ХАБАРИ ДОҒ

Сохтмони бузурги коммунизм

  • Чоршанбе, Нояб 27 2019

 

Лоиҳаи барқикунонӣ

25.11.1926 КМ ВКП(б) қарор бобати сохтмони Днепрогэсро ба имзо расонид. Днепрогэс ба таъбире "яке аз сохтмонҳои бузурги коммунизм" дар СССР ба шумор мерафт. Ин иншоот он шабу рӯз бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар Аврупо маҳсуб меёфт ва ҳамагӣ дар 5 сол сохта шуд. Днепрогэс дар асл қисмате аз лоиҳаи бузурги барқикунонии аввалин кишвари Шӯроҳо буд. Днепр аз қадим муҳандисонро бо захираҳои худ ҷалб мекард ва ҳанӯз то инқилоб ният доштанд, дар ин дарё нерӯгоҳи барқӣ бисозанд, лек ин нақшаҳо амалӣ нашуданд. Сохтмони нерӯгоҳи барқиро болои дарёи Днепр дар СССР ҳанӯз с.1921 қарор буд амалӣ созанд, аммо сохтмон баъди 6 сол сар шуд. Аслан сохтмони Днепросэс имкон дошт умуман оғоз нашавад ва он қариб буд, гаравгони муборизаи сиёсӣ миёни Сталин ва Тротский мешуд. Миёнаи солҳои 1920 муборизаи сиёсӣ миёни Сталин ва Тротский дар авҷ буд ва Сталин дар ин мубориза мекӯшид ба ҳамаи иқдомоти Тротский зиддият нишон диҳад. Бар замми ин, Тротский сарварии комиссия оид ба сохтмони Днепрогэсро ба ӯҳда дошт ва яке аз тарафдорони сарсахти сохтмони ин нерӯгоҳи барқӣ буда шумор мерафт. Маҳз ба ин хотир, Сталин зидди сохтмони иншоот баромад мекард ва намехост рақиби сиёсиаш ифтихори сохтмони бузургтарин иншооти барқиро дар Аврупоро касб кунад. Бинобар ин, татбиқи лоиҳаи Днепрогэс танҳо баъди барканории Тротский аз ҳамаи вазифаҳо оғоз шуд. 

Хориҷиҳо ва Днепрогэс

Днепрогэс мебоист василаи асосӣ барои рушди иқтисоди минтақа мешуд. Тибқи нақша дар миқёси он камаш 10-15 корхонаи бузург мебоист сохта мешуданд. Дар оғоз иншоот мебоист бо кумакӣ мутахассисони хориҷӣ сохта мешуд. Бештари мутахассисони шӯравӣ ҳам ҷонибдори ҳамкорӣ бо муҳандисонӣ хориҷӣ буданд. Лек баъзе аз мутахассисони ватанӣ бар ин буданд, ки иншоотро мешавад (албатта бо дастрасӣ ба таҷҳизоти хориҷӣ) бо нерӯи худ сохт. Яке аз касоне, ки чунин ақида дошт, муҳандис Александр Винтер буд.

Маҳз ӯ дертар сардори сохтмон таъин карда шуд. Билохира қарор дода шуд, барои сохтмони иншоот ба амрикоиҳо муроҷиат кунанд. Амрикоиҳо таҷрибаи сохтмони бузургтарин нерӯгоҳҳои барқӣ дар ҷаҳонро доштанд. Ширкати "General Electrik" пешниҳод намуд ба пуррагӣ иншоотро бисозад, аммо тарафи шӯравӣ ин пешниҳодро рад кард. Дар Маскав қарор доданд бо нерӯи худӣ нерӯгоҳро бисозанд ва аз амрикоиҳоро танҳо ба сифати мушовир даъват кунанд. Муҳандисони амрикоиро бо лоиҳаи тарафи шӯравӣ ошно карданд ва онҳо ин лоиҳаро, бисёр муваффақ номиданд. Муаллифи лоиҳаи шӯравӣ муҳандис Иван Александров ба шумор мерафт. 

Новобаста аз қабули қарори сохтмони Днепрогэс дар моҳи ноябри с.1926 сохтмони иншоот моҳи марти с.1927 оғоз гардид. Дар ҷои сохтмон парчамеро насб карданд ва дар он овезаи "Днепрогэсс оғоз шуд!"-ро навиштанд. Аз ИМА гурӯҳи машваратчиён ва мутахассисон бо сарварии Хью Купер ба маҳалли сохтмон омада, Купер муҳандис-машваратчии асосии сохтмон таъин карда шуд. Купер муҳандиси ботаҷриба ва то ин замон камаш 4 нерӯгоҳи барқӣ сохта буд. Ба сохтмони Днепрогэс диққати зиёд дода мешуд, то ҷое, ки шахсан Сталин чандин бор бо Купер дар Кремлин дидор намуд. Сталин баъдан заҳмати Купер ва чанд машваратчии дигарро бо ордени Байрақи Сурхи Зарбдор қадр ҳам кард. Бо ҳамин муҳандиси амрикоӣ аввалин хориҷие шуд, ки бо ин ордени шӯравӣ мукофотонида шуд. Ғайр аз амрикоиҳо дар сохтмони ин нерӯгоҳи барқӣ немисҳо низ ширкат варзиданд. Мутахассисони шаркати олмонии "Сименс-Баунион" ба сифати машваратчӣ даъват шуда буданд, аммо қарордод бо онҳо, ҳанӯз то анҷоми сохтмон қатъ карда шуд. Амрикоиҳо бошанд то охир монданд ва дар ифтитоҳи нерӯгоҳ ҳам ширкат варзиданд. Баъзе аз таҷҳизоти сохтмон ҳам аз хориҷа дастрас мешуд. Барои мисол гидротурбинаҳоро аз ИМА, сангмайдакунак ва трансформаторҳоро аз Олмон мехариданд. Чехҳо ва шведҳо низ баъзе аз таҷҳизоти нерӯгоҳро таъмин мекарданд.

Шароити меҳнат

Сохтмони 1 иншооти бузурге чунин ҷалби коргарони зиёдеро талаб мекард. Коргаронро барои кор дар иншоот, тавассути биржаҳои меҳнатӣ ҷалб мекарданд. Шароити кор дар иншоот бисёр сахт буд ва ин боиси зиёд аз кор рафтани коргарон мешуд. Дар сохтмон хадамоти кадрӣ ба маънои томи он вуҷуд надошт. Аз сабаби норасоии коргарон ҳамаро ба кор қабул мекарданд. Ин сабаб мешуд, ки ба сохтмон афроди гуногун, аз дузду ғоратгар гирифта, то гвардиячиёни собиқи сафед ва деҳқонони гуреза ҷалб карда шаванд. Бештари коргарон тахассуси лозимаро надоштанд ва онҳоро дар мавқеи кор, тахассусомӯзонӣ мекарданд. Бо оғози сохтмони иншоот, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои коргарон низ оғоз шуд. Аммо ҳатто баъди сохта шудани онҳо низ хона намерасид. Дар хонаҳои сохташуда танҳо 15.000 нафарро мешуд ҷой дод, ҳол он ки теъдоди коргарон ба 50.000 нафар мерасид. Музди меҳнат низ чандон баланд набуд, чаро ки давлат мекӯшид нерӯгоҳро ҳар чи арзонтар бисозад. Музди меҳнати миёнаи коргари оддӣ, наздики 2 рубл дар навбати кориро ташкил медод. Бар замми ин, аллакай с.1929 дар СССР кортҳои хӯрока ҷорӣ карда шуданд ва пул қурби худро комилан аз даст дод. Албатта мутахассисони хориҷӣ дар шароити беҳтар мезистанд. Барои онҳо шаҳраки махсус сохта шуда буд, ки ҳама шароитҳо дар он муҳайё буданд. Дар ин шаҳрак ҳатто корти теннис низ вуҷуд дошт. Дар шаҳрак мағозаҳои махсус фаъолият мекарданд ва ҳама чиз онҷо муҳайё буд.

Душманон

Сохтмони иншоот дар шароити санъатисозӣ ва коллективикунонии кишвар оғоз шуд. Солҳои 1920 таноқузоти зиёд байни мутахассисони ҳирфаӣ, ки аз замони то инқилоб боқӣ монда буданд ва коргарони шӯравӣ вуҷуд дошт. Коргарон намехостанд бифаҳманд, ки чаро бо ғалабаи инқилоб мутахассисони давраи пешин боз ҳам сари мансабҳои калидӣ қарор гирифтанд. Аммо ҳукумати шӯравӣ маҷбур буд бо ин мутахассисон созиш кунад, зеро инҳо ҷойгузине надоштанд. Бо вуҷуди ин, Сталин баъди оғози санъатикунонӣ аз боло маъракаи мубориза бо зараррасонҳоро роҳандозӣ кард ва ин зараррасонҳо дар бештари маврид мутахассисони пешин аз об мебаромаданд. Сотмони Днепрогэс дар авҷ буд, ки дар кишвар мурофиаи зараррасонҳои Шахтинск маъруф шуд. Дар саросари кишвар маъракаи ҷустани зараррасонҳо сар шуд ва Днепрогэс низ аз ин раванд истисно набуд. Бештари мутахассисони пешина аз кор ронда шуданд. Танҳо онҳое, ки намешуд ҷойгузинашон кард, боқӣ монданд.

Ахир, тирамоҳи с.1932 баъди панҷуним сол Днепрогэс ба истифода дода шуд ва барқи аввалинро истеҳсол кард. Ифтитоҳи нерӯгоҳ бо гирдиҳамоии бузурги мардумӣ ҳамроҳ буд. Сталин ба ифтитоҳ наомад ва танҳо барқияи табрикотӣ фиристод. Дар сохмони нерӯгоҳ, наздики 300 млн рубл масраф шуд. С.1941 ҳини ақибнишинии Артиши Сурх Днепрогэс тарконда шуд, аммо немисҳо дар муддати кӯтоҳ онро барқарор карданд. С.1943 бошад, иншоот тавассути немисҳо тарконда шуд. Аммо баъди анҷоми ҶБВ тарафи шӯравӣ дубора онро бо қудрати бештаре барқарор намуд ва он акнун барқи бештар истеҳсол менамуд. Аммо айни ҳол нерӯгоҳе, ки замоне бузургтарин дар Аврупо буд, ҳатто ба сафи 100 ГЭС-и бузургтарин дар ҷаҳон ҳам шомил намегардад. 

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter