Ҳукумати Туркия ӯро дар яке аз ҷазираҳои Принтс ҷойгир кард ва ӯ дар ин ҷазира китоби "Зиндагии ман"-ро навишт. Мутахассисон бар инанд, ки Сталин дар ин марҳила ҳанӯз қасди аз миён бардоштани ӯро надошт. Ҳадафи асосии Сталинро аз ҳама беш, архиви Тротский ба худ ҷалб намуда буд. Ӯ бе ҳеҷ мамониат тавонист бойгониашро ба хориҷ барад ва чекистон дар оғоз мутаваҷҷеҳи қазия нашуданд. Лев ҳини сари қудрат будан, тамоми ҳуҷҷатҳои аз наздаш мегузаштаро (аз мукотиботи маҳрамонаи Ленин то қарорҳои махфии Бюрои сиёсӣ) нусхабардорӣ карда, дар бойгониаш нигоҳ медошт. Ҳамаи инро ӯ метавонист зидди Сталин истифода барад ва истифода ҳам мебурд. Январи с.1931 ашхоси номаълум хонаеро, ки дар он оилаи Тротский истиқомат доштанд, ба оташ кашиданд. Қисмате аз бойгонӣ дар натиҷаи ин оташсӯзӣ аз миён рафт, лек қисмати аъзами он ҳанӯз боқӣ буд. Аммо дар Туркия Левро хатари дигаре таҳдид мекард. Бо амри тақдир иддаъи зиёде аз ҷанговарони собиқи Артиши сафед маҳз дар ин кишвар паноҳ ёфта буданд ва ӯро камтар аз Сталин бад намедиданд. С.1933 Фаронса розӣ шуд ба Лев паноҳгоҳ диҳад. Аммо баъди чанде бо исрори Маскав Париж ҳам ба ӯ ба таъбире "хуш омадед" гуфт. Ин бор ҳеҷ кишвари аврупоӣ розӣ нашуд вайро дар қаламраваш паноҳ диҳанд. Ҳокимони ғарбӣ ӯро мубаллиғ ва роҳандози аслии "террори сурх" медонистанд ва намехостанд дар кишварашон инқилоби нави сотсиалистӣ рух диҳад.
Баҳори с.1935 ӯ барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ ба ҳукумати Норвегия муроҷиат кард. Дар ин кишвар Ҳизби коргарӣ ҳам акнун ба қудрат расида буд ва ин ҳизб то с.1923 шомили Коминтерн буд. Ҳукумати Норвегия дархости ӯро пазируфт ва Лев ҳамроҳи завҷааш ба ин кишвар омад. Аммо дар Маскав низ оромӣ набуд ва СССР Норвегияро таҳдид кард, ки агар ӯ аз кишвар наравад дигар моҳии яхкардаи Норвегияро намехарад. Лев дигар наметавонист дар Аврупо монад ва ҳеҷ кишваре ҳам ӯро қабул намекард. Ахир, танҳо Мексика ягона кишвар дар дунё гашт, ки розӣ шуд "гурезаи сурх"-ро паноҳ диҳад. Дар ин кишвар низ ҳизби коммунистӣ бо сарварии Диего Ривера ба қудрати сиёсӣ расида буд. Ривера ба ӯ хонаи алоҳидае дар як канори Мехико ҷудо кард ва он ҷо ба заргӯшпарвариву мурғпарварӣ машғул гашт.
Амалиёти "мурғобӣ"
Ба андешаи бархе, қарори аз миён бурдани физикии Лев с.1937 аз ҷониби Сталин дар 1 ҷаласаи хусусӣ матраҳ шуд. Генерал Судоплатов, ки он шабу рӯз ба ниҳодҳои бехатарии СССР сарварӣ мекард, дар ёддоштҳояш менависад: "Бори аввал ин супориш с.1937 ба С.Шпигелгас вогузор шуд, аммо ӯ аз ӯҳдаи кор набаромад". Худи Судоплатов супоришро сентябри с.1938 шахсан аз Сталин ва Берия дарёфт кард. Вай дар ёддоштҳояш воқеаро чунин тавсиф мекунад: "Ба ақидаи Берия ҳаракати чапгароён аз дасти Тротский 2 тақсим шуд. Берия гуфт, ки Тротский ва тарафдоронаш мекӯшанд нақши роҳбарии СССРро дар ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ зери суол баранд". Судоплатов мегӯяд: "Баъди каме сукут Сталин гуфтугӯро идома дод ва гуфт: "Ҳаракати тротскийчиён ҳеҷ чеҳраи сиёсие ҷуз Тротский надорад. Агар Лев аз миён бардошта шавад, Коминтернро дигар хатаре таҳдид намекунад. Лев ё ҳамон "мӯйсафеде", ки мехонедаш, бояд дар муддати 1 сол, то оғози ҷанги ногузир аз миён бардошта шавад. Бо вуҷуди Тротский, онгуна, ки таҷрибаи испанӣ инро ба хубӣ собит намуд, мо наметавонем ба садоқати иттифоқчиёни худ, дар сурати ҳуҷуми империалистӣ ба кишварамон умедвор шавем".
Амалиёти оянда "мурғобӣ" ном гирифт. Дар оғоз чекистон наздиктарин одамони Левро ҳадаф қарор доданд. Солҳои 1937-38 2 котиби Тротский Эрвин Волф ва Рудолф Клемент кушта шуданд. Феврали с.1938 дар Фаронса, дар шароити мармуз писари ӯ Лев Седов ба ҳалокат расид. Бо пешниҳоди Судоплатов амалиёти оянда ба зимаи Н.Эйтингон ё "рафиқ Пабло" вогузор шуд. Эйтингон барои пиёда сохтани амалиёт 2 гурӯҳи мустақил бо номҳои "Модар" ва "Асп" ташкил дод, ки аз вуҷуди ҳамдигар бехабар буданд. Ҳар 2 гурӯҳ аз коммунистони испанитабори сталингаро таркиб ёфта буданд. Ба "Модар" Меркадер ва ба "Асп" Сикайрос сарварӣ мекарданд. Аввалин кӯшиши қатли Левро гурӯҳи "Асп" бо сарварии рассоми мексиканӣ Сикейрос амалӣ карданд. 27.05.1940 20 ҷангии коммунист ба ҳавлии Тротский ворид шуда, хонаро оташ заданд. Аммо Лев ва завҷааш Наталия аз ин суиқасд низ зинда монд. Дар натиҷа танҳо пӯсти пои набераи 14-солаи Тротский Всеволод Волков каме захм шуду халос. Ба андешаи Судоплатов, сабаби асосии ноком қарор гирифтани ин суиқасд, тайёрии нокифояи гурӯҳи "Асп" шуд. Аъзои ин гурӯҳ таҷрибаи ҷанги Испанияро доштанд, аммо аз таҷрибаи кофтукоб ва азназаргузаронии манзилҳои истиқоматӣ бархурдор набуданд. Касе дохили хона нарафт ва хонаро тафтиш накард.
"Яҳудак ба қатл расид"
Бо вуҷуди ин, Наум Эйтингон ҳангоми ширкат дар ҷанги граждании Испания бо коммунистзани сталинчӣ Мария Каридад наздикӣ пайдо карда, ӯро ҳамроҳи писараш Рамон Меркедер барои кор дар НКВД ҷалб кард. Рамон сарварии гурӯҳи 2-уми суиқасдчиёнро ба ӯҳда дошт ва ҳанӯз с.1938 дар Париж ба атрофи Лев ворид карда шуда буд. Рамон дар Мехико бо номи мустаори Жак Морнар пайдо шуд ва баъди чанде чунон ба боварии Тротский ва атрофиёнаш даромад, ки озодона метавонист ба хонаи Лев рафту омад кунад. Маҳз Рамон тавонист фармони Маскавро иҷро кунад. 20.08.1940 ӯ бо баҳонае, ки мақолае навиштааст ва мехоҳад Лев онро бубинад, вориди утоқи кории Тротский шуд ва бо яхшикан ба ӯ, ки саргарми таҳрири мақола буд, ҳамла кард. Лев тавонист муқобила кунад ва ҳатто яхшиканро ҳам аз дасти ӯ рабояд, аммо дар натиҷаи заработи воридшуда, рӯзи дигар дар бемористони шаҳри Кайокан ҷон дод. Тротский акнун 60-сола шуда буд. Дар СССР бошад ҳама табли шодӣ мезаданд ва тамоми рӯзномаҳои шӯравӣ бо сарлавҳаи "Яҳудак ба қатл расид!" ба чоп расиданд.
Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30