав дар ивази кӯчонидани марз ба финҳо навоҳии дигари фарохеро дар Корелияи Шарқӣ пешниҳод кард, лек дар Хелсинки ин пешниҳодро рад карданд ва ҷанг ногузир шуд. Баҳонаи бевоситаи ҷанг ҳаводис дар назди деҳаи Майнила шуд. 26.11.1939 дар қарибиҳои ин деҳ гурӯҳи сарбозони шӯравӣ мавриди тирборон қарор гирифта, дар натиҷа 3 тан сарбоз ва 1 афсари шӯравӣ ҳалок ва 7 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷузъиёти ҳодиса то ҳол норӯшан боқӣ мондааст. Баъзе бар ин боваранд, ки тарафи шӯравӣ худаш ин тирборонро тарроҳӣ намуда буд. Бо вуҷуди ин, баъди 2 рӯз СССР созишномаи сулҳро лағв ва 30 ноябр амалиёти ҳарбиро зидди Фин оғоз намуд.

Хатти Монергейм
Асоситарин садд дар роҳи ҳуҷуми Артиши Сурх дар Корелия хатти мудофиавии Монергейм буд. Ин хат дар худи Фин бо хатти Энкел (аввалин сардори Ситоди генералии Финляндияи мустақил) маъруф буд ва маҳз ӯ с.1920 дастури сохтмони онро содир карда буд. Финҳо бо ин роҳ мехостанд аз воридшавии Артиши Сурх ба дохили кишвар ҷулав гиранд. Сохтмони хатти мудофиавӣ с.1924 бо истеъфои Энкел мутаваққиф шуд ва Моннергейм с.1932 ҳангоми боздиди он дастур дод, сохтмонро идома диҳанд. Монергейм дар ғарб ба халиҷи Фин бармехурд ва дар шарқ то кӯли Ладога тӯл кашида, аз 6 хатти мудофиавӣ иборат ёфта буд. АС 2 моҳи дароз заҳмат кашид, то хатро рахна кунад ва ҳангоми рахна талафоти сангине дод. Ҷанги зимистона чанд истилоҳоти ҷадидеро ба ҷаҳониён тақдим кард, ки миёни онҳо "путки Сталин" ва "коктейли Молотов" аз ҳама маъруфанд. Маҳз дар рафти ҷанги шӯравию фин аскарони сурх барои мубориза бо тонкҳои душман аз шишаҳои бо маводи сӯзанда пуркардашуда истифода мебурданд, ки баъдан бо "коктейли Молотов" маъруф шуданд. Инчунин барои мубориза бо дотҳои финӣ Артиши Сурх бори аввал дар ҷанги зимистона аз тӯпҳои вазнини Б-4 истифода кард. Ин тупҳо дотҳо ва дзотҳои финиро бо 1 тир ба хок яксон мекарданд ва миёни аскарони финнӣ бо лақаби "путки Сталин" машҳур шуданд.


Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter