Деҳае, ки он ҷо қаҳрамон зода шуд, номи фарзанди диловари хешро гузоштаанд. Ҳамчунон мактаби деҳ ва як қатор мактабҳо дар вилояти Чимкент ва Қалмиқистон номи ӯро доранд. Номи ӯ дар лавҳаи ёдгории шаҳраки Октябри вил.Волгоград ҳаккокӣ шудааст. Муҳаққиқи қазоқ, академики Академияи ҳарбии Россия Анвар Исмоилов навишта, ки қӯшунҳои савораи советӣ дар ғалаба дар Волга саҳми шоиста доранд. Дар ҳайати дивизияи 61-и савораи корпуси 4-и савора Спатаеви қазоқ қаҳрамонии бемисл нишон дод. Ин корпус дар оғози муҳосираи Сталинград ба таври фаврӣ тавассути роҳи оҳан аз округи ҳарбии Осиёи Миёна ба маҳалли ҷануби Сталинград оварда шуд. Аз 16 октябр то 8.11.1942 қисмҳои савора (дивизияи 61-уми савораи полковник А.Ставенков ва дивизияи 81-и савораи полковник В.Баумштейн) қатъи назар аз бероҳӣ, барфу борон 550 км тай карда, ба қӯшунҳои ҷанганда ҳамроҳ шуданд.
Муҳаққиқи қазоқ нисбати дивизияи 61 меафзояд, ки ҳайати он асосан аз қазоқу қирғизҳо, туркману ӯзбекон ва тоҷикон иборатанд. Дар маълумоте, ки дастрас шуд, нисбати он дигар ахборе нест. Аз ин рӯ, ба маълумоти азизон мерасонем, ки дивизияи 61 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ш.Сталинобод таъсис ёфтааст. С.1942 ташкилшавии ин дивизия ҳамоно ҷараён дошт: полки 219-и савора дар Сталинобод, полки 213-и савора дар Кӯлоб ва полки 222-и савора дар Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар). Августи с.1942 дар наздикии ш.Сталинобод (ҳудуди имрӯзаи н.Ҳисор) машқҳои савора доир гашта буд, ки дар он котиби якуми ВКП (б) Тоҷикистон Дмитрий Протопопов ва дигар роҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ ширкат карда буданд. Машқҳо таҳти роҳбарии фармондеҳи корпуси 4-и савора генерал-лейтенант Т.Шапкин гузашт. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!». Ин шиор барои халқи тоҷик гапи хушку холӣ набуд. Зеро дивизияи 61 аз ҷумҳурӣ ҳама чизҳои беҳтаринро гирифт: аспҳои беҳтарин, пӯшоки хушсифати бадошт, хӯроквории беҳтарин, эму алаф. Аз ҳама гаронбаҳотарин Тоҷикистон ба ин дивизия фарзандони беҳтарини худро фиристод. Ҳайати он аз тоҷикон, ӯзбекон, русҳо, тоторҳо ва дигар халқият иборат буд. Сарфи назар аз ин заҳмати ташкилиҳо дар дивизия камбуди аскарон (то 350 нафар) ва аспҳо (то 500) ба назар мерасид. Миёнаи сентябри с.1942 ниҳоят дивизия фармони ҳаракат дар ҷабҳаро гирифт. Оғози боркунӣ ба эшалонҳо 21.09.1942 оғоз шуда, онҳо беш аз 20 рӯз бо душвориҳо ба мавқеи муайян расиданд. Октябри с.1942 бо Директиваи Ставкаи Сарфармондеҳи Олӣ аз 10.10.1942 корпуси 4-и савора ба ҳайати фронти Сталинград шомил гашт. Дивизияи 61 21.10.1942 дар ш.Колишин расида, ба соҳили чапи дарёи Волга гузаронда шуд.
Аз шарҳи ҳол
«Ман, Спатаев Қарсибой, с.1918 дар колхози «Кок тюбе»-и н.Чаяновский вил.Қазоқистони Ҷанубӣ таваллуд шудаам. Волидони ман-деҳқонони камбағал, хешовандонам суд ва аз ҳуқуқи овоздиҳӣ маҳрум нашудаанд. Аз с.1931 то 1934 дар мактаби миллии колхози «Кок тюбе», аз сентябри с.1934 то тирамоҳи 1935 дар мактаби нопурраи Чаяновск таҳсил кардаам. Тирамоҳи ҳамон сол дар колхоз ба сифати табелчӣ корро сар кардам. Аз с.1936 то кунун (10.05.1941) ба ҳайси ҳисобчӣ фаъолият дорам. Аз с.1940 узви ВКП (б). Танбеҳи ҳизбӣ нагирифтаам. Ҳангоми интихоботи Шӯрои Олии СССР, Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон ва шӯроҳои маҳаллии вакилон ва меҳнаткашон котиби комиссияи қитъавӣ будам. Аз с.1938 то 1940 ба сифати котиби ибтидоии ташкилоти комсомолии колхоз фаъолият доштам. Ҳама вақт тарғибгар ҳастам. Ба колхозчиён дар омӯзиши қарорҳои ҳизбӣ ва давлат ёрӣ мерасонам. Ҳамсари ман Алишерова Бибиосия-духтари колхозчист. Худ низ колхозчиям. Ин аст шарҳи ҳоли мухтасари ман. Қ.Спатаев. 10.05.1941».
Ниёиш
Модари қаҳрамон Ҷекепар мегирист, ҳамсари ӯ Бибиосия низ фаровон ашк мерехт. Ин натанҳо ашки ғаму андуҳ, балки ашки ифтихор ҳам буд. «Қарсибой, - мегуфт Ҷекепар, -васияти халқашро нашикаст. Бесабаб ман шоҳини даштиро напарвардаам. Фарзандони дигари ман-ғаму андуҳи модарро дар сурб рехта, қасоси Қарсибойро мегиранд».
Иқтибос аз ёддошти ҳамдеҳаи қаҳрамон Таукул Есназарова:
«Қарсибой ихтиёран ба сафи Армияи Сурх рафт. Аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома нагирифта буд. Мардуми авул ба ӯ мегуфтанд: «Марав, Қарсибой, дар колхоз кор кардан гир…». Қарсибой гуфт: «Дар хона (дашт) буда наметавонам. Ман бояд сурхаскар (қизиласкар) шавам. Ё бо ғалаба бармегардам, ё ҳамчун қаҳрамон мемирам»…
Ба ҳар навъе, ки набошад, Ӯ қаҳрамони воқеӣ аст, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва ӯ бе шубҳа ба дивизияи 61-и савораи корпуси 4-и савораи тоҷикистонӣ мансубият дорад. Муҳаққиқи хушкор Ғ.Шерматов низ ба ин хотир Спатаевро, ки узви амалкунандаи дивизияи 61-и тоҷик аст, қаҳрамоне аз Тоҷикистон шумурдааст. Бигзор чунон бошад. Зеро аз дивизияҳои саворае, ки он овон аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои ҶБВ рафтаанд, сарбозони диловараш амсоли Боқир Давлатов, Александр Гордеев… ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гаштаанд.
Умари Шерхон