ХАБАРИ ДОҒ


Иди занонро ба диди бархе аз муаррихин, ҳатто дар Руми қадим ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим карда, занони ғуломро низ истироҳат медонанд. Ин рӯз ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд ва одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу тӯҳфаҳо тақдим намоянд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд. Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Бори аввал 8.03.1857 дар ш.Нйю Йорк коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ барои баргузории 1 гирдиҳамоии эътирозӣ ҷамъ шуданд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат мекарданд ва ҳеҷ ҳуқуқе надоштанд. Занон аввалин Иттифоқи касабаи худро таъсис дода, талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам ва музди меҳнаташон афзояд. Бори дуввум, баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи февралмоҳи с.1908 боз занони Нй-Йорк ба кӯчаҳо рехта, ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. Лек расмӣ шудани 8 март ба фаъолияти сотсиалистон алоқаманд аст. С.1910 дар Копенгаген-пойтахти Дания Конфронси 2-уми байналмилалии сотсиалистон доир шуд. Дар он занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис Роза Люксембург ва Клара Сеткин вохӯрданд. Баъди баррасии авзоъ Клара пешниҳод намуд, ки рӯзи байналмилалии занонро таъсис диҳанд.

Ӯ ба иштирокчиёни Конфронс "тезисҳои" худро пешкаш ва иддао кард, ки ин рӯзи занон баҳонаи хубе барои гузаронидани гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо хоҳад шуд ва ахир, занони дунёро барои муборизаи сиёсӣ муттаҳид хоҳад кард. Дар оғоз санаи баргузории рӯзи занон чандон мушаххас набуд. Ин идро дар кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гуногуни моҳи март ва май ҷашн мегирифтанд. Бори аввал рӯзи занон 19.03.1911 дар Дания, Олмон, Австрия ва Шведсия ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯз занон гирдиҳамоии оммавӣ доир ва талаб карданд, ба онҳо ҳуқуқи интихобот ва ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дода шаванд. С.1914 бошад ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии занон ба якшанбе, 8 март рост омад. Маҳз аз ин вақт санаи аниқи иди занон 8 март муайян карда шуд. Лек рафта-рафта Рӯзи байналмилалии занон рангу бори сиёсии худро аз даст дода, ба иди хонаводагӣ табдил ёфт.

Нон ва сулҳ
Дар Русия рӯзи занонро бори аввал 2.03.1913 қайд карданд. Дар ин рӯз дар шаҳри Санкт-Петербург занони рус ҷамъ омада, тарафдории худро аз сотсиалзанони аврупоӣ иброз намуданд. Дар якшанбеи охири с.1917 бошад, ки ба 8.03.1917 (бо солшумории григорианӣ) рост омад, занони императории Русия бо шиори "Нон ва сулҳ" ба майдонҳои шаҳрҳои бузурги кишвар рехтанд. Дар Петроград коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагии шаҳр корпартоӣ эълон карданд. Ин аввалин корпартоие шуд, ки Русияро ба инқилоби февралӣ оварда расонид. Баъди пирӯзии болшевикон ва роҳандозии ҳукумати Шӯроҳо, 8 март иди давлатӣ эълон карда шуд. Дар оғоз онро "Рӯзи назорати нерӯҳои ҷангии коргарзанон ва деҳқонзанони кишвар" номида буданд. Бо вуҷуди ин қариб 45 сол 8 март бештар танҳо аз ҷониби занон эътироф шуда буд. Занон дар ин рӯз гирди ҳам ҷамъ шуда, дар маҷлисҳо кору дастовардҳои худро баррасӣ мекарданд. Дар СССР дар ин рӯз 1 расми идона ҷорӣ буд. Ҳар сол 8 март чорабиниҳои ботантана доир мешуданд ва давлат дар назди ҷомеа аз татбиқи сиёсати худ нисбат ба занон ҳисобот медод. Бо вуҷуди ин иди занон дар СССР чун 1 иди маъмулӣ таҷлил мегардид.

Иди занон ва Госплан
Танҳо с.1965 ҳукумати Шӯравӣ бо қарори худ 8 мартро дар сатҳи ҳукуматӣ эътироф ва онро рӯзи истироҳат эълон намуд. Саҳми асосӣ дар ин кор ба Валентин Александров, ки тамоми баромадҳои аъзои Бюрои сиёсиро таҳия мекард, тааллуқ дорад. Ӯ апрели с.1965 лоиҳаи баромади Брежневро дар рӯзи Ғалаба омода мекард. Аввалин кишвари Шӯроҳо он сол 20-солагии ғалабаро ҷашн мегирифт ва Брежнев таъкид карда буд, ки дар баромадаш қаҳрамониҳои занҳои шӯравиро дар майдонҳои ҶБВ ҷой диҳанд ва қадрдонии волои ҳизбро аз занон таъкид кунанд. Валентин менависад: "Шаб ба хона омада, масъаларо бо занам дар миён гузоштам". Зани ӯ ба шавҳар ҷавоб медиҳад: "Ҳизби ту кори беҳтаре мекард агар ба ҷои суханони беҳуда, зиндагии занонро сабук менамуд". Валентин бо руҳбаландӣ ба Брежнев таклиф кард, фардо 8 март рӯзи занонро рӯзи истироҳат эълон кунад. ГенСек фавран масъаларо ба рӯзномаи нишасти Раёсати КМ ворид кард. Аммо ёвари ӯ Голиков бо эътироз амалишавии пешниҳодро кори душвор номид, ки Госплан ба ин розӣ намешавад. Брежнев гуфт, ки “Госпланро розӣ мекунем”. Рӯзи дигар Раёсати КМ ҲКИШ қарор дод ба баромади Брежнев тезиси нав ворид карда шавад. Дар ин тезис омада буд: "Рӯзи байналмилалии занон 8 март дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи истироҳат эълон карда шавад". С.1977 иди занон воқеан байналмилалӣ шуд. Дар ин сол СММ бо қарори худ таҳти №32/142 8 мартро Рӯзи мубориза барои ҳуқуқҳои занон эълон ва аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки онро расман эътироф кунанд. Баъди пошхӯрии СССР Рӯзи байналмилалии занон дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон чун иди давлатӣ боқӣ монд. Имрӯз Рӯзи байналмилалии занон дар 32 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад, ғайр аз Аврупо. Албатта мардон ҳам рӯзи байналмилалии худро доранд. Бори нахуст Рӯзи байналмилалии мардонро 19 ноябр дар кишвари амрикои лотинӣ Тринидат ва Табо ҷашн гирифтанд ва баъди чанде ин рӯз ҳам ҷанбаи фаромиллӣ касб карда, имрӯз дар кишварҳои гуногун таҷлил мегардад.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter