Тирамоҳи с.1962 дар таърихи ҷанги сард яке аз саҳифаҳои буҳронист. Моҳи октябр дар соҳилҳои Куба иттифоқоте рух доданд, ки қариб ба ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ оғоз мегузошт. Аввалҳои даҳаи 1960 рақобати 2 абарқудрат-СССР ва ИМА ба авҷи аълои худ расид. С.1962 амрикоиҳо тавонистанд бо Туркия забон 1 карда, мушакҳои ҷангии "Юпитер"-ро дар ин кишвар мустақар созанд. Акнун мушакҳои ИМА дар зарфи 10 дақиқа ба муҳимтарин марказҳои СССР мерасиданд ва мушакҳои шӯравӣ бошанд, танҳо баъди 25 дақиқа ба ҳудуди ИМА расидагӣ мекарданд. Мушакҳои амрикоӣ дар Туркия Маскавро сахт нороҳат карда буд ва Хрушев ба ҳарбиён дастур дод, ҳар чи зудтар ИМАро дар ҷояш шинонанд.
Дар ин вазъият дар Маскав ба ёди Фидел Кастро афтоданд, ки сахт аз ИМА нафрат дошт ва амрикоиҳо ба ҳар роҳ мекӯшиданд ӯро аз қудрат дур кунанд ва Кубаро ба лонаи демократӣ табдил диҳанд. Аллакай тобистони с.1962 Нерӯҳои мусаллаҳи СССР дар ҷазираи Озодӣ 40.000 нафарро ташкил медоданд. Аммо нерӯи пиёданизом он ҷо кофӣ набуд ва дар Маскав қарор доданд, ҳарчи зудтар мушакҳои ҷангиро ба ин кишвар интиқол диҳанд. Ба амалиёт "Анадырь", номи пойтахти Округи автономии Чукоткаро гузоштанд. Ба иштирокчиёни амалиёт дастур дода шуд, либосҳои зимистонӣ ва лижа ҳамроҳ гиранд. Ба шаҳодати Дмитрий Язов-вазири вақти мудофиаи СССР, ки худ иштирокчии бевоситаи амалиёт буд: "Касе аз иштирокчиёни амалиёт намедонист, ки куҷо меравем. Вақте аз Ламанш гузаштем, мактуби муҳрзадаро боз кардем. Он ҷо 1 маълумоти таърихӣ дар бораи Куба буду халос. Танҳо дар баҳри Сарагосса фаҳмидем, ки ба кадом бандар бояд равем".
Бо ҳамин, 42 мушаки Р-12-и шӯравӣ бо муваффақият ба Куба расиданд. Масофаи парвози мушакҳо якбора иваз шуд. Акнун мушакҳои шӯравӣ дар кӯтоҳтарин муддат ба муҳимтарин нуқоти соҳили Атлантики ИМА мерасиданд, лек хурсандии Маскав дер напоид. 14.10.1962 тайёраи ҷосусии U-2-и нерӯҳои ҳавоии ИМА дар яке аз парвозҳояш дар наздикии деҳаи Сан-Кристобал мушакҳои шӯравиро ошкор намуд.
22.10.1962 президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ тариқи ТВ амрикоиҳоро аз асли қазия огоҳ кард: "Акнун мушакҳои шӯравӣ масоҳати 1000 мл дар гирди Кубаро метавонанд ҳадаф қарор диҳанд”. Баъзе аз муаррихин нақл мекунанд, ки баъди ин суханронӣ соҳили Атлантикро ваҳшат печида, мардум хонахез ҷониби Ғарби кишвар ҳаракат мекунанд. Дар натиҷа дар роҳҳо роҳбандии азиме ба амал меояд ва мардум, ки ҳама силоҳ доштанд, ҷониби ҳам тиркушоӣ мекунанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, дар ин ҳаводис то 80.000 нафар ба ҳалокат расиданд.
ИМА Кубаро муҳосира ва 23 октябр Хрушев амалкарди амрикоиҳоро хасмона эълон кард. Мушовирон ба Кеннедӣ маслиҳат доданд, ки ҳар чи зудтар Кубаро бомбаборон кунад, лек парвози навбатии U-2 фош сохт, ки мушакҳо аллакай барои парвоз омодаанд ва ин амалкард муҷиби ҷанги атомӣ мешавад. 27 октябр рӯзи аз ҳама ҳалкунанда шуд ва ҷанг қариб аланга мегирифт. Дар ин рӯз мушакҳои шӯравӣ дар соҳили шарқии Куба тайёраи ҷосусии U-2-ро зада афтонданд. Сарнишини тайёра майор Рудолф Андерсон мурд. Ин рӯз чун "шанбеи сиёҳ" дар таърих маъруф шуд. Танҳо дахли бевоситаи Хрушев ва Кеннедӣ буҳронро хомӯш кард. Ӯ дар номаи худ ба Кеннедӣ розӣ шуд мушакҳои шӯравиро аз Куба барорад, агар ИМА мушакҳояшро аз Туркия барорад. "Биёед, кашидани кӯрпаро ба сӯи ҳамдигар камтар кунем ва бикӯшем худи гиреҳро кушоем" навишта буд Никита Сергеевич.