ХАБАРИ ДОҒ

Ҷовидонагӣ ё худ Мавзолей

  • Чоршанбе, Янв 29 2020

 

Дидори махфиёна

Дар авохири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябри соли 1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ маълум гардид, ки Владимир Ленин поярези инқилобӣ Октябрӣ нафасҳои охиринашро сипарӣ мекунад. Баъди дарёфти ин ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизби болшевикӣ бо ташабусси Иосиф Сталин дидори махфионае сурат гирифт. Дар ин дидор Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат варзиданд. Сталин ба ҳозирин иттилоъ дод, ки доҳӣ рӯзҳои вопасини ҳаёташро паси сар мекунад ва мумкин аст ҳар лаҳза дунёи фониро падрӯд гӯяд. Калинин низ дар ин дидор баромад кард ва гуфт, ки марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошаду бояд фикри дафни доҳиро кард.                                       

Маросими дафн, гуфт Калинин, бояд тавре амалӣ гардад, ки дунё назирашро надида бошад. Сталин аз Калинин ҷонибдорӣ кард ва иброз намуд, ки баъзе рафиқон аз музофот зиддӣ сӯзонидани ҷасади доҳӣ мебошанд ва мегӯянд, ки илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёӣ кардан тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад.                                                                                                                 

 Аммо Тротский зидди ин пешниҳоди Сталин баромад. Ӯ иброз намуд: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати Владимир Илич. Ман бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд Ленинро мумиёӣ кунем, шинос шавам. Ман ба онҳо мегуфтам, ки онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди ин пешниҳод баромад кард.

Ба андешаи ӯ, мумиёикунии Ленин таҳқири хотираи ӯст ва ин ақида комилан зидди ҷаҳонбинии доҳӣ мебошад.  

Аммо зиддияти ҳаммаслакон ба Сталин таъсире нарасонд. Дар ин вохӯри қарор доданд тани Ленинро мумиё карда, барои ҳамеша нигаҳдорӣ кунанд. Яке аз касоне, ки зидди мумиёикунонии Ленин баромад кард Надежда Крупская, зани доҳӣ буд. Крупская вақте хабари мумиёикунониро шунид дар рӯзномаи “Правда”  бо мақолаи эътирозӣ ба коргарону деҳқонон муроҷиат кард: "Рафиқон коргарон ва деҳқонон! Ман аз шумо як хоҳиши бисёр калон дорам. Ғаму андӯҳи худро ба парастиши берунии шахсияти Илич равона накунед. Аз ӯ обида насозед. Мехоҳед номи Ленинро зинда нигаҳ доред, бо номи ӯ боғчаи кӯдакон, хонаҳои истоқаматӣ, мактабҳо, китобхонаҳо, бемористонҳо ва ғайра бунёд кунед".                                                                          Аммо ба ҳарфҳои Крупская низ дигар касе эътино намекард. Дарҳол баъди марги Ленин, 22 январи соли 1924 табиб Абрикосов тани Ленинро барои 6 рӯз то маросими дафн мумиёӣ кард, аммо баъди чанде КИМ СССР қарор дод: Тобути Ленинро дар дахмаи махсус нигаҳдорӣ кунанд ва дахмаро барои зиёрати мардум дастрас гардонида, марқадро дар назди девори Кремл дар майдони Сурх бунёд кунанд. 

Мумиёикунӣ

10 марти соли 1924 олимон А.И. Абрикосов, В.П. Воробев, А. Дешин, Л. Вейсброд ва Н. Савелев барои муоинаи доҳӣ вориди марқад гардиданд. Ҳангоми муоина яке аз табибон ба шиками Ленин як килло намак чошид ва Савелев бошад бо ёрии шпритс ба дохили лабони доҳӣ равғани турунҷ ворид намуд. Мумиёикунонии навро профессорон В. Воробев ва А. Збарсикй анҷом доданд. Тани Ленинро аввал дохили ванна, ки бо маҳлули се фоизаи формалдегид пур карда шуда буд андохтанд ва мумиёикунонӣ оғоз гардид. Тамоми моҳи апрел Воробев маҳалҳои сиёҳшудаи пӯсти доҳиро дар рӯй ва танаш сафед кард. Сипас тани Ленинро дохили ваннаи бо спирти 20% пур карда шуда андохтанд. Баъди ин ба оби ванна глитсирин ҳамроҳ намуданд. Охирҳои апрел кор қариб ба охир расид ва акнун мебоист танро барои мондан дар ҳавои кушод омода кард. Ин кор то моҳи июл идома ёфт. Ҳар рӯз Иличи мумиёишударо чанд соат дар ҳавои кушод нигаҳ медоштанд. Чаҳор рӯз қабл аз анҷоми расмии корҳо, ба толори ёдбудӣ комиссияи махсус, ки аз коршиносони патологоанатом иборат ёфта буд, даъват карда шуд. Ин комиссия дар зарфи 4 рӯз бодиққат тани Ленинро таҳқиқ карданд ва ба хулосае омаданд, ки онро мешавад барои намоиши умумӣ қарор диҳанд. Баъди чанде марқадро "Мавзолей" номгузорӣ карданд. Мақбараи нави доҳӣ дар оғоз чубӣ буд ва соли 1930 онро аз санги хоро сохтанд. Мавзолеи Ленин дар қатори толори ёдбудӣ боз аз зали мошинӣ ва электронӣ иборат ёфтааст, ки ҳарорати якхелаи мақбара ва тозагии ҳавои онро таъмин мекунад. Солҳои тӯлонӣ ҳолати тани Ленинро Озмоишгоҳи сохторҳои биологӣ назорат мекунад. Кормандони Озмоишгоҳ  як бор дар 18 моҳ муоинаи пурраи тани доҳиро анҷом медиҳанд. Тани доҳиро ду ҳафта дар маҳлули махсус тар мекунанд ва сипас аз нав пӯшонида боз ба толори ёдбудӣ бармегардонанд. Мағзи сари доҳӣ бошад ҷудо аз тани ӯ дар сейфи махсуси Донишкадаи мағз нигаҳдорӣ мешавад. Ин Донишкада махсус барои омӯзиши мағзи сари доҳӣ бунёдгузорӣ шуд ва баъдан мағзи сари Сталин, Киров, Орҷоникидзе, Горкий ва як қатор нобиғаҳои дигари аввалин кишвари Шӯроҳо ба ин Донишкада барои омӯзиш фиристода шуданд. Ногуфта намонад, ки то кунун Ленинро дар Мавзолей зиёда аз 120 миллион одам зиёрат кардаанд. 

Ҳамсояи доҳӣ

Ногуфта намонад, ки доҳии болшевикон дар Мавзолей ҳамеша танҳо набуд. Бо амри тақдир Иосиф Сталин, ки дар вақташ яке аз пофишорони мумиёкунонии Ленин буд, баъди вафоташ чанд сол ҳамсояи Ленин гардид. Аммо Хрушев баъди Анҷумани ХХ-ум ба хотири хасми хусусие, ки нисбати Сталин дошт, ба фикри берун андохтани ӯ аз Мавзолей афтод. Фармонҳои роҳбарияти болоиро дар собиқ СССР ҳамеша зуд ба иҷро мерасониданд ва дар масъали берун кардани Сталин аз Мавзолей ҳам, кор барқосо пеш рафт. Қарори берун кардани Сталин аз Мавзолей 30 октябри соли 1961 дар Анҷумани навбатии ҲКИШ қабул гардид ва рӯзи баъд ин қарор ба иҷро расонида шуд. Хрушев нақшаро тавре кашид, ки бо ташабусси берун кардани Сталин, аз поён баромад карданд. Ин пешниҳодро коргарони шаҳри Киров ироъа доданд ва котиби "обкоми" Ленинград Иван Спиридонов онро дар Анҷуман матраҳ кард. Субҳи 31 октябри соли 1961 ин қарор дар рӯзномаи "Правда" дарҷ гардид ва бегоҳ амалиёти "ихроҷ" шурӯ шуд. Вақте торик шуд, Майдони сурхро аз ҳар тараф иҳота карданд. Иштирокчиёни амалиёт баҳонаи хубе ҳам доштанд. Кишвар дар арафаи 7 ноябр-бузургтарин ид қарор дошт ва дар Майдони Сурх барои парад тайёрӣ медиданд.                  Барои ихроҷи Сталин аз Мавзолей комиссиюни махсусе таъсис дода шуд, ки ба он роҳбари раёсати 9-уми КГБ, генерал Николай Захаров ва каменданти Кремл А. Веденин сарварӣ мекарданд. Мегуянд Хрушев Захаровро пеш аз қабули қарор тавассути Анҷуман аз қазия огоҳ карда буд ва генерал пешакӣ нақшаи амалиётро кашида буд. Сталинро пинҳонӣ дафн карданд. Муаррихин сабабҳои зиёдеро барои ин амалкард матраҳ кардаанд. Тибқи яке аз онҳо Хрушев аз баромади оммавии мардум ҳарос дошт. Мегӯянд соли 1953 ҳангоми гӯронидани Сталин, дар майдони Трубнии Маскав то ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Коммунистон аз такрори ин ҳаводис бим доштанд. Барои Сталин дар назди девори Кремл пешакӣ қабре кофтанд ва онро зери тахтаи фанерӣ пинҳон намуданд. Худи амалиёт  чанд соат тул кашид. Ҳангоми гузаронидани он дар назди Мавзолей ду ротаи автоматдорон мустақар буданд ва касеро наздикшудан намемонданд. Мегӯянд ҳангоми дафн тугмаҳои тиллоии сарулибоси маршалии Сталинро канда, ба ҷояшон тугмаҳои латунӣ часпонданд ва бо фармони шахсии Хрушев пагонҳои гинералисимусии Сталин ҳам бурида шуданд. Ҷасади Сталинро аз дари махфӣ берун оварданд. Албатта роҳи интиқол чандон тӯлонӣ набуд. Қабри нави Сталин 20 метр дуртар аз Мавзолей қарор дошт. Ҳамин тавр дар ҳузури аъзоёни комиссия ва чанд афсар ҷасади Сталин ба хок супорида шуд. Танҳо соли 1970 қабри доҳӣ мушаххас карда шуду ба болояш нимпайкарашро гузоштанд. Баъд аз гуронидани Сталин кормандони техникӣ дар муддати кӯтоҳ навиштаи Ленин-Сталинро тағйир доданду болои Мавзолей танҳо навиштаи Ленин боқӣ монд. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter