Дидори вазир бо раис
Ба гуфтаи аъзои ГКЧП Янаев 16.08.1991 дар яке аз қароргоҳҳои махсуси КГБ дар Маскав вохурии Вазири мудофиаи СССР Язов ва Раиси КГБ Крючков доир шуд. Дар ин вохурӣ тарафҳо вазъи ба амал омадаро мавриди муҳокима қарор доданд. 17 август дар ҳамон қароргоҳ дидори 2-уми тарафҳо сурат гирифта, ба он Раиси ҳукумати СССР Валентин Павлов низ даъват шуд. Дар ин вохурӣ ҷонибҳо қарор доданд гурӯҳи аъзои Бюрои сиёсиро ба Форос (Қрим), назди Горбачёв фиристанд ва аз ӯ талаб кунанд, фавран ҳолати фавқулодаро ҷорӣ намуда, аз имзои созишномаи нави Иттиҳодӣ даст кашад. 18 август, соати 8 Язов машварате дар Вазорати мудофиа доир намуда, дар он ба фармондеҳи нерӯҳои округи Маскав генерал Калинин ва фармондеҳи ВДВ Грачёв фармон дод, нерӯҳои худро барои ворид кардан ба Маскав омода кунанд. Аммо амалиёти ҷасуронаи аъзои Кумита бо ҳамин анҷом ёфт. Артиш танҳо бо гирифтани дидбонгоҳҳои калидии Маскав иктифо кард. Сарбозон барои анҷоми кори дигар фармони қатъӣ нагирифтанд ва тадриҷан зери фишори равонии тарафдорони Елтсин рӯҳияи ҷангии худро аз даст дода, ба тарафи тазоҳуркунандагон гузаштанд.
Кумита ва ҳукумати РСФСР
Бархурди асосӣ миёни Кумита ва ҳокимияти олии РСФСР сурат гирифт. Асоситарин рақиби ҳизбиён Елтсин ва ҳукуматаш буданд. Аъзои Кумита изҳороте пахш намуданд, ки дар он омада буд: “Бо мақсади пушти сар кардани буҳрони амиқи ҳамаҷониба, зиддияти сиёсӣ, байнимиллӣ ва шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ, ки ба ҳаёт ва бехатарии шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, истиқлолият ва якпорчагии ҳудудӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватани мо таҳдид мекунанд, бо назардошти натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ дар бобати нигаҳдории Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, ба хотири манофеи ҳаётан муҳими халқҳои Ватанамон ва ҳамаи одамони советӣ изҳор мекунем: Тибқи моддаи 127-и Сарқонуни СССР ва моддаи 2-и Қонуни СССР “Дар бобати низоми ҳуқуқии ҳолати фавқулодда” дар як қатор манотиқи СССР ба мӯҳлати 6 моҳ, аз соати 4-и вақти Маскави 19 август ҳолати фавқулодда эълон карда шавад”. Такягоҳи низомии Кумитачиён нерӯҳои КГБ (Алфа), ВКД (ОМОН ва Дивизияи ба номи Дзержинский) ва Вазорати мудофиа (дивизияи десантии 106-и Тулагӣ, дивизияи моторикунонидаи Таманӣ ва дивизияи тонкии ба номи Контемиров) буданд. Аъзои Кумита ҳамагӣ ба пойтахти СССР 4000 сарбоз, 362 тонк, 427 БТР ва БМП ворид намуданд. Ин нерӯҳо дар сурати амалкарди саҳеҳу дуруст метавонистанд авзоъро таҳти назорат гиранду мухолифони Кумитаро пароканда кунанд. Аммо кумитачиён ба авзоъ тасаллути комил надоштанд. Баъди чанде фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ-десантии Шӯравӣ, генерал-лейтенант Павел Грачёв ба тарафи Елтсин гузашт ва рӯзи аввали муқовимат қисмҳои дивизияи Таманӣ низ ба сӯи муҳофизатчиёни хонаи Сафед гузаштанд. Елтсин маҳз аз болои яке аз тонкҳои ин дивизия муроҷиати машҳури худро барои ҷамъомадагон хонд. Шаби 20 август дар Маскав аввалин задухӯрд миёни тазоҳуркунандагон ва артиш сар зад. Тарафдорони Елтсин бо троллейбусҳо пеши роҳи калонаи БМПҳоро бастанд. Дар натиҷа 3 тан аз муҳофизони Кохи Сафед ба ҳалокат расиданд.
Шикаст
Аъзои Кумита вақте мутаваҷҷеҳ шуданд, Артиш ба тарафи тазоҳуркунандагон гузашт ва шикаст хӯрдаанд, сару калобаро гум карданд. Субҳи 21 август Язов фармон дод қисмҳои низомӣ аз қаламрави Маскав бароварда шаванд. Аъзои Кумита соати 9 дар утоқи иҷрокунандаи вазифаи президенти СССР Янаев машварати корӣ доир намуда, қарор доданд, ҳайати вакилони худро ба Форос, назди Горбачёв фиристанд. Ба ин ҳайат мебоист Лукянов, Язов, Ивашко ва Крючков дохил мешуданд. Соати 16:00 Раёсати ШО СССР бо қарори худ канор задани президентро аз вазифааш ғайриқонунӣ эълон намуд. Баъди чанде витсе президенти РСФСР А.Рутской ва сарвазир И.Силаев назди Горбачёв парвоз намуданд. Баъзе аз аъзои Кумита (Крючков, Язов, Бакланов, Тизяков ва Лукянов) низ бо тайёраи дигар ба Қрим парвоз карданд. Лек Горбачёв, ки ғалабаи мухолифони Кумитаро шунида буд, аз дидор бо онҳо сарфи назар кард. Соати 22-и шаби 21 август прокурори генералии РСФСР Валентин Степанков қарор дар бобати ба ҳабс гирифтани аъзои Кумитаро ба имзо расонид. 22 август қариб тамоми аъзои Кумита ба ҳабс гирифта шуданд.
Мурофиа Мурофиаи судии аъзои ГКЧП 14.04.1993 оғоз шуд. Дар аввал намояндаи РСФСР Анатолий Уколов аъзои Кумитаро ба хиёнат ба ватан айбдор кард. Аъзои Кумита бошанд ин айбномаро рад намуда, умуман қарорҳои суди Русияро ба расмият намешинохтанд ва талаб карданд, кори онҳоро ягон ниҳоди дигар баррасӣ кунад. Лек суд дархости аъзои Кумитаро рад намуд. Ахир, мурофиаи судӣ аз болои аъзои Кумита то 6.05.1994 идома кард. Тамоми судшавандаҳо зери авфи умумӣ қарор гирифтанд. Танҳо 1 тан аз миёни судшавандаҳо генерали армия В.И.Варенников аз ин авф даст кашида, гуфт, ки ӯ бегуноҳ аст ва ин авфро қабул надорад. Мурофиаи судӣ аз болои ин ӯ то 11.08.1994 давом намуд ва ахир ӯро низ бегуноҳ донистанд. Варенников менависад, ки аъзои дигари Кумита танҳо ба хотири тарафдорӣ аз аввалин қарори мустақили парлумони нави Русия ин авфро қабул карданд. Язов вазири собиқи мудофиаи СССР гуфта буд, ки натавонист мисли муовинаш Варенников аз авф даст кашад, чун дар ин сурат ӯро ба ҷурми хароб кардани роҳи асфалтии Маскав тавассути тонкҳо зиндонӣ мекарданд. Лукянов яке аз аъзои Кумита амалкарди онҳоро чунин баҳо дода буд: “ГКЧП як кӯшиши бади ташкилкардашудаи одамон буд барои рафтан ба назди роҳбари кишвар ва гуфтугӯ бо ӯ дар мавриди ин, ки набояд созишномаеро имзо кард, ки Иттиҳодро аз байн мебарад ва ӯ бояд дахл кунад. Дар он ҷо Болдин, Шенин, Крючков, Варенников ва Плеханов ҳузур доштанд. Горбачёв дасти ҳамаи онҳоро фишурда, онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Инро бояд одамон бидонанд, ин як кӯшиши ҷасурона, аммо бад ташкилкардашудаи гурӯҳи роҳбарони кишвар барои наҷот додани Иттиҳод, кӯшиши одамон, ки бовар доштанд президент онҳоро ҷонибдорӣ мекунад ва ӯ имзои лоиҳаи созишномаи иттиҳодиро, ки ин имзои он оғози ҳуқуқии парокандашавии Иттиҳодро заминасозӣ мекард, ба таваққуф мегузорад”.
Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30