С.1905 ба сафи РСДРП пайваста, чун шахси сарватманд ба ҳизб ёрии зиёди молӣ мекард. Ба ҳайъати Бюрои марказии хориҷии РСДРП ва ба Ҳизби сотсиалистии Англия низ шомил шуд. Ин ҳангом ӯро чун меншевик-интернатсионалист мешинохтанд. С.1917 дар оғози инқилоби болшевикӣ дар Англия иқомат дошт ва ба ҳайси котиби "Комиссияи русӣ барои мусоидат ба бозгашти муҳоҷирон ба ватан" фаъолият мекард. Дар Англия барои таблиғоти зиддиҷангиаш ва "алоқа бо душманон" ба ҳабс гирифта, баъди 1 сол (1918) болшевикон ӯро бо сафири Англия дар Русияи подшоҳӣ Бюкенен иваз карданд.
Комиссари вундеркинд
Баъди бозгашт ба Русия Чичерин ба ҳизби болшевикон шомил шуда, Комиссариати нави корҳои хориҷиро дар ҳукумати болшевикон ба ӯҳда гирифт. Ӯ миёни ҳамаи комиссарҳои халқӣ бо маълумот буду бо бештари забонҳои аврупоӣ ва чанд забони шарқӣ суҳбат мекард. Чунон фидоии кор буд, ки ҳатто дар Комиссариати корҳои хориҷӣ мезист. Нақши ӯ дар сиёсати хориҷии аввалин кишвари Шӯроҳо низ хеле бориз аст. Дар имзои сулҳи Брест бевосита ширкат варзида, с.1922 дар конфроси Генуя ва с.1923 дар конфронси Лозан низ аз РСФСР намояндагӣ кард. Мазҳ бо кӯшиши ӯ РСФСР бо Олмон сулҳи Раппалро баст ва дар арзаи байналмилалӣ эътироф шуд. Ба ақидаи коммунистӣ содиқ буд, аз инқилоби ҷаҳонии коммунистӣ тарафдорӣ мекард. Нақши ӯ дар тақсими миллӣ-маҳаллии Осиёи Миёна (ОМ) низ дида мешавад. Болшевикон дар сафи тақсимоти миллӣ, инчунин тақсимоти иқтисодиро низ дар назар гирифта буданд ва тибқи назарияи 2-ум дар ОМ мебоист 2 ҷумҳурии аз нигоҳи иқтисоди пурзӯр таъсис дода мешуд. Ӯ дар ҳамкорӣ бо ховаршиносони маъруфи рус лоиҳаи мустақими худро ба Бюрои сиёсӣ пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи ӯ, ки бар асли тақсими иқтисодии ОМ барпо гашта буд, дар ҳудуди собиқ аморати Бухоро ва қисмате аз хонигарии Қӯқанд мебоист Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон таъсис меёфт. Мутаассифона, дар Маскав ба ин лоиҳа ризоят надоданд ва он танҳо дар коғаз боқӣ монд. Муносибати ӯ бо Сталин низ чандон хуб набуд. Аммо Сталин, ки ба донишу заковати ӯ арҷ мегузошт ва медонист, ки қудратталаб нест, ҳамеша боадабона муносибат мекард. Ӯ с.1930 аз вазифаи комиссари корҳои хориҷӣ истеъфо дода, 7.07.1936 фавтид. Мушовири сафорати Олмон Густав Хилгер дар бораи ӯ навишта буд: "Ин одами хурдакак аз манофеи кишвари худ дар конфронсҳои байналмилалӣ чунон бо виқор ва сухандонӣ дифоъ мекард, ки ҳатто душманонаш ҳам ӯро ҳурмат мекарданд".
Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30