ХАБАРИ ДОҒ

Юрий Андропов 12.11.1982 дар Пленуми фавқулоддаи КМ ҲКИШ, ки бо сабаби марги Брежнев доир шуд, зимоми қудратро ба даст овард. Аз миёни 8 роҳбари Шӯравӣ ӯ шояд аз ҳама роҳбари асроромез будӣ. Ӯ вақте ба қудрат расид, ки 68 сол дошт ва ба бемории лоилоҷ гирифтор буд. Ҳамагӣ 15 моҳ сари қудрат боқӣ монд ва аз ин муддат, танҳо наздики 10 моҳро дар кори меҳнатӣ гузаронд. Бо ин вуҷуд, ӯро мешавад охирин эҳёгари суннатҳои фаромӯшшудаи кишвари Шӯроҳо номид. Вай аз зумраи ангуштшумор сиёсатмадорони шӯравӣ буд, ки вазъи бади СССРро дарк карда, кӯшид аз хавфи қарибулвуқӯъ ҳифз кунад. Давраи ӯ бисёр кӯтоҳ, вале аҷибу ғариб буд. Ситораи сиёсии Андропов бо таъини ӯ ба ҳайси роҳбари вақти КГБ дар фазои сиёсии Шӯравӣ ҷилва дод. То ин дам ҳатто 1 рӯз ҳам дар ин ниҳод кор накарда буд ва кам касе гумон мекард, ки рӯзе роҳбарии ин ниҳодро ба зимма мегирад. Аз ин болотар дар таърихи фаъолияти КГБ баъди Ф.Дзержинский шояд самараноктарин роҳбари ин ниҳод буд. Замои роҳбарии ӯ КГБ ҳеҷ кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа намекард ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи шӯравиро таҳти назорат қарор дода буд. Пеш аз Андропов ба КГБ Владимир Семичастный роҳбар буд. Аммо миёнаҳои майи с.1967 Брежнев якбора дар 1 нишасти Бюрои сиёсӣ ӯро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари КГБ холӣ кард ва Андропов раиси КГБ шуд.

Мегӯянд, худи Юра зидди ин амалкард баромад ва дар нишасти Бюро гуфт: “Шояд ин корро накунед. Ман ҳеҷ тасаввуре дар бораи кор дар ин ниҳод надорам”. Аммо Брежнев ва дигарон, ки мехостанд ба ҳар васила Семичастныйро аз роҳбарии ин ниҳод сабукдӯш кунанд, эътирози ӯро эътино накарданд. Бо вуҷуди ин, Андропов 15 сол ба қудратмандтарин ниҳоди СССР сарварӣ кард ва маҳз ишғоли ин вазифа ӯро ба 1 симои нерӯманди ҲК табдил дод. Баъзеҳо ақида доштанд, ӯро духтурон нодуруст табобат карданд ва котиби генералӣ пеш аз мӯҳлат фавтид. Аммо иддаи дигар, ки миёни онҳо собиқ вазири дифои СССР Устинов, аъзои Бюрои сиёсӣ Громико ва Чебриков қарор доранд, бар инанд, ки ӯ бар асари захми тир аз олам мурд. Баъди марги ӯ қудратро дар СССР боз командаи собиқи Брежнев дар симои К.Черненко ишғол кард ва муборизаи тӯлонии Юра ва Брежнев бо ғалабаи дуввумӣ поён пазируфт.

 Давраи Брежневро одатан “тилоӣ” меноманд. Аммо дар авохири ҳукуматдории Иличи 2-ум вазъи СССР бӯҳронӣ буд. Тамоми зинаҳои ҳукуматро фасод печида, дар зинаҳои боло аз ҳама бештар ба назар мерасид. Вазъ ба ҳадде расид, ки ҳар масъули ҳукуматиро мешуд бо ин айб ҳабс кард. 1 кофтукоби сатҳии манзили ҳар масъул фасодкории ӯро ба осони собит мекард. Андропов баъди марги Брежнев роҳбарияти 1 чунин кишварро ба ӯҳда гирифта, ба ҳайси сарвари КГБ аз вазъ хуб огоҳ буду баъди омадан сари қудрат хост вазъро ислоҳ кунад. Саросари СССРро тафтишҳо ва назоратҳо фаро гирифтанд. Дигар касе наметавонист то вақти муайяншуда ҷои корро тарк кунад. Мавҷи тозакуниҳо дар зинаҳои болоии ҳукумат ҳам дида мешуданд. Чандин нафар аз масъулини баландпоя худкушӣ карданд. Ӯ пеш аз ҳама ВКДро мехост пок кунад. Баъди чанде вазири ВКД Шёлоков, ки аз с.1966 ба ин ниҳоди бонуфуз сарварӣ мекард ва ноибаш, генерал Юрий Чурбанов (домоди Брежнев) ба ҳабс гирифта шуданд.

Суиқасд

Дар СССР ҳанӯз аз замонҳои Ленину Сталин суннате роиҷ буд: “Дача”-и роҳбарони 2 ниҳоди қудратӣ-ВКД ва КБД дар ҳамсоягӣ қарор дошта, миёни онҳо ҳатто девори муштарак набуд. Тибқи ин суннат роҳбарони ин 2 ниҳод мебоист бо ҳам дӯсту рафиқ мешуданд ва ҳамсоягӣ ба ин амр кӯмак мекард. Лек Андропов бо Шёлоков ҳеҷ гоҳ дуст нашуданд ва девор низ миёни манзили онҳо, танҳо ба хотири суннати қаблӣ бунёд нашуд. Ӯ бо Шёлоков дар Маскав низ дар 1 бино ҳамроҳи Брежнев мезистанд. Андропов 1 ошёна болотар аз Брежнев ва манзили Шёлоков 1 ошёна поинтар буд. Зани Шёлоков бошад, дугонаи аз ҳама наздики зани Брежнев буд. Баъди ҳабси Шёлоков ва Чурбанов утоқи кории Юраро ёру ошноҳои вазири собиқ пур карда, илтимос мекарданд аз гуноҳи Шёлоков гузарад. Аммо ӯ фикр дошт, Шёлоков милисаи шӯравиро ба “клани мафиозӣ” табдил дод ва бояд ҳатман ҷазо бинад. Он рӯзе, ки ин ҳодиса иттифоқ уфтод, ӯ дар дачаи худ қарор дошт ва дар айвонаш китоберо мехонд. Баъди чанде аз хонаи Шёлоков зане берун шуда, сӯи манзили Юра омадан гирифт. Муҳофизи котиби генералӣ инро дида, Андроповро огоҳ кард, ки зани Шёлоков бо шумо кор дорад. “Боз илтимос мекунад” гуфт Юра ва ба муҳофиз дастур дод, ки монеъ нашавад. Касе аз зани Шёлоков суиқасдро интизор набуд ва наздиктар омада, тапончаро берун кашид.

Мегӯянд, Андропов аз даст тир хурд. Тибқи назари расмӣ сабаби марги ӯ норасоии кори гурдаҳо буд, лек ба диди ин гурӯҳ, маҳз ин захм сабаби вуқӯи ин ҳолат шуд. Ба диди Устинов, суиқасд ба Андропов дар ҳузури писари 2-уми котиби генералӣ Юра ва котиби аввали кумитаи ш.Маскави ҲКИШ Гришин, ки узви Бюрои сиёсӣ ҳам буд, иттифоқ уфтод. Ба ақидаи Устинов, маҳз Гришин ба ин дидор пофишорӣ кард ва зани гирёни Шёлоковро ба ҳузури Андропов овард. Лек роҳбари собиқи КГБ В.Крючков, ки он замон сарварии шӯъбаи 4-и КГБро ба ӯҳда дошт, ин фарзияро рад мекунад ва мӯътақид аст, Андропов бо марги табиӣ фавтид. Ба андешаи Крючков, Андропов аз гипертония, диабети қанд, дарди рӯдаҳо, артрит, селмонеллёз, шукуфа, ниқриз, норасоии кори гурдаҳо азият мекашид ва дар охир дилаш низ аз кор монд.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter