ХАБАРИ ДОҒ


Айёр ва чолок
25.12.1989 Николай Чаушескуро бо ҷурми генотсиди халқи румин, аз байн бурдани моликияти давлатӣ, ташкили амалиёти ҳарбӣ зидди мардум ва берун бурдани 1 млрд доллар ба хориҷ аз кишвар айбор карданд. То оғози с.1990 дар Руминияи шӯравӣ ӯро "бӯсаи нарми замини ватан", "оташи зинда", "Княз Гратсий", "писари Офтоб", ҳатто "худои ҷаҳонии мо" меномиданд. Ӯ с.1965 дар раъси Ҳизби Коргарии Руминия қарор гирифта, роҳбари Руминия шуд, лек аз соири роҳбарони коммунисти Аврупо каме фарқ дошт. Вай 26.01.1918 дар уезди Олтони Руминия ба дунё омад. Дар Руминия то имрӯз мардуми ин уездро айёр ва чолок меноманд. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ ба Бухарест-пойтахти Руминия омад. Он шабу рӯз дар Руминия ҳаракатҳои сиёсӣ бисёр фаъол шуда, фашистон, сотсиал-демократҳо ва коммунистон дар якҷоягӣ зидди давлат баромад мекарданд. Нерӯи аслӣ дар дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ буд ва онҳо бераҳмона мардуми дороро ғорат мекарданд. Дар 15-солагӣ бо тамоми вуҷуд ба ин мубориза шомил шуда, тамоми вақти худро дар митингҳо сипарӣ карда, с.1933 бори аввал аз сӯи полис дастгир шуд.

Робитаи маҳрамонаи коммунистони румин бо ниҳодҳои қудратии СССР ҳанӯз пеш аз оғози ҶБВ сар шуда буданд. С.1938 дар шаҳраки Дафтани Руминия яке аз ҷосусони шӯравӣ ҳабс шуд. Сталин аз роҳбарияти чекистон талаб кард, ба ҳар роҳ маҳбусро озод кунанд. Чекистон қарор доданд сардори зиндонро бо тилло бихаранд ва ришваро мебоист 1 ҷавони руминӣ ба сардори зиндон мебурд. Ин ҷавон Чаушеску он шабу рӯз яке аз ҷавонони айёру қаллоби Дафтан буду миёни гуруҳҳои ҷиноӣ маъруф. Ӯ бо муваффақият тиллоро дохили зиндон ва ҷосуси шӯравиро озод кард. Баъдан, силсилаи ба даст афтоданҳои ӯ оғоз ва борҳо ҳабс шуда, тамоми ҷангро дар яке аз лагерҳои контсентратсионӣ сипарӣ кард. Маҳс дар ҳамин маҳбас бо кулли роҳбарияти Ҳизби коргарии Руминия ошно шуд.

Елена
С.1965 вақте ӯ сарварии ҳизбу кишварро ба ӯҳда гирифт, коммунистони румин фикр мекарданд, ҳоло онҳо ба кишвар роҳбарӣ мекунанд, лек гумонашон хом баромад. Дар Руминия аз ин ба баъд шахси комилан дигар-зани ӯ Елена соҳибқудрат шуд. Чаушеску бо Елена дар 16-солагӣ ошно шуда, сахт дӯст медошт. Бону ҳам барои ҳаёти беҳтар аз деҳ ба пойтахт омада, дар яке аз фармасевтикаҳо кор мекард ва ба яке аз дастаҳои сотсиалистӣ шомил шуда, дар яке аз идҳои ҳизбӣ ӯро "маликаи кор" баргузиданд. Маҳз дар ҳамин чорабиниҳо Чаушеску бо Елена вохӯрда, с.1945 бо тавсияи дӯстони ҳизбӣ бо ӯ издивоҷ кард. Елена 2 сол аз шавҳар бузургтар буд ва муддати тӯлонӣ ба сиёсат кордор набуд. Лек баъди ҳаводиси Чехословакия дар с.1968 ва боло рафтани нақши Чаушеску дар Руминия худро ҳамчун бонуи аввали Руминия муаррифӣ кард. С.1969 Чаушеску бо занаш бо сафари расмӣ ба Белград омада, бори аввал бо Броз Тито дидор намуд. Баъди ин дидор Тито барои ӯ олиҳае шуд ва мекӯшид дар ҳама чиз шабеҳи ӯ бошад. С.1971 ин ҷуфт аз як қатор кишварҳои Осиёӣ дидан намуданд ва модели коммунистии Чин ба Николай сахт писанд омад ва бовар ҳосил кард, ки коммунизм ва давлати истибдодӣ метавонанд дар 1 радиф қарор гиранд. Мегӯянд баъди бозгашт, ӯ коммунистони руминро ҷамъ карда гуфт: Мо бояд тартиботро дар ин кишвари фарсудаи лотиниамон ҷорӣ кунем.

Кишвари истисно
Чаушеску с.1974 Президенти Руминия интихоб шуд ва аввалин шуда аз кишварҳои сотсиалистӣ мансаби президентиро дар қаламрави худ ҷорӣ кард. Ӯ вазифаҳои роҳбари Ҳукумат, Сарфармондеҳи Олӣ, Раиси Шӯрои Мудофиа, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Котиби генералии Ҳизбро дар 1 нафар муттаҳид кард. Дар Маскав иқдоми ӯро хуш надоштанд, лек чун Руминия ҳеҷ иқдоми зиддишӯравӣ надошт ва ба таъбире "қурт" карданд. Аммо баъди чанде тамоми кишварҳои Ғарбӣ ба Руминия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва Чаушеску пули ғарбиҳоро ба кишвар сарозер кард. Ғарбиҳо бо долларҳо истиқлолияти иқтисодии Руминияро таъмин мекарданд ва истиқлолияти сиёсиро бошад, худи ӯ дар минбарҳои созмонҳои бузург ба даст овард. Миёнаҳои солҳои 1980 қарзи берунаи Руминия ба 12 млрд доллар расида буд. Руминия аз нигоҳи иқтисодӣ хеле пешрафта буд ва қарзҳои дарозмуддат иқтисодро сари об нигаҳ медоштанд. Аз сӯи дигар Маскав ҳамеша ба Чаушеску гӯшзад мекард, ки “шумо худро ба капиталистон фурӯхтед. Аз онҳо пул мегиред”. Мегӯянд, ҳангоми дидори Чаушеску бо Брежнев, баъди эроди сарвари СССР ба Чаушеску хитоб мекунад: "Агар мо бихоҳем дар 1 рӯз ин қарзро медиҳем". Баъди бозгашт Николай қарор дод барои ҳамеша истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварро собит кунад. Ӯ дар Бухарест эълон кард, ки тасмим гирифтааст ҳамаи қарзҳои берунии Руминияро баргардонад. Ва Руминия ба пардохти қарзҳо оғоз кард. Вазъи иқтисодӣ рӯз ба рӯз бад ва ба ҳадде муташанниҷ шуд, ки ҳукумат дар хонаҳо истифодаи танҳо 1 ломпи барқии 15 вт-аро, он ҳам дар шаб иҷозат медод. Истифодаи яхдонҳо дар зимистон қатъиян манъ буд, ТВ танҳо 2 соат дар рӯз барнома пахш мекард. Истифодаи газ барои гарм кардани хонаҳо манъ буд ва аз оби гарм аслан хабаре набуд. Дар баробари ин, ҳар тахаллуф аз ин қоида, аз ҷониби маъмурони полис сахт муҷозот мешуд. Дар пойтахт деҳқонони бенаво пайдо шуданд. Тамоми маҳсулоти дохилии кишвар барои пардохти қарзҳо равона шуда буд ва одамон маҳсулоти ниёзи аввалияи худро бо машаққати зиёд дастрас мекарданд. Он шабу рӯз, ҳар нафари чорум дар Руминия хабаррасони хадамоти амниятии кишвар "Секуретанте" будӣ. Теъдоди боқимондаи мардум бошад ба қисмати "ғайриқобили эътимод" дохил мешуд ва норозигии мардум рӯз ба рӯз меафзуд. Бо вуҷуди ин, декабри с.1989 Руминия қарзи берунии худро комилан пардохт. Ин яке аз мавориди истисноӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ аст.

Интиқоми арбоб
Аммо мех бар тобути Николай декабри с.1989 дар Малта зада шуд. Маҳз ҳамон шабу рӯз, ки ӯ қарзашро пардохт, сиёсатмадорони ҷаҳонӣ қарор доданд дар Аврупои коммунистӣ тағйироти куллӣ эҷод кунанд. Барои ин кор роҳбарони ИМА ва СССР марти с.1989 дар ҷазираи Малта бо ҳам дидор карданд. Ғарбиҳо дар ин муддат тамоми пули Руминияро аз худ карданд ва дигар ин кишвар барояшон беаҳамият шуд. Горбачев бо Буш қарор доданд ҳукуматро дар Руминия дигар кунанд. Дидори Малта комилан махфӣ доир шуд ва тарафҳо ҳатто 1 санади расмӣ ҳам ба имзо нарасониданд. Баъди нишасти Малта, Чаушеку бо Горбачев вохӯрд, лек Миша раъйашро дигар накард. Ахир, 16.12.1989 дар ш.Тимишуар мардум ба майдонҳо рехтанд ва "инқилоби румин" оғоз шуд. Чаушеску Иттиҳоди Варшава ва Маскавро дар тазоҳуроти Тимишуар айбдор ва 19 декабр роҳбарияти ҳарбии кишварро ҷамъ карда, аз онҳо хост ба ошӯб хотима диҳанд. Аммо Артиш аз фармони ӯ рӯ тофт. Артиш ӯро дӯст намедошт ва барояш худро сипар накард. Аслан низомиён бо Чаушеску кинаи дерина доштанд. Ӯ аз Артиш ҳамчун нерӯи кории бе пул истифода мекард ва ин ба ҳарбиён маъқул набуд. 22 декабр ӯ кӯшид мустақиман ба мардум муроҷиат кунад ва худаш ошӯбҳоро хомӯш созад. Фикр мекард мардум дӯсташ медоранд ва наметавонанд аз фармонаш сар печанд. Лек мардум истеъфояшро талаб дошт. Баъди баромади ноком ӯро ҳаммаслаконаш дастгир ва савори чархбол карда, ба шаҳраки Тарговишта мебаранд. Дар инҷо Елена ва ӯро дар гарнизони ҳарбӣ ҷой медиҳанд. Баъди ин, инқилобиёни румин тамоми оилаи Чаушескуро ҳабс карданд. Генерали артиши румин Виктор Станкулеску дӯсти наздики Николай буд, аммо маҳз ӯ бо шитоб суди ҳарбӣ таъсис дода, Чаушескуро бо Елена ба марг маҳкум кард. Мегӯянд, бо омадани Виктор Николай хурсанд шуд, аммо вақте ҳукмро барояш хонданд, хитоб ба занаш фармуд: Дидӣ Елена, ҳамеша шахсони наздиктарин хиёнат мекунанд!!!

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter