ХАБАРИ ДОҒ

 

Муҳорибаи Сталинград яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҶБВ аст. Маҳз дар рафти ин ҳарб артиши шикастнопазири Гитлер бори аввал дар рафти ҶБВ ба муҳосира гирифта шуд. Нерӯҳои олмонӣ то ин ҳин дар ҳеҷ ҷанг муҳосира нашуда буданд ва Фюрери олмонӣ аслан ба хаёлаш ҳам намеомад, ки артишаш дар ин ҳол меафтад. Лек Сталинград инро ба воқеъият табдил дод. Муҳориба ҳанӯз тобистони с.1942 оғоз шуд ва то октябр немисҳо қариб пурра Сталинградро ба тасарруфи худ дароварданд. Аммо Артиши Сурх 19.10.1942 ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Амалиёт Уран ном гирифта, дар натиҷаи он армияи 6-и фелдмаршал Паулюс ба муҳосира гирифта шуд. Дар набарди Сталинград зидди нерӯҳои СССР дар қатори артиши Рейхи 3-ум инчунин нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ ширкат карда буданд. Ҷанг барои Сталинград 2.02.1943 поён ёфт. Онро бисёриҳо хунинтарин даргирӣ дар таърихи инсоният донистаанд ва тибқи оморҳои расмӣ, талафоти ҳар 2 тараф, аз 2 млн. нафар зиёдро ташкил додааст.

Бисёре аз муаррихон бар инанд, ки дар амалкарди фармондеҳии шӯравӣ мунаҷҷимон дахл доштанд. Ба андешаи онҳо Уран ном гирифтани ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх маҳз бо пешниҳоди ситорашиносон сурат гирифт. Ба диди ситорашиносон артиши олмонӣ ба сайёраи Уран вобастагӣ дошт ва 19.11.1942 ҳини оғози ҳуҷуми шӯравӣ ин сайёра, нуқтаи болораванда (ботия) дар сайёраи Марс қарор дошта, нуқтаи поинии эклептикӣ бошад ба сайёраи Уран рост меомад. Мавориди аҷибу ғариби дигаре низ дар рафти муҳориба ба чашм мерасиданд. Масалан, дар армияи 51-и шӯравӣ дастаи автоматдорон бо сардории лейтенанти калон Александр Невский амал мекард.

Таблиғотчиёни фронти Сталинград бошанд овозаҳоеро паҳн карданд, ки афсари шӯравӣ насли мустақими князи рус аст, ки немисҳоро дар кӯли Чуд шикаст дода буд. Фармондеҳии шӯравӣ ҳатто Невскийро ба ордени Байрақи Сурх пешбарӣ кард.

Дар сӯи олмонӣ бошад, абераи Отто фон Бисмарк канслери маъруфи олмонӣ меҷангид. Бисмарк бошад ҳамеша таъкид мекард, ки Олмон ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бо Русия даргир нашавад. Тарафи шӯравӣ дар рафти ҳарб навоварии инқилобии дигар-фишори равониро бар аду роҳандозӣ намуд. Аскарони шӯравӣ дар хатти пеши ҷанг баландгӯякҳоро насб карда, мусиқии немисиро барои аскарони Паулюс мешунавониданд. Аммо аз ҳама таъсири зиёд тақ-тақи зарбасанҷ дошт. Баъди ҳар 7 зарба, ин тақ-тақ боздошта шуда, эълон мегардид, ки "ҳар 7 сония дар фронт 1 аскари немис ба ҳалокат мерасад". Немисҳо ахир тоб наоварда, таслим шуданд. Дар натиҷа, нерӯҳои шӯравӣ 1 фелдмаршали немис ва 24 генерали армияи 6-ро ба асорат гирифтанд. Шумораи умумии асирон бошад 91.000 касро ташкил дод. Артиши Сурх инчунин 5762 тӯп, 1312 миномёт, 12701 пулемёт, 156987 туфанг, 10722 автомат, 744 тайёра, 1666 тонк, 261 мошини зиреҳпӯш, 80438 мошин, 10679 мототсикл, 240 трактор ва 3 поезди зиреҳпӯшро ба ғанимат гирифтанд.

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter