ХАБАРИ ДОҒ

Роҳи таърихӣ-рекордии Хоруғ

  • Чоршанбе, Дек 12 2018


Сарзамини бунбаст
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ба хотири вежагиҳои замини кӯҳистонӣ, яке аз мушкилтарин роҳҳои автомобилӣ дар дунёст. Он, ки бо Роҳи Калони Помири Ғарбӣ маъруф аст, Бадахшонро бо пойтахти кишвар-ш.Душанбе бипайваст. Ин роҳ то ҳадде мушкил ва хавфнок аст, ки дар солҳои аввали истифодаи он ҳар ронандае дар ин масир 3 бор рафтуо мекард, ордендор мешуд, лек бар замми мушкилот, сохтмони он низ беназир буд. Тоҷикон кореро анҷом доданд, ки дар таърихи ҷаҳонии роҳсозӣ то ин дам ва ҳатто баъд низ як навъ рекорд маҳсуб меёфт. Ин роҳи мушкил дар зарфи 104 ё тибқи баъзе маълумотҳо дар 106 рӯз сохта шуд. То авохири асри 19 Бадахшон сарзамини бунбасте буд ва мардумаш бо соири манотиқ роҳи доимӣ надоштанд. Аз ин манотиқи кӯҳистонӣ ба ҳамвориҳо, танҳо роҳи оврингӣ вуҷуд дошт, ки он ҳам танҳо дар фасли тобистон фаъол буду 1 моҳ тӯл мекашид. Дар зимистон ин роҳ хавфи зиёд дошт ва касе ҷуръат намекард дар сармо роҳии марказ шавад. Вазъ танҳо бо омадани русҳо ба ин минтақа тағйир кард. Бори нахуст марти с.1891 дар нишасти махфии Ситоди генералии артиши рус дар Санкт-Петербург, подполковник Бранислав Громбчевский бо маърӯзаи "Манофеи мо дар Помир.

Очерки ҳарбӣ-сиёсӣ" нутқ ронд. Баъди шунидани маърӯза, роҳбарияти артиши императории Русия қарор дод, дар шароити комилан махфӣ роҳи чархиро аз ш.Ӯш то Саритош дар ҳудуди имрӯзаи Қирғизистон бунёд кунанд. Қисмати аввали роҳ с.1894 бунёд шуд ва водии Фарғонаро бо водии Олой часпонд. Назарияе низ вуҷуд дошт, ки тибқи он аввалин роҳи чархиро тавассути ағбаи Талдиқ с.1916 асирони австриягӣ сохтанд. Австриягиҳо дар ҷанги ҷаҳонии 1 ба дасти артиши рус асир шуда, русҳо онҳоро дар сохтмони ин роҳ кор мефармуданд, лек ёддошти сайёҳи маъруфи рус Коржневский гувоҳанд, ки аввалин роҳро с.1894 қисмҳои муҳандисӣ ва бинокории артиши рус сохтанд. Ин роҳ шоҳроҳи кӯҳнаи Помир ном гирифт.

Пианинои қумондон
Баъди чанде, дар солҳои охири асри 19 русҳо ин роҳи чархиро то Хоруғ расониданд, лек он айём низ роҳ аз Ӯш то Хоруғ беш аз 1 моҳ тӯл мекашид ва танҳо дар тобистон имконпазир буд. С.1914 сардори дастаи марзбонии Хоруғ дастур дод барои духтараш аз ш.Ӯш пианино биёранд. Аскарони зиёде пианиноро 700 км болои шонаҳои худ бурда, дар зарфи 1 моҳ ба Хоруғ расониданд. Ин пианино ҳоло ҳам дар осорхонаи таърихии ш.Хоруғ ҳаст. Бо пирӯзии болшевикон вазъ боз ҳам тағйир кард. Ҳукумати Шӯравӣ ниёзи шадид ба захоири табиии манотиқи паҳновари СССР дошт ва рушди манотиқи дурдаст дар авлавияти сиёсати Маскав қарор гирифт. Хосса, ҳудуди Помир диққати роҳбарияти болшевикиро ба худ ҷалб карда буд. Дар Маскав бар ин бовар буданд, ки дар ин сарзамини кӯҳистонӣ захоири азими канданиҳои фоиданок ҳастанд ва барои истихроҷи онҳо пеш аз ҳама сохтани роҳи доимамалкунанда зарур буд. Дар бунёди роҳи Помир даҳаи 30-юми асри 20 нақши вежа дошт. Дар солҳои 1930 ба ин минтақа экспедитсияҳои бешумори илмӣ фиристода шуданд ва олимони шӯравӣ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи кӯҳистон сар карданд. Ахир баъди 37 соли бунёди роҳи кӯҳнаи Помир, дар зарфи 3 сол (1931-1934) роҳи чархии нав аз ш.Ӯш то Хоруғ бунёнгузорӣ шуд. Роҳи нав, роҳи калони Помири Шарқӣ ном гирифта, тавассути он борҳои таъиноти иҷтимоӣ (хӯрока, молҳои ниёзи мардум, сӯзишворӣ), ҳарбӣ ва истеҳсолӣ ба Бадахшон интиқол меёфтанд. С.1937 бошад роҳи мошингарди Ӯш-Хоруғ бунёд карда шуд ва борҳои гуногун тавассути мошинҳо ва дар 4 фасли сол оварда мешуданд. Ин роҳ 701 км масоҳат дошта, аз 3 ағбаи кӯҳӣ: Талдиқ (баландиаш 3615 м), Қизил-Арт (4280 м) ва Оқ-Байтал (4655 м) убур мекунад.

Роҳи зеботарин
Бо вуҷуди ин Бадахшони Тоҷикистон ҳоло ҳам бо маркази маъмурии худ-ш.Душанбе (Сталинобод) роҳи мошингард надошт ва танҳо тавассути Қирғизистон мешуд ба ин минтақа сафар кард. Роҳи нав чун ҳаво барои Тоқикистон зарур буд ва с.1939 аҳолии навоҳии Ғарм ва ВМКБ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат ва пешниҳод карданд роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғро бо роҳи ҳашари мардумӣ созанд. Дар марказ ҳам ин ташаббуси мардумиро ҷонибдорӣ ва марти с.1940 дастаҳои таҳқиқотӣ ба тарроҳии роҳи нав сар карданд. Дар авохири моҳи май бошад мардуми Ғарму Бадахшон ба таври оммавӣ ба сохтмони роҳ баромаданд. Сохтмончиён аз 2 ҷониб-Ғарму Бадахшон ба истиқболи ҳам ҳаракат карданд. Дар сохтмони роҳ беш аз 30.000 одам ширкат дошт. Техника бисёр камчин буду қариб ҳамаи корҳо дастӣ анҷом дода мешуданд. Ба қисматҳои сохтмон ҳар рӯз дастаҳои нави сохтмончиён меомаданд ва онҳоро дар маҳалли сохтмон бо ихтисосҳои сохтмонӣ касб меомӯхтанд. Корҳо дар сохтмони роҳ ҳатто шаб ҳам таваққуф намеёфтанд. Суръати сохтмони роҳ чунон баланд буд, ки онро имрӯз ҳам, ҳатто бо доштани техникаи вазнини нақбканӣ намешавад такрор кард. Дар сохтмони ин роҳ нақлиёти гуногун, аз ҷумла, ҳавопаймоҳо имтиҳони сангинеро паси сар намуд. Барои мисол танҳо ба василаи ҳавопаймоҳо ба Ғарм ва Хоруғ наздики 200.000 кг орд ва маҳсулоти дигар интиқол дода шуд. Ин масолеҳ баъдан бо аспу хар ба масофаи 100-150 км, тавассути оврингҳо ба қисматҳои сохтмон расонида мешуданд. Ахир, бо талошу заҳмати зиёди мардум сентябри с.1940 сохтмони роҳ бо муваффақият хатм ёфт. Яке аз иштирокчиёни сохтмон, котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон Пӯлод Абдуллоев дар ёддоштҳояш хабари ифтитоҳи роҳро чунин сабт кардааст: "Маскав, Кремл. Ба КМ ҲК (б). Ба рафиқ Сталин Иосиф Виссарионович. ШКХ СССР. Ба рафиқ Молотов Вячеслав Михайлович. Ба иттилои Шумо мерасонем, ки 6.09.1940 қарори ШКХ Иттиҳоди Шӯравӣ ва КМ ВКП(б) аз 28.02.1940 оид ба сохтмони Роҳи калони Помир пеш аз мӯҳлат иҷро карда шуд".
Ҳамин тариқ сохтмони яке аз мушкилтарин роҳҳои мошингард дар зарфи 106 рӯз ба итмом расонида шуд. Масоҳати роҳи нав 384 км-ро дар бар мегирифт. Дар сохтмони роҳ 4,8 млн метри мураббаъ корҳои заминӣ анҷом гирифтанд, аз ҷумла 2,7 млн метри мураббаъ ба сангорӣ тааллуқ мегирифт. Дар сохтмон инчунин 1149 тонна аманал сарф карда шуд. 12.10.1940 аз Сталинобод ба Хоруғ аввалин корвони мошинҳо дар ҳайъати 7 мошини сабукрав ва 50 мошини боркаш раҳсипор шуданд. Ин корвони аввалин, ба Боми ҷаҳон китоб, маводи хӯрока, таҷҳизот ва масолеҳи дигарро интиқол дод. Аз ин ба баъд роҳ аз Душанбе то Хоруғ осон ва бехатар шуда, тӯли он низ аз 1 моҳ ба 1-1,5 рӯз коҳиш ёфт. Роҳи замони шӯравӣ аз аҳамияти вежа бархурдор буд ва солҳои ҷанги Афғонистон маҳз тариқи он нерӯҳои низомии шӯравӣ ба ин кишвар интиқол дода мешуданд. Баъди истиқлолият низ аҳамияти ин роҳи стратегӣ кам нашуд ва бо сохтмони қисмати нави он, ки аз Кӯлоб ва Шӯробод убур мекард, акнун ин роҳ низ 4 фасли сол фаъол аст.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter