ХАБАРИ ДОҒ

Андропов-охирин наҷотбахши СССР

  • Чоршанбе, Фев 13 2019


9 феврали соли 1984 баъди бемории тӯлонӣ котиби аввали ҲК ИҶШС, Юрий Андропов аз олам чашм пӯшид. Андропов яке аз пурмуаммотарин чеҳраҳои сиёсии авохири СССР ба шумор мерафт ва марги ӯ сару садоҳои зиёд дар ҷомеаи шӯравӣ эҷод кард. Ӯро мешавад охирин эҳёгари суннатҳои фаромӯшшудаи кишвари Шӯроҳо унвон кард. Андропов аз зумраи ангуштшумор сиёсатмадорони шӯравӣ ба шумор мерафт, ки вазъияти ногувори Иттиҳоди Шӯравиро дарк мекард  ва кӯшиш кард кишвари Шӯроҳо аз хатари қарибулвуқӯъ ҳифз кунад. Давраи ӯ дар СССР бисёр кӯтоҳ вале аҷибу бисёр ғарбибе буд.                                                                                                       

Аз КГБ ба Политбюро
Ситораи сиёсии Андропов бо таъини ӯ ба ҳайси роҳбари вақти КГБ ба ҳамагон ҷилвагар гардид. Юрий Андропов то ин вақт ҳатто як рӯз ҳам дар ин ниҳод фаъолият накарда буд ва кам касе гумон мекард, ки рӯзе роҳбарии ин ниҳодро ба зимма мегирад. Аз ин болотар Андропов дар таърихи фаъолияти КГБ баъди Феликс Дзержинский шояд самараноктарин роҳбари ин ниҳод ба шумор мерафт. Замои роҳбарии ӯ КГБ и СССР ҳеҷ кӯтоҳи дар анҷоми вазифа намекард ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеъаи шӯравиро таҳти назорат қарор дода буд. Пеш аз Андропов ба КГБ Владимир Семичастний роҳбарӣ мекард. Аммо миёнаҳои моҳи маи соли 1967 Брежнев якбора дар як нишасти Бюрои сиёсӣ ӯро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари КГБ холӣ кард ва Анропов раиси КБД гардид.    

 Мегӯянд худи Андропов зидди ин амалкард баромад ва дар нишасти Бюрои сиёсӣ иброз намуд, ки “Шояд ин корро накунед. Ман ҳеҷ тассавуре дар бораи кор дар ин ниҳод надорам”. Аммо Брежнев ва дигарон, ки мехостанд ба ҳар васила Семичастнийро аз роҳбарии ин ниҳод сабукдӯш кунанд, ба зиддияти Андропов эътино накарданд. Бо вуҷуди ин Юрий Андропов 15 сол ба  қудратмандтарин ниҳоди СССР сарварӣ кард ва маҳз ишғоли ин вазифа ӯро ба як симои қудратманди ҲК табдил дод.                                                                                        

Баъзеҳо ақида доштанд, ки Андроповро духтурон нодуруст табобат карданд ва котиби генералӣ пеш аз мӯҳлат дунёро тарк намуд. Аммо як иддаи дигар, ки миёни онҳо собиқ вазири дифои СССР Устинов, аъзои Бюрои сиёсӣ Громико ва Чебриков қарор доранд бар ин ақидаанд, ки Андропов бар асари захми тир аз олам чашм пӯшид. Баъди мурдани Андропов қудратро дар СССР боз командаи собиқи Брежнев дар симои Константин Черненко ишғол кард ва муборизаи тӯлонии Андропов ва Брежнев бо ғалабаи дуввумӣ поён пазируфт.

Даврони тилоии Бержнев
Давраи Брежневро одатан давраи “тиллоии” СССР ном мебаранд. Аммо дар авохири ҳукуматдории Иличи дуввум вазъияти СССР ба шиддат бӯҳронӣ буд. Тамоми зинаҳои ҳукуматиро фасод фаро гирифта буд ва дар зинаҳои болои аз ҳама бештар ба назар мерасид.                                                                                      

Вазъият ба ҳадде расид, ки ҳар масъули ҳукуматиро мешуд бо ин айб зиндонӣ кард. Як кофтукоби сатҳии манзили ҳар масъул фасодкории ӯро ба осонӣ собит мекард. Юрий Андропов баъди марги Брежнев роҳбарияти як чунин кишварро ба ӯҳда гирифт. Андропов ба ҳайси сарвари КГБ аз ин вазъ ба хуби огоҳ буд ва баъди омадан ба сари қудрат хост ин вазъиятро ислоҳ кунад. Сар то сари кишварро тафтишҳо ва назоратҳо фаро гирифтанд. Дигар касе наметавонист то вақти муайяншуда ҷои кориашро тарк кунад. Мавҷи тозакуниҳо дар зинаҳои болоии ҳукумат ҳам дида мешуданд.  Чандин нафар аз масъулини баландпоя худкушӣ карданд. Андропов пеш аз ҳама ВКД и кишварро мехост поксозӣ кунад. Баъди чанде вазири Корҳои Дохилӣ Шёлоков, ки аз соли 1966 ба ин ниҳоди бо нуфуз сарварӣ мекард ва ҷонишинаш, генерал Юрий Чурбанов  (домоди Брежнев) ба ҳабс гирифта шуданд.

Террори Андропов
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз аз замонҳои Ленину Сталин суннате роиҷ гардида буд, ки манзили истироҳатӣ ба таъбири имрӯза “дача”-и роҳбарони ду ниҳоди қудратии СССР - ВКД ва КБД дар ҳамсоягии ҳамдигар қарор доштанд. Миёни онҳо ҳатто девори муштарак вуҷуд надошт. Тибқи ин суннат роҳбарони ин ду ниҳод мебоист бо ҳам дӯсту рафиқ мешуданд ва ҳамсоягӣ ба ин амр кумак мекард.    Аммо Андропов бо Шёлоков ҳеҷ гоҳ дуст нашуданд ва девор низ миёни манзили онҳо, танҳо ба хотири суннати қабли бунёд нагардидАндропов бо Шёлоков дар Маскав низ дар як бино ҳамроҳи Брежнев зиндагӣ мекарданд. Андропов як ошёна болотар аз Брежнев истиқомат мекард ва манзили Шёлоков бошад, як ошёна поинтар қарор дошт. Зани Шёлоков бошад, дугонаи аз ҳама наздики зани Брежнев буд.                                                                                            

Баъди ҳабси Шёлоков ва Чурбанов утоқи кории Анроповро ёру ошноҳои вазири собиқ пур карданд. Анроповро илтимос мекарданд аз гуноҳи Шёлоков гузарад. Аммо Андропов андеша дошт, ки Шёлоков милисаи шӯравиро ба “клани мафиозӣ” табдил дод ва бояд ҳатман ҷазо бинад. Он рӯзе, ки ин ҳодиса иттифоқ уфтод Андропов дар дачаи худ қарор дошт. Юрий Андропов дар айвони манзилаш китоберо мутолиа мекард. Баъди чанде аз хонаи Шёлоков зане берун шуд ва ҷониби манзили Андропов омадан гирифт. Муҳофизи котиби генералӣ инро дид ва Андроповро огоҳ кард, ки зани Шёлоков бо шумо кор дорад“Боз илтимос мекунад” гуфт Андропов ва ба муҳофиз дастур дод, ки монеаш нашавад. Касе аз зани Шёлоков сӯиқасдро интизор надошт ва ӯ наздиктар омада, таппончаашро берун кашид. Мегӯянд Андропов аз дасташ тир хурд. Тибқи назари расмӣ сабаби марги котиби генералии ҲК норасоии кори гурдаҳо буд, аммо ба андешаи ин гурӯҳ  маҳз ин захм сабаби вуқӯи ин ҳолат гардид.                                          

Ба андешаи Устинов сӯиқасд ба Андропов дар ҳузури писари дуввуми котиби генералӣ Юра ва котиби аввали кумитаи шаҳри Маскави ҲКИШ Гришин, ки аъзои Бюрои сиёсӣ ҳам буд, иттифоқ уфтод. Ба ақидаи Устинов маҳз Гришин ба ин дидор пофишорӣ кард ва зани гирёни Шёлоковро ба ҳузури Андропов овард. Аммо роҳбари собиқи КГБ СССР Владимир Крючков, ки он замон сарварии шӯъбаи 4 уми КГБ ро ба ӯҳда дошт ин фарзияро рад мекунад ва мӯътақид аст Юрий Андропов бо марги табиӣ аз дунё рафт.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter