Яке аз чунин шабҳо дар ҳаёти ӯ ҳалкунанда шуд. Иосиф Сталин ҳамеша шабҳо кор мекард ва радиоро ҳам наздаш мегузошт. Яке аз шабҳо Левитан тибқи маъмул дар радио газет мехонд ва тасаввур намекард, ки дар ин ҳангом шахси аввали кишвар эфири шабонаи ӯро гӯш мекунад. Сталин дар ҳол ба нерӯи аҷиби овози ӯ таваҷҷуҳ кард ва ба раиси Радиокомитет занг зада, дастур дод, ки маърузаи Анҷумани ҳизбиро бояд ҳамин "овоз" қироат кунад. Раиси Радиокомитет рӯзи дигар Юрийро пайдо ва супориши болоро гӯшзад кард. Левитан 5 соати тӯлонӣ ба сурати мустақим маърӯзаро қироат кард ва якшаба ба "овози асосии" кишвар мубаддал гардид.
Овози асосӣ
Левитан бо амри тақдир, дар душвортарин давраи мавҷудияти СССР, ҳини ҷанг наттоқи аввали кишвар буд ва ин айём яке аз ҳассостарин замони фаъолияташ ба шумор меравад. Маҳз ӯ хабари ҳавлноки ҳуҷуми Гитлерро ба аҳолии кишвар ва рафти задухӯрдҳоро дар фронтҳо ба самъи мардум мерасонд. Дар ин 5 сол қариб бе истироҳат кор кард. Шабу рӯзаш дар Радиокомитет сипарӣ мешуд. Тамоми аҳолии кишвар, аз аскарон гирифта то ақибгоҳ ва мардуми зери юғи немисҳо монда ба овози ӯ гӯш медоданд ва хабар мешуниданд. Баъди наздик шудани немисҳо ба Маскав, Левитан ҳамроҳи наттоқи дигар Олга Висотская пинҳонӣ ба Свердловск рафта, аз он ҷо ба барномаҳои худ идома доданд. Мегӯянд, ҳайбати овози Левитан аз Берлин ҳам пинҳон намонд ва Фюрери олмонӣ барои сари ин наттоқ мукофотпулии ҳангуфте таъйин кард. Бо вуҷуди ин, Юра зинда монд ва хабари таслими бечунучарои Олмон ва хатми ҷангро низ ба ҷамъияти СССР расонид. Баъди ҷанг наттоқиро дар Радио бас кард ва ба кори эҷодӣ гузашт. Левитан дар филмҳои мустанад, дар мавзӯи ҶБВ овозхонӣ ва барномаҳо бобати собиқадорони ҷанг таҳия мекард ва аз муҳимтарин чорабиниҳои ҳукуматӣ дар Майдони Сурх гузориш медод. Боиси таассуф аст, ки дар солҳои фаъолияти ӯ тамоми барномаҳо мустақим иҷро мешуд ва сабти овози барномаҳояш қариб дар бойгонӣ вуҷуд надоранд. Овозҳояш баъдан наворбардорӣ ва сабт гардидаанд.
Аввалин артисти халқӣ
Левитан аввалин наттоқ дар таърихи кишвар ва соҳиби унвони "артисти халқӣ" шуд. То охири фаъолият наттоқи асосии кишвар боқӣ монд. Ҳама чорабиниҳо, рӯйдодҳои муҳим ва мавзӯъҳо, ки ба ҶБВ дахл доштанд, бо ширкати ӯ мегузаштанд. С.1983 наттоқи машҳурро ба зодгоҳаш, вил.Белгород барои ширкат дар чорабиниҳои собиқадорони набарди Курск даъват карданд. Пеш аз сафар каме бетобӣ мекард ва ахир қарор дод дар чорабинӣ ширкат кунад. Аммо ҳини сафар саломатиаш бад ва мубталои сактаи дил шуд. Бо ҳамин дард 4.08.1983 даргузашт. Табибон сабаби марги наттоқи бузургро гармии шадид ва синну соли рафтаи Левитан номиданд.
Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30