ХАБАРИ ДОҒ

Шикасти садди ҳазорсола

  • Чоршанбе, Март 06 2019


Сулҳ ва Замин
Шикасти садди 1000-сола феврали с.1917 иттифоқ уфтод. Инқилоби Февралӣ аввал дастгоҳи ҷазоиро, ки тавассути он синфҳои ҳукмрон синфи нодорро зери назорат нигаҳ медоштанд, аз миён бардошт. Дуввум, он садди равони  (психологи)-ро, яъне боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути ин синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мешуд, бартараф намуд. Саввум, маҳз феврал ҳизби кадетҳо (ҳизби асосии буржуазияи рус)-ро сари қудрат овард ва ин ҳизб душмани асосии сохти подшоҳӣ шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз шуд, лек нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург - деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тир кушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт. Мавқеи ишғолкардаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худ назди Дума омаданд ва аз вакилони мардумӣ талаб карданд, ки қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд. Бо ҳамин, феврали с.1917 ҳукумати мутлақи подшоҳӣ дар симои Николайи 2 бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёси иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт ва асоси онро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил доданд.

Лек аллакай пас аз 1 моҳ аён шуд, ки мардум ва Ҳукумати муваққат ба ҳалли 2 масъалаи асосӣ-замин ва сулҳ назари мухталиф доранд ва аз ин 2 масъала замин ҳалли душвортаре дошт. Кадетҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд талаби деҳқононро дар мавриди барҳам додани моликияти хусусӣ ба замин ва тақсими баробари он миёни ҳамаи деҳқонон иҷро кунанд. Чун дар амал татбиқ додани ин барнома на танҳо ба заминдорони калон зарба мезад, балки асоси моликияти хусусиро зери суол мебурд. Заминдорони калон бештари замини худро дар бонкҳо ба гарав гузошта буданд ва қисмати дигари замин бошад тавассути иддае аз деҳқонон ва сокинони шаҳрӣ боз бо қарзҳои бонкӣ харидорӣ шуда буд. Агар талаби оммаи деҳқонон ҷомаи амал мепӯшид, бӯҳрони шадидеро дар истеҳсолоти шаҳрӣ ба бор меовард. Замин масъалаи сулҳро дар кишвар дуюмдараҷа кард. Иттиҳод бо Антанта барои кадетҳо бисёр муҳим буд ва маҳз ин кадетҳоро аз бастани сулҳи сепаратӣ бо немисҳо боз медоштанд. Ҳукумати муваққат хуб дарк мекард, ки поёни ҷанг (ба ҳар навъе, ки он поён наёбад) ислоҳоти аграриро ба мавзӯи рӯз табдил медод. Лиҳозо, ба диди кадетҳо идома додани ҷанг имконияти боздоштани инқилобро дар зери шиорҳои мустаҳкам кардани интизом дар фронт ва ақибгоҳ муҳайё мекард.                                                                                             

Диктотурии кадетҳо
Кадетҳо бо вуҷуди ҷаҳонбинии рӯшанфикронаашон хеле зуд ба хулосаи зарурати ҷорӣ кардани диктатураи ҳарбӣ расиданд. Инро метавон лаҳзаи калидӣ номид. Равшанфикрони рус дар симои кадетҳо маҷбур буданд иқрор кунанд, ки бо усулҳои либералӣ инқилобро дар чаҳорчӯби демократияи буржуазӣ дигар нигоҳ дошта наметавонанд. Нақши диктаторро кадетҳо ба генерал Л.Карнилов супурданд, лек шӯриши ӯ ба нокомӣ дучор шуда, сабабҳои нокомиаш низ маълум буданд. Аскарон таҳти таъсири таблиғоти инқилобӣ аз афсарон тарафдорӣ накарданд. Фосилаи бузург миёни болоҳо ва поинҳо мисли ҳамеша нақши худро ифшо кард. Кадетҳо баъди нокомии ӯ дигар ба пуррагӣ аз боварии коргарон ва деҳқонон баромаданд. Акнун қисмати ояндаи инқилоб аз мавқеи эссерон ва меншевикҳо вобастагӣ дошт. Баъди баҳсу мунозироти шадид сотсиалистони ростгаро ба гирифтани қудрат розӣ нашуданд ва ба ҳимоя ҳукумати Керенский овоз доданд ва ӯ бошад дар асл ҳамон сиёсати кадетҳоро идома медод ва ҳалли масъалаи замину сулҳро ба таъхир меандохт. Аммо ин сиёсат дигар имкони худро аз даст дода буд ва ҳар кӣ онро пиёда мекард ночор ба нокомӣ дучор мешуд.

Эълони ҷумҳурӣ
Тирамоҳи с.1917 деҳқонони рус ба ишғоли оммавии худсаронаи заминҳои помешикҳо сар карданд. Ҳукумати Керенский бошад на метавонист садди роҳи ишғолкуниҳо шавад ва на мехост онҳоро ба расмият шиносад. Ҳамаи ин ба буҳрони навбатии ҳукуматӣ мунҷар шуд. Ахир, 14.09.1917 дар импературии собиқ ниҳоди нави ҳукумати Директория таъсис ёфт. Ин ниҳод аз 5 тан иборат буд ва ба он Керенский сарварӣ мекард. Худи ҳамон рӯз намояндагони ниҳоди нав Русияро Ҷумҳурӣ эълон карданд. Ҳукумати нави ӯ интизори Маҷлиси Муассисон нашуда, дар кишвар озодиҳои сиёсиро ҷорӣ кард. Эссерон ба осонӣ метавонистанд ӯро маҷбур кунанд, ислоҳоти аграриро низ эълон кунад, аммо ин корро накарданд. Дар тамоми ин вақт эссерон кӯшиданд бо кадетҳо дар масъалаи замин ба тавофуқ бирасанд. Хатоии асосии эссерон ин буд, ки с.1917 вақте масъалаи гузаштан ба сотсиализм ба мушкили №1 дар кишвар табдил ёфт, пешвоёни эссерҳо ба хулосае омаданд, чунин гузариш дар шароити Русия ҳанӯз барвақт аст ва худ нохоста аз мавқеи меншевикон дифоъ карданд. Ҳамин тариқ, сар боз задани ҳукумати Керенский ва сотсиалистони рус (эссерону меншевикон) аз ҳалли масъалаи замин ва сулҳ барои болшевикон роҳро ҷониби қудрати сиёсӣ ҳамвор кард. Ба таъбири дигар маҳз ин 2 масъала сабабҳои бевоситаи таърихии инқилоби Октябрӣ шуданд. Талабҳои аграрии деҳқонон инқилоби февралии русро аз чаҳорчӯби инқилоби буржуазӣ хориҷ мегардонд ва танҳо ҳизбе, ки тайёр буд аз ин чорчӯб берун ояд, ба тарафдори оммаи васеи мардум ноил мешуд. Сотсиалистони ростгарои рус бошанд ин масъулиятро ба дӯш нагирифтанд.

Зокирҷон Бобоев,
н.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter