Ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ ба меҳнат ва истироҳат, таъминоти моддӣ дар пирӣ ва беморӣ, ҳуқуқ ба гирифтани маълумоти олӣ дода шуд. Инчунин озодоии виҷдон, сухан, матбуот, ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, масунияти шахсият ва сирри мукотиба эълон карда шуд.
Ҳазфи диктатураи пролетариат
Сарқонуни нав аз 13 боб ва 146 модда иборат буда, барои замони худ сарқонуни демократӣ ба шумор мерафт. Сарқонуни пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1924 қабул гардида, банди махсуси диктотураи пролетариатро доро буд ва бо ин роҳ танҳо коргару деҳқонро соҳибмулк медонист. Табақаи доро ва зиёӣ умуман душман шумурда мешуданд ва бо онҳо мебоист, то нест шуданашон мубориза бурд. Аммо дар Сарқонуни соли 1936 банди “диктатураи пролетариат” аз миён бардошта шуд ва Сталин инчунин тартиби интихоботро ба идораҳои ҳокимияти давлатӣ-Шӯроҳо тағйир дод. Тибқи Сарқонуни нав интихобот дар аввалин кишвари Шӯроҳо бо принсипи маҳаллӣ баргузор мегардид.
Принсипи маҳаллӣ ҷойгузини принсипи истеҳсолӣ гардид. Дар миёни коммунистон ақидае ҷорист, ки Сталин дар роҳбарияти кишвар 1 хатои калон кард ва маҳз ин хатоӣ ба андешаи онҳо, яке аз сабабҳои асосии нобудгардии сотсиализми шӯравӣ гашт. Ленин воҳиди ибтидоии интихоботӣ ва идораи асосии сохтмони давлатиро дар ҳукумати Шӯроҳо, на дар округи маҳаллӣ, балки дар воҳиди иқтисодии истеҳсолӣ (завод, фабрика) медид. Чун дар ин сурат ба андешаи болшевикон, дастгоҳи давлатӣ бо синфи мазлум (пролетариат) алоқаи зичтаре пайдо карда, имкон меёфт дигаргуниҳои муҳими сотсиалитиро амалӣ намояд. Асосан дар таълимоти коммунистӣ мавҷудияти диктатураи пролетариатро то пурра нест кардани синфҳо, ҳам Марксу Энгелс ва ҳам Ленин яке аз шартҳои асосии таъсиси давлати шӯроҳо медонистанд. Ба андешаи онҳо диктатураи пролетариат, яъне “табдил додани дастаи пешоҳанги мазлумон ба синфи ҳукмрон, барои саркӯбии синфи собиқи ҳоким”. Ба ибораи дигар таъсиси давлати пролетарӣ, ки вазифааш саркӯб кардани синфи ситамгари собиқаш (буржуазия) ба шумор меравад. Инро низ бояд дар назар гирифт, ки болшевикон ҳар навъ давлатеро дастгоҳи зӯроварӣ ва саркӯбӣ медонистанд. Инҳо дар табиати худ анархист буданд ва қуллаи камолашон расидан ба як ҷомеаи бе давлат ба шумор мерафт. Бо вуҷуди ин барпо кардани як давлатро дар шароити муаян кори ҳатмӣ медонистанд. Ва Шӯроҳо худ шакли ин давлат ба шумор рафта, асоси давлати пролетариро ташкил медоданд. Маҳз Шӯроҳо ба саркубии синфҳои ситамгари собиқ – моликони заводу фабрикаҳо, кулакҳо ва ғ. бе восита машғул буданд.
Сарқонуни демократӣ
Сарқонуни сталиниро бисёриҳо сарқонуни демократӣ унвон мекунанд. Ба андешаи бархе, хусусиёти демократии Сарқонуни нави шӯравӣ (дар муқоиса бо Сарқонуни соли 1924) ба хотири ҷалби ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ барои муқобила бо фашизм, ки акнун дар Аврупо нерӯ мегирифт, роҳандозӣ гардида буд. Сталин дар мактуби худ ба лоиҳаи қарори Бюрои сиёсӣ, бобати тағйиротҳо дар Сарқонун ва таъсиси комиссияи конститутсионӣ, ки 31 январи соли 1935 қабул гардида буд чунин менависад: " Ба андешаи ман кори Сарқонуни СССР бисёр мушкил ба назар мерасад. Аввалан мо бояд системи интихоботиамонро, на танҳо ба маънии барҳам додани бисёрзинаии он тағйир диҳем. Онро инчунин ба маънии ҷойгузинии раъйдиҳии боз (кушода) бо раъйдиҳии пӯшида (пинҳонӣ) бояд тағйир дод. Мо метавонем ва бояд дар ин кор то охир гом бардорем ва дар нимароҳ таваққуф накунем. Вазъият ва таносуби нерӯҳо дар кишвари мо айни замон ончунон аст, ки мо аз ин амалкард аз нигоҳи сиёсӣ танҳо бурд мекунем. Инчунин, ингуна ислоҳотро манофеъи ҳаракати ҷаҳонии инқилобӣ низ тақозо мекунад, чаро ки ин навъ ислоҳот нақши силоҳи бисёр қавиро дар мубориза бо фашизм ифо хоҳад кард.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР