ХАБАРИ ДОҒ

 

Расо 40 сол пеш Армияи советӣ ба Кобул ҳуҷум кард. Кӣ медонист, ки ин ҷанг даҳсолаҳо давом кардаву даҳҳо ҳазор куштаву захмӣ аз бачаҳои 18-20-солаи шӯравӣ бар ҷой мегузорад…

Боби 1. Қарори тақдирсӯз

    12 декабри соли 1979 роҳбарияти олии СССР дар симои аъзоёни Бюрои Сиёсӣ қарор доданд нерӯҳои мусаллаҳи СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунанд. Бори аввал роҳбарияти Шӯравӣ масъалаи кумак ба Афғонистонро моҳи марти соли 1979 мавриди баррасӣ қарор дод ва он замон Леонид Брежневу дигар аъзои Бюрои сиёсӣ зидди дахолати низомӣ баромад карданд. Бо вуҷуди ин, Брежнев дар нишасти дуввум розигӣ дод ва 27 декабри соли 1979 воҳидҳои нерӯҳои вежаи Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ворид гардиданд ва президенти кишвар Ҳафизуллоҳ Аминро ба қатл расониданд. Дахолати низомии СССР ба Афғонистон 10 сол тӯл кашид ва баъзҳеҳо ҳатто сабабҳои пошхурии ин абарқудратро ҳам ширкат дар Афғонистон медонанд. Бо вуҷуди ин, СССР наметавонист аз ҳаводиси Афғонистон канор бимонад ва ният дошт ба ҳам васила коммунизмро ин ҷо пирӯз гардонад. Коре, ки аслан дар Афғонистон имконпазир нест.

Боби 2. Инқилоби савр

    27 апрели соли 1978 дар Афғонистон табаддуллоти ҳарбӣ ба вуқӯ пайваст ва дар натиҷа подшоҳи кишвар Муҳаммад Довуд сарнагун карда шуда, қудрат ба дасти Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон (НДПА) гузашт. Ин табаддуллоти ҳарбӣ, ки дар собиқи СССР бо номи инқилоби Савр (инқилоби апрелӣ) маъруф буд, яке аз руйдодҳои мармуз дар таърихи навини Афғонистон маҳсуб меёбад ва ҳамсоякишвари моро гирифтори ҷанги дохилӣ кард, ки алангаҳояш то ба ҳол хомӯш нашудаанд. Инқилоб ба ҳукумати чандинсолаи Муҳаммад Довудхон, ки як миллигарои паштунӣ буд, хотима дод. Довуд соли 1953 сарвазири Афғонистон таъин шуд ва корро аз ислоҳоти аграрӣ оғоз намуд, аммо ин амалаш-кӯшиши навъовариҳо дар ниҳодҳои дохилидавлатӣ ва зиндагии иҷтимоӣ, мухолифати ашадии руҳониятро ба бор овард. Муносибати Довуд бо руҳониёни афғон ҳанӯз замони сарвазириаш хатчадор гардид.       

 

Соли 1959 ҳукумати вақти Афғонистон, ки Довуд вазифаи сарвазириашро ба ӯҳда дошт, пӯшидани ҳатмии ҳиҷобро барои занон лағв кард ва мухолифати ҳукумату руҳоният оғоз гардид. Дар оғоз ҳаракати муллоҳо бераҳмона саркуб карда шуд. Чандин руҳонии муътабари кишвар ба дор овехта шуданд ва қисми зиёди дигар бошанд зиндонӣ гаштанд. Аммо руҳоният тавонист аз нав сар боло кунад ва дар авохири даҳаи 60-ум ҳаракати муллоҳо боз фаъол гардида, баъди чанде аввалин дастаҳои мусаллаҳи муҷоҳиддини афғон ба миён омаданд ва ҷиҳоди аввал оғоз шуд. Дар асл муқовимати исломии афғон, ки баъдан бо СССР дар набард шуд, маҳз дар ҳамин солҳо шакл гирифт. Дар натиҷаи даргириҳои нерӯҳои Довуд бо муҷоҳиддин зиёда аз 600 нафар руҳонӣ кушта шуда, 1000 нафар руҳонии дигар ҳабс гардиданд.       

Боби 3. Манобеъи абарқудратҳо

    Афғонистон чун майдони манофеи стротежик кишварҳои зиёдеро ба худ ҷалб мекард ва яке аз ин кишварҳо СССР ба шумор мерафт. Аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша мекӯшид манофеи сиёсӣ ва иқтисодии худашро дар ин кишвар пиёда кунад. Аз тарафи дигар Чин ва НАТО низ мехостанд дар Афғонистон ҳузури ҳарбӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд ва ин барои СССР дарди сари дигаре дуруст мекард. Барои пешгирии ин хатарот СССР пеш аз ҳама дар манотиқи шимолии Афғонистон фаъолияти сахт мебурд ва аз ҳукумати Афғонистон талаб намуда буд, шаҳрвандони кишварҳои аъзои НАТО ба ин манотиқ роҳ дода нашаванд.                                                                                                                                   Дар баъзе маврид ҳатто мутахассисони СММ, ки дар навоҳии шимолии Афғонистон канданиҳои фоиданок ҷустуҷӯ мекард, ба ин манотиқ роҳ дода намешуданд. СССР замони ҳукумати Довуд дар Афғонистон манофеи иқтисодӣ низ дошт. Иттиҳоди Шӯравӣ дар авохири солҳои 60-ум қисмате аз гази Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро аз Афғонистон таъмин мекард. Афғонистон тибқи маълумотҳои мавҷуда, солона ба СССР аз 2,1 то 2,7 миллиард кубометр гази табиӣ медод. Бо вуҷуди ин, ин кишвар ҳамоно яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор мерафт.     

Боби 4. Хатти Дюранд

    Довуд ният дошт нокомиҳои дохилиашро дар сиёсати беруна ҷуброн кунад. Манотиқи паштунишинӣ Покистон аз қадим диққати ҳукумати паштунии Афғонистонро ба худ ҷалб мекард ва ҳукумати Довуд низ истисно набуд. Покистон дар он шабу рӯз, мекӯшид бомби атомиашро тавлид кунад ва барои ин кор муносибашро ба ИМА муташанниҷ карда буд.                                                                                         СССР низ бештар ба Ҳиндустон тамоюл дошт ва тарафи Покистонро намегирифт.  Довуд мехост аз вазъияти мусоид баҳра бардорад ва хатти Дюрандро лағв карда, паштуҳоро дар як кишвар муттаҳид гардонад. Довуд ҳанӯз ҳангоми сарвазириаш ба СССР муроҷиат карда, барои мубориза бо Покистон аз Маскав ёрии ҳарбӣ хоста буд. Довуд ба шӯравиҳо пешниҳод кард афсаронашро таълим диҳанд ва артишашро бо силоҳ таъмин кунанд. Аммо дар Маскав дархости Довудро рад карданд.                                                                                                                              Покистон низ хатари Афғонистонро ба хубӣ мефаҳмид  ва Исломобод аз оғоз мухолифони низомии афғонро дастгирӣ кард. Бештари дастаҳои низомии муҷоҳиддин ва руҳонияти афғон дар ин кишвар паноҳ мебурданд. Аз тарафи дигар ҷосусони Покистон мекӯшиданд миёни Довуд ва ҳизбҳои чапгаро, аз ҷумла НХДА  тафриқа андозанд. Хадамоти ҷосусии  Покистон (ISI) мекӯшид Довудро бовар кунонад, ки коммунистони афғон бо КГБ-и шӯравӣ муносибати танготанг доранд. Покистониҳо то ҳадде муваффақ шуданд ва соли 1977 муносибати Довуд ҳам бо намояндагони Ҳизби Халқи Демократӣ ва ҳам бо СССР тезутунд гардид. Соли 1977 Довуд аз Маскав дидан кард. Ин дидор бо ҷанҷол хотима ёфт. Вақте Брежнев ба Довуд гӯшзад кард, ки дар артиши афғонӣ мушовирони ғарбӣ пайдо шудаанд. Довуд ҷавоб дод, ки ҳукумати ӯ ҳар киро хоҳад киро мекунад ва ниёз ба маслиҳати касе надорад. Баъди ин суханон Довуд утоқро тарк кард ва гуфтушунид хотима ёфт. 

Боби 5. Василаи наҷот

    Бояд қайд кард, ки Довуд дар оғоз бо чапгароҳо муносибати ҳасана дошт. Як қатор аъзоёни фраксияи "Парчам" и НХДА ба аввалин ҳукумати Довуд шомил буданд. Аммо соли 1976 Довуд аз ҳамкорӣ бо коммунистон даст кашид ва коммунистон, ҳатто онҳое, ки дар табадуллоти соли 1973 саҳм доштанд, ба ҳошия ронда шуданд. Ба Довуд муяссар гардид системи яккаҳизбиро дар кишвар ҷорӣ намояд ва фаъолияти тамоми аҳзоб, ғайр аз Ҳизби Халқӣ Инқилобӣ мамнӯъ эълон карда шуданд. Коммунистони ҲХД бошанд ҳамон суннати қадимии афғониро пеш гирифтанд ва қарор доданд тариқи табаддулот низомро тағйр диҳанд.                      Тибқи нақшаи онҳо табадуллот мебоист моҳи августи соли 1978 амалӣ мегардид. Маълум нест, ки Довуд аз нақшаҳои коммунистон хабар дошт ё не, аммо ӯ қарор дод, барои ҳамеша аз мухолифини чапгаро дар кишвар халос шавад. Бо фармони ӯ роҳбарони баландрутбаи ҲХД ба ҳабс гирифта шуданд. 25 ва 26 апрел Н. Таркаӣ ва Ҳ. Амин роҳбарони қаноти ифротии "Халқ" ва Б.Кармал аз фраксияи Парчам ба ҳабс гирифта шуданд. Акнун барои роҳбарони ҲХД табадуллот як василаи наҷот гардид. Субҳи 27 апрел аъзоёни дар озодӣ мондаи ҲХД, ки бештарашон афсарони артиш буданд, дар назди боғи ҳайвоноти Кобул ҷамъ омаданд ва қарор доданд, ҳар чи зудтар табадуллотро пиёда намуда, ҳаммаслаконашонро озод кунанд.                                                                                                                                                                                                  Вазъият низ барои ин кор мусоидат мекард. Бештари артишиён бо сиёсати Довуд розӣ набуданд ва аз коммунистон ҷонибдорӣ мекарданд. Субҳи 27 апрели соли 1978 тонкҳои бригадаи 4 уми, таҳти фармони сарҳанг Ватанҷор аз қисматҳои шарқии Кобул ҷониби марказ ҳаракат карданд. Нисфирӯзи тири аввали танк ҷониби Вазорати дифоъ шиллик гардид. Ҳарбиёни шӯришгар нерӯҳои полисро халъи силоҳ намуданд ва хеле зуд нуқтаҳои калидии Кобулро ба тассаруф дароварданд. Довуд дар Арк муҳосира гардид ва баъди як рӯз бо тамоми хонаводааш ба қатл расид. Бегоҳии ҳамон рӯз бошад, Ҳафизуллоҳ Амин аз тариқи радио аҳолии кишварро аз дигаргуниҳои навбатӣ дар ҳукумати кишвар огоҳ намуд.    

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter