Ба андешаи Ҳ.Мирзоев, собиқадорони ҷанги Афғонистон дар солҳои парешонии миллат ҳамчун нерӯи қавӣ дар муқобили хасму разм истодагарӣ карда, аз манофеи миллӣ бо қимати ҷон дифоъ карда, дар маҷмуъ, теъдоде шаҳид ва зумраи дигар захмину маҷруҳ гардиданд. Имрӯз ҳам ин ҷавонмардони матинирода омодаанд,то ба ҳар нохалафу ношукре, ки мехоҳанд амнияти мардумро халалдор созанд, посухи сазовор диҳанд.
Имтиёзҳои маҳдуд ё парокандагӣ?
Аммо суоли рӯз ин аст, ки чаро имрӯз тақдиру қисмати сарбозони интернатсионалист теъдоде аз масъулинро ба андеша кардан водор наменамояд?! Соҳибимтиёзии сарбозони интернатсионалист ҳам то ҷое маҳдуд гардида, теъдоде аз масъулин ғаразҷуёна пешорӯи собиқадорону соҳибимтиёзҳо мушкилоти сунъӣ эҷод кардаанду мекунанд ва гаҳу ногаҳ масхарамомез киноя ҳам мезананд: “Мо шуморо ба ҷанги Афғонистон нафиристода будем”.
Ростӣ, ки шунидани чунин ҳарфу сухан аз атрофиёну муомилаву муносибати теъдоде аз масъулин, ҳамчун наштар бар ҷону тан мехалад. Аммо чӣ илоҷ, ки маҳз нотифоқию парокандагиамон ва “ҳаққи худро аз даҳони шер талаб накарданамон”, чунин шароитро бароямон фароҳам овардааст. Сабаби ин ҳама ҷудопароканиҳову аз мадди назар дур гаштанҳо, маҳз худи масъулини Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурианд, ки ҷуз худ каси дигарро намебинанд ва қисмату тақдири собиқадорони дар нимароҳ танҳомонда, заррае ҳам онҳоро ба ташвиш намеорад. Ва ин нуктаву гуфтаро аксар аз собиқ афсарони интернатсионалист- генерал-майори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, узви Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон” Аҳтамшо Саидшарипов, вакили Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода, Аслиддин Назарзода ва даҳҳо нафар аз маъюбони ҷанги Афғонистон зимни суханронӣ дар чорбинии Ташкилоти зикраш дар болорафта бахшида ба солгарди баровардани неруҳои Шуравӣ аз қаламрави Афғонистон баён дошта, аз ноуҳдабароии Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуданд ва оқибати ҳар гуна худхоҳию манфиатҷӯии масъулини Кумитаро фоҷеабор маънидод карданд. Воқеан ҳам ин гуфтаҳо воқеият доранд: Ҳамасола 15 феврал дар гулчанбаргузорӣ ба нимпайкараи сарбози интернатсионалист, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ А.Мироненко ва поси хотири дигар аз шаҳидони гулгункафан, на ҳама собиқадорон дар як вақту соати муайян гирди ҳам меоянд. Борҳо мушоҳида кардаем, ки қисмате субҳи барвақт, аммо теъдоди дигар нисфирӯзӣ гирди ҳам омада, чорабиниашонро ба тарзу гунаи худ доир меоянд. Бо як сухан як бому ду ҳаво эҷод гаштааст. Чунин амалкард аз парокандагиву эътимод надоштани сарбозони интернатсионалист нисбат ба ҳамдигар гувоҳӣ медиҳад. Афсӯс, ки ниҳоди ҳамоҳангсозе, пешоҳанги дилсӯзу баҳамовардандае арзи ҳастӣ надорад, ки ҳамаро ба ҳам муттаҳид кунад.
Чаро мо муттаҳид нестем?!
Воқеан ҳам, чаро Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ наметавонад ҳамчун Шӯрои ҳамоҳангсоз бо тамоми ташкилотҳои ветеранӣ ҳамдасту ҳамоҳанг гардад, дар ҳоле, ки ҳамагон чунин даъвати муттаҳидкунандаро аз ин Кумита интизоранд?! 30 сол аст, ки собиқ сарбозони интернатсионалистро ин суол азият медиҳад: Чаро мо муттаҳид нестем?! Бигузор посухи ин суолро масъулини Кумитаи мазкур дар ҷамъи собиқадорони ҷанги Афғон гӯянд ва ҳалли мушкилотро дар маслиҳату машварат ҷӯё гарданд!
Ҷамъомадагони чорабинии тантанавии Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон" бидуни эҳсосот ва сангандозӣ ба ҷониби дигар, дар маҷмуъ ҳама иброз доштанд, ки мақсад аз ин ҳама дарди дил карданҳо, танҳо эҷоди иттиҳоду ҳамбастагӣ асту бас. Яқин аст, ки агар иттиҳоду ҳамбастагӣ миёни собиқадорони ҷанг набошад, он гаҳ “Пароканда лашкар наояд ба кор!” Имрӯз ҳар собиқ сарбози интернатсионалист, новобаста аз он, ки узви кадом ҷамъияту ташкилот аст, қотеъона талаб доранд, то иттиҳоду ҳамбастагиву ҳамдастӣ миёни онҳо бояд барқарору устувор гардад ва ин корро ба ҳар шеваю қимате - “Ё ба зурӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар” мебояд амалӣ кард, в-агарна ҳар роҳгузару бадхоҳу тангназаре суямон сангу кулух партоб хоҳанд карду дар танҳоӣ ба мақсад нахоҳем расид.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон” Ҳ.Мирзоев аз ҳар гуна иқдомгузориҳои ташкилотҳои ветаранӣ ҷонибдорӣ карда, ба такрор изҳор дошт, ки новобаста аз он, ки сарбозони интернатсионалист чӣ иқдому кореро ба анҷом мерасонанд, ҳамагонро лозим аст, то бо ҳам муттаҳид бошем, зеро мо мактаби бузурги инсонсозу ҳаётро аз сар гузаронида хуб медонем, ки ҷудоиву нифоқандозӣ миллату кишварро ба чӣ ҳол оварда мерасонад. Мо бояд намунаи дигарон бошем, ҳамчун фарзандони содиқи ин Ватан таҷрибаи азхудкардаамонро дар зиндагӣ татбиқ намоем, аз ҳар порахоки ин диёр бо қимати ҷон дифоъ кунем.
Воқеан ҳам, ваҳдату ягонагиву баробарию бародарӣ аз сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва тавре вакили мардумӣ Зуфар Исмоилзода иброз дошт, ҷиҳати таҳкиму побарҷойии ВАҲДАТУ МУТТАҲИДӢ моро лозим аст, то аз ҳар гуна манфиатҷӯиву худхоҳию ҷудоиандозӣ лаҳзае ҳам бошад худро канор гирифта, атрофи Президенти мамлакат сарҷамъ оем. Бале, дар чунин вазъияте, ки бадхоҳони миллат мехоҳанд дар либосу ниқоби “ихвонӣ”-ву “ансорӣ”-ву “наҳзатӣ” чун вабои аср ҷомеаро сироят кунанд, мо бояд мушти мустаҳкаме гардем бар сари иғвоҷуёну бадкорони миллат.
Ин аст мақсаду маром ва орзуву омоли собиқ сарбозони интернатсионалист, ки ба хотири баҳамоию иттиҳоду ҳамбастагӣ бо тамоми нерӯ садо баланд доранд, ки онҳо хоҳони ваҳдату ҳамдилию ҳамбастагии собиқадорони ҷанганд ва шояд фарёди онҳоро фарёдрасе шунавад. Ва шояд вақти он расида бошад, ки ба ҷойи ҳар гуна суханпардозиҳову “баробарнамоиҳои сарбозони ҷанги Афғон бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, соҳибимтиёзии собиқадорони ҷанги Афғон асоси ҳуқуқӣ ба худ касб кунад?! Дунё ба умед!
А.Салимов, М.Идизода, собиқ афсарони интернатсионалист,
махсус барои СССР
Дар ҳамин маврид:
Дар арафаи ин санаи таърихӣ Алӣ Шарифов, ҷанговар-интернатсионалист ба аҳли эҷоди Газетаи мардумии СССР пайваст ва ба ҳайси мухбири мардумии редаксия дар шаҳру навоҳири минтақаи Кӯлоб пазируфта шуд. Шаҳодатномаи журналистиро ба акаи Алиҷон Сайёфи Мизроб, сардабири газета дар ҳузури кулли кормандони идора ботантанаи хос супорид.