ХАБАРИ ДОҒ


Таслими Рейхи саввум
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи собиқ СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ) ба шумор мерафт ва онро ҳамасола шукӯҳманд ҷашн мегирифтанд. Заминасози ин рӯз амалиёти Берлинии Артиши Сурх (АС) шуд, ки 23 рӯз (аз 16 апрел то 8.05.1945) идома ёфта, чун бузургтарин муҳорибаи Ҷанги Ҷаҳонии 2-юм шинохта шудааст. Ба АС дар ин амалиёт маршал Георгий Жуков фармондеҳӣ мекард. 8 май дар музофоти Берлин миёни сардори ситоди сарфармондеҳии олии вермахт фелдмаршал В.Кейтел, ҷонишини Сарфармондеҳи олии АС маршал Жуков ва маршали нерӯҳои ҳавоии Англия А.Теддер Санад дар бораи таслими бечунучарои Олмони фашистӣ ба имзо расид. 9 май, соати 2:10 дақиқаи шаб ровии машҳури шӯравӣ Юрий Левитан аз радио Санади таслим ва қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар мавриди эълон кардани 9 май чун Рӯзи Ғалабаро қироат намуд. Баъд аз ба имзо расидани Санад боқимондаҳои артиши олмонӣ силоҳҳоро ба замин гузоштанд. Дар Курляндия 189.000 аскару афсар ва 42 генерал, дар болооби дарёи Висла гурӯҳи 75.000-нафара бо 12 генерал таслим шуданд.

Шикасти Вермахт
Рӯзи ғалаба яке аз ҷашнҳои асосӣ дар собиқ СССР ва нишондиҳандаи шарафмандии мардуми шуравӣ будӣ. Ба касе ҳам пӯшида нест, ки маҳз СССР ва нерӯҳои мусаллаҳаш бори азими муқовиматро зидди Рейхи 3-ум ба танҳоӣ бардоштанд. Маҳз АС камари Вермахти олмониро шикаста, душмани ишғолгарро то даруни хонааш ронд. 26.04.1965 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар қаламрави кишвар 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон шуд. Пештар 9 май дар тамоми кишварҳои Созишномаи Варшава ва Югославия чун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешуд, лек баъди пошхурии Блоки шарқӣ ҳукуматдорони нав аҳамияти таърихии ин рӯзро ба таври дигар маънидод мекунанд.

СССР дар ғалаба бар Олмони фашистӣ нақши калидӣ ифшо кард ва ғалаба бешак дастоварди умумии тамоми халқҳои собиқ СССР буд. Ҳама халқҳои ин абарқудрат, аз ҷумла, тоҷикон дар ғалаба бар Олмони фашистӣ нақш доштанд. Сокинони зиёди Тоҷикистон, чун дигар шаҳрвандони СССР аллакай дар рӯзи аввали ҷанг дар назди кумитаҳои ҳарбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷамъ шуданд ва талаб мекарданд, то онҳоро ба фронт фиристанд. Тоҷикистон ба фронтҳои ҶБВ наздики 300.000 сарбоз фиристод, ки дар ҳарбҳои назди Маскав, Ленинград, Сталинград ва Курск ширкат карда, ҷоннисории зиёд аз худ нишон доданд. Тамоми аҳолии РСС Тоҷикистон дар с.1940 наздики 1,4 млн. нафар буд ва аз ҷумҳурии кучаки мо 20%-и аҳолӣ-тамоми мардони бузургсол ба фронт рафтанд. Аз ин теъдод беш аз 60.000 сарбоз ҷони худро аз даст доданд. Боқӣ барои ба даст овардани ғалаба дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд. Осиёи Миёна дар солҳои ҷанг яке аз базаҳои муҳими Артиши Сурх буд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (аз ҷумла, Тоҷикистон) тӯп, тиру туфанг, сару либос, пойафзоли ҳарбӣ, абрешим барои парашют, хӯрока... истеҳсол мекарданд. Барои меҳнати зарбдор зиёда аз 100.000 тоҷикистонӣ бо ордену медалҳои гуногун ва барои мардонагӣ дар рафти ҷанг бошад, наздики 55.000 сарбози тоҷик бо ордену медалҳои ҷангӣ қадр шуданд, ки миёни онҳо 15 Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар дорандаи ҳар 3 дараҷаи ордени Шараф буданд.


Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев. Тел: 93 777 66 30.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter