ХАБАРИ ДОҒ

Ҳамоиши осоишта

14.09.1917 Ҳукумати муваққати Русия ин кишварро Ҷумҳурӣ эълон кард ва низоми подшоҳиро барои ҳамеша аз байн бурд. Лек шикасти ин садди 1000-сола феврали с.1917 оғоз шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон шуруъ гардид, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург, деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тиркушоӣ ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт. Мавқеи ишғолнамудаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худ назди Дума омада, аз вакилони мардумӣ талаб карданд, ки қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд. Ҳамин тариқ, феврали с.1917 ҳукумати мутлақи подшоҳӣ дар симои Николайи 2 бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёсӣ-иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт, ки асоси ин ҳукуматро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил намуданд.                                                                                                

Сулҳ ва замин

Аммо аллакай баъд аз 1 моҳ маълум шуд, ки мардум ва Ҳукумати муваққатӣ ба ҳалли 2 масъалаи асосӣ-замин ва сулҳ назари мухталиф доранд ва аз ин 2 масъала замин ҳалли душвортаре дошт. Кадетҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд талаби деҳқононро дар мавриди барҳам додани моликияти хусусӣ ба замин ва тақсими баробари он миёни ҳамаи деҳқонон иҷро намоянд. Чун дар амал татбиқ додани ин барнома, на танҳо ба заминдорони калон зарба мезад, балки асоси моликияти хусусиро зери суол мебурд. Заминдорони калон бештари замини худро дар бонкҳо ба гарав гузошта буданд ва қисмати дигари замин бошад тавассути иддае аз деҳқонон ва сокинони шаҳрӣ боз бо қарзҳои бонкӣ харидорӣ шуда буд.

Агар талаби оммаи деҳқонон ҷомаи амал мепӯшид, бӯҳрони шадидеро дар истеҳсолоти шаҳрӣ ба бор меовард. Замин масъалаи сулҳо дар кишвар дуюмдараҷа намуд. Иттиҳод бо Антанта барои кадетҳо бисёр муҳим буд ва маҳз ин кадетҳоро аз бастани сулҳи сепаратӣ бо немисҳо бозмедоштанд. Ҳукумати муваққат хуб дарк мекард, ки поёни ҷанг (ба ҳар навъе, ки поён наёбад) ислоҳоти аграриро ба мавзӯи рӯз табдил медод. Лиҳозо, ба андешаи кадетҳо, идома додани ҷанг имконияти боздоштани инқилобро зери шиорҳои мустаҳкам кардани интизом дар фронт ва ақибгоҳ муҳайё мекард. 

Диктотурии ҳарбӣ

Кадетҳо бо вуҷуди ҷаҳонбинии рӯшанфикронаашон хеле зуд ба хулосаи зарурати ҷорӣ намудани диктатураи ҳарбӣ расиданд. Инро метавон лаҳзаи калидӣ номид. Равшанфикрони рус дар симои кадетҳо маҷбур буданд иқрор кунанд, ки бо усулҳои либералӣ инқилобро дар чаҳорчӯби демократияи буржуазӣ дигар нигоҳ дошта наметавонанд. Нақши диктаторро кадетҳо ба генерал Лавр Георгиевич Корнилов супурданд. Аммо шӯриши генерал ба нокомӣ дучор шуд ва сабабҳои нокомиаш низ маълум буданд. Аскарон таҳти таъсири таблиғоти инқилобӣ аз афсарон тарафдорӣ накарданд. Фосилаи бузург миёни болоҳо ва поинҳо мисли ҳамеша нақши худро ифшо кард. Кадетҳо баъди нокомии ӯ дигар ба пуррагӣ аз боварии коргарон ва деҳқонон баромаданд. Акнун қисмати ояндаи инқилоб аз мавқеи эссерон ва меншевикҳо вобастагӣ дошт. Баъди баҳсу мунозироти шадид сотсиалистони ростгаро ба гирифтани қудрат розӣ нашуданд ва ба ҳимояи ҳукумати Александр Фёдорович Керенский овоз доданд. Ӯ бошад дар асл ҳамон сиёсати кадетҳоро идома медод ва ҳалли замин ва сулҳро ба таъхир меандохт. Лек ин сиёсат дигар имкони худро аз даст дода буд ва ҳар кӣ онро пиёда мекард, ба нокомӣ дучор мешуд.

Ҷумҳурии Русия

Тирамоҳи с.1917 деҳқонони рус ба ишғоли оммавии худсаронаи заминҳои помешикҳо сар карданд. Ҳукумати Керенский бошад, на метавонист садди роҳи ин ишғолкуниҳо гардад ва на мехост онҳоро ба расмият шиносад. Ҳамаи ин ба буҳрони навбатии ҳукуматӣ мунҷар шуд. Ахир, 14.09.1917 дар импературии собиқ ниҳоди нави ҳукумати Директория таъсис ёфт. Ин ниҳоди нав аз 5 нафар иборат буд ва ба он Керенский сарварӣ мекард. Худи ҳамон рӯз, намояндагони ниҳоди нав Русияро Ҷумҳурӣ эълон намуданд. Ҳукумати нави ӯ интизори Маҷлиси Муассисон нашуда, дар кишвар озодиҳои сиёсиро ҷорӣ намуд. Эссерон ба осонӣ метавонистанд Керенскийро маҷбур кунанд, ки ислоҳоти аграриро низ эълон намояд, аммо ин корро накарданд. Дар тамоми ин вақт эссерон кӯшиданд бо кадетҳо дар масъалаи аз ҳама душвор - замин ба тавофуқ бирасанд. Хатоии асосии эссерон дар ин буд, ки с.1917 вақте гузаштан ба сотсиализм ба масъалаи рӯз дар кишвар табдил ёфт, пешвоёни эссерҳо ба хулосае омаданд, ки чунин гузариш дар шароити Русия ҳанӯз бармаҳал аст ва худ нохоста аз мавқеи меншевикон дифоъ намуданд. Бо ҳамин, сар боз задани ҳукумати Керенский ва сотсиалистони рус (эссерону меншевикон), аз ҳалли масъалаи замин ва сулҳ барои болшевикон роҳро ҷониби қудрати сиёсӣ ҳамвор намуд. Ба таъбири дигар маҳз ин 2 масъала сабабҳои бевоситаи таърихии инқилоби Октябрӣ шуданд. Талабҳои аграрии деҳқонон, инқилоби февралии русро аз чаҳорчӯби инқилоби буржуазӣ хориҷ мегардонд ва танҳо ҳизбе, ки тайёр буд аз ин доира берун ояд, ба тарафдори оммаи васеи мардум ноил мешуд. Сотсиалистони ростгарои рус бошанд ин масъулиятро ба дӯш нагирифтанд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter