Аз ин рӯ, фармондеҳии рус дар Доғистон ба ҳеҷ гуфтушунид бо ҷангиён розӣ нашуданд, лек бахти Радуев баландӣ карду роҳбарияти Доғистон баъди гуфтушунид розӣ шуд ҷангиёнро то марзи Ичкерия гуселонад. Ҷангиён бештари гаравгононро озод карданд ва бо 230 гаравгон субҳи 10 январ савори 9 автобус ҷониби марзи Чеченистон роҳ пеш гирифтанд. Роҳи бозгашти ҷангиён қад-қади марзи Чеченистон мегузашт ва ӯ ният дошт дар наздикиҳои деҳаи Первомайское, ки то марзи Ичкерияи мустақил 300 метр масофа дошт, марзи Доғистону Чеченро убур кунад. Аммо дар наздикиҳои сарҳад дастаи ҷангиён аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Русия мавриди тирборон қарор гирифт. Чархболҳои рус мошини кормандони БДАи Доғистонро, ки ҷангиёнро ҳамроҳӣ мекард, ҳадаф қарор доданд ва сипас пули болои рӯди Терекро хароб карданд. Роҳи ҷангиён ба Ичкерия тариқи ин масир дигар имкон надошт. Радуев аз русҳо талаб кард, ки роҳи дигаре барояш муҳаё кунанд ё купрукро барқарор созанд, аммо ҷавоби рад гирифт. Баъди чунин ранг гирифтани кор ӯ 36 тан милисаи дигар низ (кормандони ОМОН и Новосибирск)-ро гаравгон гирифта, дар Первомайск мустақар шуд.
Омодагӣ
4 рӯзи баъд (аз 10 то 14 январ) тарафҳо ба даргирии оянда фаъолона омодагӣ медиданд. Ӯ бо қумандонҳояш Турпал Атгиреев, Хункар Исрофилов ва Айдамир Абалаев дар 4 рӯз Первомайскро сахт мустаҳкам кард. Ҷангиён хандақҳои зиёде кофта, онҳоро бо роҳҳои зеризаминӣ бо ҳам пайваст карданд. Русҳо низ дар ин муддат нерӯи зиёде дар атрофи Первомайск ҷамъ оварданд. Гурӯҳи зарбазани русҳо аз 2500 ҷанговар, 32 тӯп ва миномёт, 3 дастгоҳи реактивии "Град", 54 БМП, 22 БТР, 4 БРДМ ва якчанд тонку чархболҳои ҷангӣ иборат ёфта буд. Шаби 14 январ яке аз дастаҳои 35-нафараи Радуев тавонист муҳосираро рахна намуда, ба Чеченистон руст шавад. Акнун ҳамроҳи ӯ танҳо 185 ҷангӣ боқӣ монда буд. Ӯ ва қумандонҳояш қасам хурданд, ки то охир биистанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ таслим нашаванд. Вазъи ӯ руз аз рӯз муташанниҷ мешуд ва ҷангиён дарк мекарданд, ки бояд ҳарчи зудтар муҳосираро рахна кунанд. Аз беруни хати мудофиа низ чанд дастаи чеченҳо ният дошт ба кумаки ӯ биояд, аммо русҳо тавонистанд ҳуҷуми онҳоро зада гардонанд. Ӯ ва Турпал баъди машварати зиёд қарор доданд шаби 19 январ амалиёти наҷотбахшашонро амалӣ гардонанд. Чеченҳо бо худ 170 гаравгонро ҳамроҳ гирифта, пои бараҳна субҳи барвақт ҷониби марзи Ичкерия ҷумбиданд. Сари роҳи Радуев дар хатти мудофиаи русҳо ҷанговарони бригадаи 22-и таъиноти махсус сангар гирифта буданд. Русҳо ҷангиёни ӯро дер диданд ва чеченҳо тавонистанд бо ҳамлаи шадид мудофиаро рахна намуда, аз болои лӯлаи газӣ Терекро убур кунанд. Русҳо наздики 50 ҷанговарро талаф доданд. Талафоти ӯ бошад тибқи иттилои чеченҳо 70 тан буд, аммо манобеи русӣ кушта шудани 150 ҷангиро таъйид мекунад. Ӯ инчунин тавонист 82 гаравгонро, ки миёнашон 29 хизматчии ОМОН Новосибирск буданд, ба Чеченистон гузаронад. Баъди 1 моҳи воқеъаҳо ГосДуми Русия барои озод шудани милисаҳои Новосибирск, бо қарори хос ҷангиёни асири Радуевро сафед кард. Русҳо дар Первомайск 11 тан ҷангиро асир гирифта буданд, ки 4 каси инҳо дар асорат фавтиданд ва 7 тани боқимондаро ба ивази озодии ОМОН озод карданд. Русҳо инчунин ҷасади 36 ҷангиро ба чеченҳо баргардониданд. Радуев, Хункар, Турпал ва Айдамир барои юришашон ба Кизляр бо мукофоти олии Ичкерия ордени "Номуси миллат" қадр ва ба онҳо унвони "генерали бригада" дода шуд.
Зокирҷон Бобоев,
ноҳияи Ҳисор