Аммо дар СССР тинҷӣ ва оромӣ ҳоким буданд ва шаҳрвандони шӯравӣ ҳамаи ин даҳшатро танҳо аз ТВ медиданд. Вале ҳамин дидан низ таъсири манфии худро гузошт. Ба диди таърихнигори хадамоти вежа Олег Хлобустов, ҷавони одии шӯравӣ В.Илйин маҳз таҳти таъсири воқеаҳои Ғарб қарор гирифта, даст ба ин иқдом зад. Дар СССР ҳанӯз с.1946 аз ҷониби худи Сталин Шӯъбаи мубориза бо терроризм ё шӯъбаи "Т" таъсис дода шуда буд. Баъди анҷоми ҶБВ дар Украинаи Ғарбӣ ва Ҷамоҳири назди Балтик, дастаҳои мусаллаҳи "Бародарони ҷангалӣ" пайдо шуданд. Барои мубориза бо онҳо Сталин ба генерал Абакумов дастур дод, дар чаҳорчӯби КБД шӯъбаи "Т"-ро таъсис диҳад. Баъди марги Сталин дар зинаҳои болоии ҳукумат қарор доданд, шӯъбаи "Т"-ро пароканда кунанд. Чун дастаҳои бандитӣ торумор шуда буданд ва ин шӯъба дигар зарурат надошт, лек с.1955 дар Архангелск воқеае рух дод, ки Хрушёв ва атрофиёнашро аз раъйашон гардонд. Ин воқеа аввалин амалиёти террористӣ дар СССР буд. Гурӯҳи террористӣ тавонист, тамоми ҳайати ҳизбии Обкомро ба қатл расонад. Илин низ мехост ҳукумати Шӯравиро ба чолиш бикашад. Ӯ иддао мекард, ки орзу дошт зиндагии кишварро сӯи беҳбудӣ тағйир диҳад ва мехост бо ин ҳукумати "нодуруст" ҳисобу китоб кунад.
Иштибоҳи Илин
Субҳи 21.01.1969 Илин, ки дар посбонӣ қарор дошт, қисми низомиашро тарк кард. Ӯ аз қисми низомӣ 2 таппончаи "Макаров" ва 4 тирдонро дуздида, ба Ленинград омад. Бе ҳеҷ мамониат соати 10:40 дақиқа аз Ленинград ба Маскав парвоз кард. Дар Маскав дар хонаи тағояш, ки хизматчии собиқи милиса буд, сокин шуд. Ӯ омадани худро ба тағояш хоҳиши тамошо кардани пешвози кайҳоннавардон, ки рӯзи дигар барпо мешуд, номид. Субҳи 22 январ ӯ аз хонаи тағояш берун омада, сару либоси милисагии тағояшро дуздида, ҷониби Кремл раҳсипор ва бе ҳеҷ мушкил, бо сару либоси милисагӣ ворид Кремл шуда, назди дарвозаи Баровитский, дар сафи милисаҳо қарор гирифт. Бо амри тасодуф ӯ миёни 2 дастаи гуногуни милисаҳо ҷой гирифта, ҳузури ҳамкори ношинос тааҷҷуби милисаҳоро ба бор наовард. Наздики соати 14:15 дақиқа қатори мошинҳои ҳукуматӣ вориди дарвозаи Боровитский шуданд. Ӯ мошини аввалиро раҳо кард (чун мошини Брежнев дар қатор одатан дуввум ҳаракат мекард) ва ҳини наздик шудани мошини дуввум (ЗИЛ 111Г) ба пеш баромада, тирезаи пеши мошинро аз 2 таппонча ҳадаф қарор дода, тавонист дар 6 сония 11 тир ба мошин холӣ кунад. Лек Брежнев дар мошини дуввум набуд. Дар ин мошин иштирокчиёни вохӯрӣ кайҳоннавардон-Леонов, Николаев, Терешкова ва Береговой қарор доштанд. Береговой дар курсии пеш назди ронанда нишаста буд ва Илин ӯро бо Брежнев иштибоҳ кард. Дар натиҷаи суиқасд ронандаи мошин Иля Жарков ҳалок ва Береговой бо шишапора маҷрӯҳ шуд, аммо тавонист чанбараки мошинро соҳиб шаваду мошинро боздорад. Аз кайҳоннавардони дигар, танҳо Николаев аз пушт захмӣ шуд ва боқимондаҳо осеб надиданд. Қотили нокомро 1 мототсиклрони ҳамроҳ Василий Затсепилов безарар кард. Вася мототсиклро рост ба болои Илин ронда, худаш низ аз тири қотили ноком маҷрӯҳ шуд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР