ХАБАРИ ДОҒ

Бархе аз хонандагон ва муаллифони доимии Газетаи мардумии СССР тайи чанд моҳи ахир дар мавриди сарвати ҷамъкардаи Амир Олимхон ва оқибати он дар саҳфаҳои рӯзнома баҳсу талош доранд. Меҳрубон Салимшоев, таърихнигори мо тасмим гирифт дар бораи боигариҳои охирин амири манғитӣ-Олимхон бо такя ба маъхазҳои воқеӣ матлабе омода намояд ва бо ҳамин ба ин баҳс нуқта гузорад. 

Сарвати ҳангуфт

Амирони манғити Бухоро дар 150 соли ҳукмронии худ анбӯҳи сарват ғундошта буданду ин ҳама сарват дар таҳхонаҳои Арки Бухоро мафҳуз буд. Тибқи оморҳои мавҷуд, дар авохири ҳукумати амир Олимхон аҳолии аморати Бухоро 3 миллион нафарро ташкил медод ва ин 3 миллион нафар муваззаф буданд ба буҷаи аморат андоз супоранд. Бар замми ин, дар соҳилҳои дарёи Зарафшон конҳои истихроҷи тилло мавҷуд буда, тиллои аз ҳама бештар аз ин конҳо ба даст меомад. Даромади солонаи буҷаи амир 30 миллион тангаи тилло буд ва хароҷоти амир бошад 3 миллион тангаи тиллоро ташкил медод. Яъне, ҳар сол буҷаи амири Бухоро 27 миллион тангаи тилло даромади холис дошт. Аммо соли 1920 аморати Бухоро дар вазъияти ногуворе қарор гирифт. Инқилоби сурхи болшевикӣ ба ин шаҳри қадима рӯз аз рӯз наздиктар мегардид. Тобистони соли 1920 лашкариёни сурх аллакай дар остонаи аморат қарор доштанд.

Тайёраҳои ҷосусии болшевикон ҳам зуд-зуд болои Бухоро пайдо мешуданд ва ин тарси амирро дучанд мекард. Билохира, моҳи августи соли 1920 амир Олимхон дар фикри фирор аз Бухоро афтод. Аммо амир намехост дасти холӣ аз Бухоро берун равад ва ба ҳар васила роҳҳои интиқоли сарваташро аз шаҳр меҷуст. Албатта амир ба хубӣ дарк мекард, ки ин сарвати ҳангуфтро наметавонад пинҳонӣ аз шаҳр берун барад. Ба ҳамин хотир амир Олимхон ба дӯсти деринааш, консули  генералии Русия дар Машҳади Эрон Николский муроҷиат кард, то ӯ ба англисҳо дар тамос шавад ва Бритониё сарвати амирро зери ҳимояи худ гирад. Аммо ин нақшаи амир амалӣ нагардид. 

Дарвеши бухороӣ

Баъди нокомии нақшааш амир Олимхон қарор дод худаш мустақилона бо англисҳо дар тамос шавад ва барои ин кор яке аз наздиктарин нафарони худ, раиси дарвешони Бухоро-Давронро ба Қошғар назди консули англис Петтэ Эссертон фиристод. Консули англис, ки ҷосуси ин кишвар дар Қошғар низ буд, баъди дарёфти номаи амир аз пазируфтани ин масъулият тарсид. Боигарии амири Бухоро аз садҳо аспу шутури пур аз тилло ва сангҳои қимматбаҳо иборат буд ва Эссертон наметавонист ин ҳама сарватро дар консулгарии англис дар Қошғар нигаҳдорӣ кунад. Ин кор барояш хавфи ҷиддӣ дошт. Он шабу рӯз Қошғар ва тамоми минтақаи Туркистон ноором ва ҷангу ҷидолу ғоратгарӣ ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Консули англис ба дасти Даврон ба амир номаи ҷавобӣ дод, ки дар он Эссертон бо узри зиёд дархости амирро рад мекард. Дарвеш бо номаи ҷавобӣ ба Бухоро омад ва дар 1 дидори махфиёна бо амир қазияро барояш шарҳ дод. Амир аз англисҳо ноумед шуда, роҳҳои дигари интиқоли тиллоҳояшро аз Бухоро ҷустуҷӯ мекард. Вазъият низ рӯз аз рӯз муташанниҷтар мегардид ва то суқути ҳукумати амирӣ чанд рӯз боқӣ монда буд. 

Туқсабо Каллапӯш

Ин бор, амир Олимхон масъулияти интиқоли тиллоҳояшро ба зиммаи яке аз муҳофизонаш, туқсабо Каллапӯш гузошт. Каллапӯш ба гордӣ амирӣ сарварӣ мекард ва яке аз низдиктарин ва боварибахштарин афроди амир ба шумор мерафт. Он шабу рӯз ду роҳи фирор аз Бухоро вуҷуд дошт. Яке ба Эрон ва дигаре ба Афғонистон. Каллапӯш низ ният дошт тиллоҳоро ё ба Машҳад ё ба Афғонистон интиқол диҳад. Аммо вилояти Каспий, ки роҳи Машҳад аз он ҷо убур мекард он шабу рӯз ба дасти болшевикон ва ғоратгарони туркман афтода буду Каллапӯш баъди баррасии авзо ба Бухоро баргашт ва ба амир иттилоъ дод, ки роҳи корвон ба сӯи Эрон ва Афғонистон баста аст. Баъди ин, амир  ноилоҷ тасмими охирини худро гирифта, қарор дод, тиллоҳоро дар ҳудуди аморат дар ҷои махфие пинҳон кунад. Баъди ин, корвоне таъсис дода шуд ва бо сарварии туқсабо Каллапӯш, ин корвони тилло ба самти Қаршӣ ҳаракат кард. Корвонро дастаи муҳофизони Каллапӯш ҳамроҳӣ мекарданд ва дарвеши бухороӣ Даврон низ миёни онҳо ҳузур дошт.

Махфигоҳ

Баъди баромадан аз Бухоро дастае, ки корвонро ҳамроҳӣ мекард ба 2 гурӯҳ тақсим шуд. Гурӯҳи аввал бо сарварии дарвеш Даврон дар пеши корвон ва гурӯҳи дуввум бо сарварии Каллапӯш аз ақиби он ҳаракат мекарданд. Корвони тилло танҳо шабҳо ҳаракат мекард. Каллапӯш намехост, ки касе аз интиқоли тиллоҳо хабардор гардад. Дар оғоз Каллапӯш мехост тиллоҳоро дар наздикии шаҳраки Касбӣ дар сардобе пинҳон кунад. Сардоби Касбӣ бузургтарин сардоб дар дашти Қаршӣ ба шумор мерафт ва Каллапӯш дар ин мавзеъ шояд махфигоҳе дошт. Аммо ҳангоми расидан ба наздикии Касбӣ, мардуми гирду атроф аз омадани корвони ношинос иттилоъ ёфтанд ва Каллапӯш қарор дод, ҳаракаташро идома диҳад. Корвон аз Касбӣ убур кард ва ҷониби кӯҳҳо роҳ пеш гирифт. Баъди чанде корвон ба қаторкӯҳҳои Ҳисор баромад ва ин ҷо Каллапӯш ҷои муносиберо пайдо карда, ба Даврон амр дод, тиллоҳоро ҳамон ҷо махфӣ кунад. Касе аз қафои Даврон нарафт, Каллапӯш бо муҳофизонаш дар ҷои дуртаре мунтазири дарвеш нишастанд. Каллапӯш 2 шаб мунтазири дарвеш монд, аммо аз Даврон дараке набуд. Муҳофизи амир ба самти рафтаи дарвеш ҳаракат кард ва рӯзи дигар ба дастаи Даврон расид. Даврон макони махфигоҳро ба Каллапӯш гуфт ва ҳамон шаб бо ҳамроҳонаш аз ҷониби муҳофизи амир ба қатл расид. Баъди 4 шабонарӯз дастаи Каллапӯш ба Қараулбозор, охирин макони аҳолинишини Бухоро расид. Дар ин макон дастаи Каллапӯшро тупчибошӣ Низомиддин истиқбол намуд. Худи ҳамон шаб Каллапӯш ва Низомиддин тамоми муҳофизонро, ки корвонро ҳамроҳӣ мекарданд, ба қатл расониданд. Ҳамин тариқ аз касоне, ки корвонро ҳамроҳӣ мекарданд танҳо Каллапӯш зинда монда буду халос. Аммо баъди расидан ба Бухоро ва мулоқот бо амир Каллапӯш низ дори фониро падруд гуфт ва ба ин васила дигар нафаре аз корвониён боқӣ намонд.

 Фирор

Амир Олимхон ягона касе буд, ки аз макони махфигоҳи тиллоҳо иттилоъ дошт. Охирин амири манғит баъди чанде аз Бухоро фирор карда, ҷониби Афғонистон ҳаракат намуд. Аммо корвони тилло амирро ҳамроҳӣ намекард. Амир бо худ танҳо 3 аспи тиллобор дошт. Тиллоҳои амир бошанд дар қаъри қаторкӯҳҳои Ҳисор миёни Шаҳрисабз, Яккабагом ва Бойсун махфӣ монданд ва касе аз макони махфигоҳ иттилоъ надошт. Мегӯянд тиллоҳои махфикардаи амир Олимхон 10 тонна-нархи 150 миллион рубли он вақтаи русиро ташкил медод. Нархи имрӯзинаи ин тиллоҳо бошад ба 70 миллион доллари ИМА баробар аст.      

  

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter