ХАБАРИ ДОҒ

 

Таваллудат муборак

1937 яке аз даҳшатноктарин солҳо дар таърихи собиқ Шӯравист. Маҳз дар ин сол дастгоҳи саркӯбгари НКВД СССР фаъолияташро ба авҷи аъло расонида, мардуми зиёдеро равонаи зиндонҳо гардонид. Қисмати зиёди ин афрод ё кушта ва ё дар зиндонҳо ҳалок шуданд. Аммо дар баробари ин, с.1937 дастовардҳое низ барои аввалин кишвари Шӯроҳо ба армуғон оварда буд. Яке аз маҳсули назарраси ин сол, таваллуди беш аз андозаи атфол дар СССР аст. Умуман, солҳои 1936, 37 ва 38 дар СССР афзоиши бесобиқаи миқдори таваллуд ба чашм мехӯрад. Барои мисол, дар баъзе макотиб барои таваллудшудагон дар с.1937 7 синфи параллелӣ "А", "Б", "В", "Г", "Д", "Е" ва "Ж" роҳандозӣ шуда буданд. Афроди таваллудшуда дар ин солҳо чунон зиёд буданд, ки ҳини даъвати онҳо ба сафи Артиш барои комиссариатҳои ҳарбӣ низ мушкилот ба бор оварданд. Назди ҳар комиссариати ҳарбӣ навбати тӯлонӣ аз ин афрод шакл мегирифт ва кори ҳарбиёнро мушкил карда буд. Аммо то миёнаҳои солҳои 1950 дар СССР с.1937-соли сиёҳ муаррифӣ намешуд, балки оғози ҷанг (1941)-ро чунин як соли сиёҳ пиндошта, бештари кӯдакони таваллудшуда дар ин сол, дар рафти ҷанг волидон ё наздикони худро аз даст доданд. 

Назар аз берун

С.1937 дар хориҷи СССР низ бардоштҳои гуногун дошт. Масалан, дар китоби "Хронологияи пурраи асри ХХ", ки дар Оксфорди ИМА навишта шудааст ва с.1999 нашриёти “Вече”-и Русия онро чоп кард, ба рӯйдодҳои с.1937 дар сайёраи Замин ҳамагӣ 6 саҳифаи чопӣ бахшида шудааст. Рӯйдодҳои собиқ СССР бошад, дар ин китоб ҷои зиёдеро ишғол накардаанд. Ин китоб ҳамагӣ 7 рӯйдодро дар СССР зикр намудааст. Барои мисол, 17.07.1937 миёни СССР ва Англия бобати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созишнома баста шуд ва 3 август миёни СССРу ИМА шартномаи тиҷоратӣ ба имзо расид. Дар бахши "Илм, техноложӣ ва кашфиёт" гуфта мешуд, ки СССР дар Қутби Шимолӣ стансияи илмӣ ифтитоҳ мекунад. Дар бахши "Наққошӣ, муҷассамасозӣ, ҳунарҳои зебо ва меъморӣ" омадааст, ки Вера Мухина

муҷассамаи сохтаи худ "Коргар ва колхозчи"-ро ба намоиш гузоштааст. Дар бахши мусиқӣ бошад, симфонияи 5-и Шестакович ёд шудааст. Бо вуҷуди ин, аз 7 рӯйдоде, ки дар ҳаёти собиқ СССР дар с.1937 рух додаанд, сетоаш мустақим ё ғайримустақим ба муборизаи сиёсӣ дар СССР ва мурофиаҳои судӣ рабт доранд. Дар ин китоб гуфта мешавад, ки 9.01.1937 Тротский аз Париж ба Мексика рафт. (гарчи ин хабар асос надорад ва ӯ аз Норвеж ба Мексика рафта буд). Инчунин, омадааст, ки 23.01.1937 дар СССР мурофиаи судии Карл Радек ва 16 коммунисти номдори дигар баргузор шуд ва онҳоро ба суиқасд алайҳи давлат ва ҷосусӣ ба нафъи Олмону Япония айбдор намуданд. Радек ва 3 танро ба зиндон ва боқиро ба қатл ҳукм карданд. Дар китоб зикр шудааст, ки июни с.1937 дар СССР якчанд сарлашкарон ба ҳабс гирифта шудаанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо Олмон муттаҳам намуда, ба қатл расонидаанд. Аммо ин 3 рӯйдод боис нашуд, ки муаллифони ин асар с.1937-ро соли сиёҳ дар СССР муаррифӣ кунанд.

5-солаи дуввум

Лек аз нигоҳи иқтисодӣ 1937-ро мешавад яке аз муваффақтарин солҳо дар таърихи собиқ СССР номид. С.1937 дар СССР нақшаи 5-солаи 2-ум ба анҷом расид. Ин 5-сола тибқи маълумоти "Таърихи ҷаҳонӣ", ки с.1962 нашр шуда буд, СССР дастовардҳояшро назаррас ҷамъбаст намуд. Тибқи маълумотҳои ин китоб дар ин 5-сола дар СССР корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта шуданд. Хоҷагии қишлоқ механиконида ва пурра бо нерӯи барқ таъмин шуд. Инчунин аввалин кишвари Шӯроҳо дар соҳаи илм, технологӣ, маориф ва маданият низ ба дастовардҳои чашмрас ноил шуд. Мисол, дар тӯли 5-солаи 2-ум СССР аз назари истеҳсоли чӯян, пӯлод ва нерӯи барқ аз Англия ва Фаронса пеш гузашт. Дар маърузаи ҳисоботии КМ ба Анҷумани XVIII и ВКП(б) Сталин ҷадвалеро ба нишон дод, ки тибқи он СССР аз рӯи суръати рушди истеҳсолот аз тамоми кишварҳои капиталистӣ пеш гузаштааст. Ҳини шарҳи нишондодҳои ҷадвал Сталин гуфт, ки "Истеҳсолоти мо нисбат ба солҳои пешазҷангӣ 9 маротиба афзуда, маънои онро дорад, ки аз рӯи суръати рушд истеҳсолоти сотсиалистии мо аввалин дар ҷаҳон аст".

Дар ин китоб инчунин гуфта мешавад, "дар солҳои 5-солаи 2-ум дар СССР 4500 корхонаи бузурги истеҳсолӣ сохта шудааст. Аз ҳама бештар саноати мошинсозӣ рушд карда, маҳсулот дар солҳои 5-солаи 2-ум 3 баробар, маҳсулоти металлургияи сиёҳ 3 баробар ва гудохтани пӯлод 8,4 баробар афзудааст. Аз рӯи ин нишондод (гудохтани пӯлод) СССР аз тамоми кишварҳои капиталистӣ пеш гузашта, истеҳсоли мис 2 баробар ва алюминий 41 баробар зиёд шудааст. Инчунин дар рафти ин 5-сола саноати истеҳсоли никел, қалъагӣ ва магний дар кишвар роҳандозӣ шуд. Маҳсулоти саноати химиявӣ низ 3 баробар афзуд". Дар ҷамъ, тамоми маҳсулоти саноатии СССР дар охири с.1937 нисбат ба с.1932 2,2 баробар ва нисбат ба с.1928 4,5 баробар ва нисбат ба с.1913 5,9 баробар афзуд. Мисол, дар ИМА чунин дараҷаи рушди истеҳсолот дар зарфи 40 сол имконпазир шуд. Маҳсулоти корхонаҳои бузург дар с.1937 нисбати с.1913 8,1 баробар афзуд. 80%-и маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳое, ки дар зарфи 5-солаҳои 1-у 2 бино шуда буданд, истеҳсол гардид. С.1937 дар СССР 200.000 мошин, 176.000 трактор истеҳсол шуданд. СССР ба кишвари нерӯманди саноатӣ, ки аз диди иқтисодӣ дигар ба кишварҳои капиталистӣ вобаста набуд, табдил ёфт. Ин кишвар дигар тамоми ниёзҳои хоҷагии халқ ва нерӯҳои мусаллаҳашро аз нигоҳи техникӣ ва силоҳ худ таъмин мекард. С.1937 СССР аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ҷои 1-ро дар Аврупо ва ҷои 2-ро дар ҷаҳон (баъди ИМА) ишғол мекард. Саҳми СССР дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ 10%-ро ташкил медод.  

Коргару колхозчӣ алайҳи уқоб

Дастовардҳои СССР тамоми ҷаҳонро ҳайратзада кард. Ҳатто дар Латвия, ки он шабу рӯз чун имрӯз назари хуш ба низоми коммунистӣ надоштанд, матбуот бахшида ба 20-солагии инқилоби болшевикӣ мақолаҳои зиёде чоп карда, дастовардҳои иқтисодии СССРро таҳсин мегуфт. С.1937 дар пойтахти Фаронса-ш.Порис Намоишгоҳи ҷаҳонӣ баргузор шуд ва ҳар кишвар дар он павилони худро дошт. Павилони СССРро муҷассамаи коргару колхозчӣ оро медод, ки рӯ ба рӯи павилони олмонӣ қарор гирифт. Муҳандиси павилони олмонӣ Алберт Шпеер аз тарҳи павилони шӯравӣ, ки махфӣ нигоҳ дошта мешуд, огоҳӣ ёфт. Ӯ менависад: "Муҷассамаи коргару колхозчӣ, ки 10 метр баландӣ дошт, павилони олмониро бо ҳайбати худ пахш мекард. Бинобар ин, ман дар 1 шаб тарҳи нав дар шакли 1 мукааби бузург барои павилони олмонӣ тарроҳӣ ва болои мукааб уқоберо, ки дар панҷааш свастикаро медошт, ҷойгир кардам. Чунин менамуд, ки ин мукааб ҳаракати муҷассамаи шӯравиро боз медорад". Ӯ барои ин тарҳ соҳиби медали тилло ва муҷассамаи шӯравӣ низ бо медали тилло қадр шуд. Муқобилаи хомӯши 2 қудрат дар Намоишгоҳи Порис ба наҳве ҳаводиси ояндаро пешбинӣ мекард ва маҳз бо сабаби дастовардҳои с.1937 ва солҳои қаблӣ ва баъдӣ коргару колхозчии шӯравӣ бар уқоби олмонӣ пирӯз шуданд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter